Маҷаллаи Сафо
Чеҳра
Маслиҳати муфид
Номаҳо
ОМОДАСОЗИИ МУТАХАССИСОНИ СОҲАИ ТАНДУРУСТӢ ДАР КОЛЛЕҶИ ТИББИИ ШАҲРИ БОХТАР
Директори Муассисаи давлатии таълимии «Коллеҷи тиббии шаҳри Бохтар», номзади илмҳои тиб Одилзода Исмоил, зимни нишасти матбуотӣ иттилоъ дод, ки айни замон дар муассиса дар 261 гурӯҳи таълимӣ ҳамагӣ 4174 нафар донишҷӯ таҳсил менамоянд. Аз шумораи умумӣ 3841 нафар дар гурӯҳҳои шартномавӣ ва 333 нафар дар гурӯҳҳои буҷетӣ ба таҳсил фаро гирифта шудаанд. Теъдоди донишҷӯёни писар 893 нафар ва духтарон 3281 нафарро ташкил медиҳад.
Инчунин иттилоъ дода шуд, ки дар коллеҷ 13 нафар ятими кулл, 176 нафар нимятим ва 18 нафар шахсони дорои маъюбият таҳсил менамоянд.
Тибқи «Қоидаҳои қабули донишҷӯён ба муассисаҳои таҳсилоти миёнаи касбии Ҷумҳурии Тоҷикистон барои соли таҳсили 2025–2026», ба Коллеҷи тиббии шаҳри Бохтар хатмкунандагони муассисаҳои таҳсилоти миёнаи умумӣ ва умумии асосӣ, инчунин шаҳрвандони хориҷӣ тибқи созишномаҳои байнидавлатӣ ва шахсони бетабаа қабул карда мешаванд.
Қабули донишҷӯён ба гурӯҳҳои буҷетӣ танҳо барои шаҳрвандони Ҷумҳурии Тоҷикистон пешбинӣ гардида, дар гурӯҳҳои шартномавӣ шаҳрвандони Ҷумҳурии Тоҷикистон ва шаҳрвандони хориҷие, ки ҳуҷҷатҳои таҳсилоти онҳо баробарэътироф шудаанд, ҳуқуқи таҳсил доранд.
Қабули довталабон дар шакли таҳсили рӯзона барои шахсони то 30-сола ва дар шакли таҳсили шабона бидуни маҳдудияти синну сол анҷом дода мешавад. Таҳсил дар коллеҷ бо забонҳои тоҷикӣ ва русӣ ба роҳ монда шудааст.
М. Маҳмадалиев «САФО»
Добавить комментарий
Ахбор
ЁВОН. МУМФАРШКУНИИ 3 КИЛОМЕТР РОҲИ МАҲАЛЛӢ ОҒОЗ ГАРДИД 15:48АҲЛИДДИН ШАРИФЗОДА: ХИЗМАТ БА МАРДУМ — РИСОЛАТИ МУҚАДДАС 15:20ДАР ХАТЛОН ИҶРОИ НАҚШАИ ДАЪВАТИ ТИРАМОҲӢ, ДУРНАМОИ ПАХТА ВА ОМОДАГӢ БА ЗИМИСТОН БАРРАСӢ ГАРДИД 15:16ЗАБОН- НЕЪМАТИ БЕБАҲОИ МИЛЛАТ 13:19Тоҷикистон аз нигоҳи 35 шаҳрванди хориҷӣ 13:14Тоҷикистон аз нигоҳи 35 шаҳрванди хориҷӣ 13:11ВАТАН ДАР ҶОН 13:07РӮЗИ ЗАБОН МУБОРАК БОД! 13:03
Серхонандаҳо
ДАЪВАТИ ТИРАМОҲӢ БА САФҲОИ ҚУВВАҲОИ МУСАЛЛАҲ ДАР ВИЛОЯТИ ХАТЛОН ДАР РӮЗИ АВВАЛ 76 ФОИЗ ИҶРО ШУД
ОЗМУНИ “РӮДАКИХОНӢ” БАРГУЗОР ГАРДИД
Қасри фарҳанги ноҳияи Ҷайҳун пурра таъмиру навсозӣ гардид
Хатлон. Дастоварди варзишгарон шоёни таҳсин аст
Дар Бохтар нақшаи ҷамъоварии ҳосили пахта иҷро шуд
Дилрабои Ҳотамшо мураббии соли Тоҷикистон шуд
“Хушдомани беҳтарин” муайян гардид
ТАҚДИМИ ТАҶҲИЗОТИ НАВ БАРОИ САНҶИШИ СИФАТИ ОБИ НӮШОКӢ
ХАТЛОН. 271 ИНШООТИ СОҲАИ МАОРИФ СОХТА МЕШАВАД
СУРУДИ МИЛЛӢ КАЙ САДО ДОД?



