Бойгонӣ
Февраль 2026 (24)
Январь 2026 (22)
Декабрь 2025 (17)
Ноябрь 2025 (25)
Октябрь 2025 (20)
Сентябрь 2025 (21)

ПАЁМИ ПРЕЗИДЕНТ – РОҲНАМОИ РУШДИ БОСУБОТИ КИШВАР

Ҳамасола Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ба Маҷлиси Олии кишвар ироа мегардад, ки он тамоми нишондиҳандаҳои макроиқтисодӣ, самтҳои асосии сиёсати дохилӣ ва хориҷии мамлакатро фаро мегирад. Паёми навбатӣ, ки санаи 16 декабри соли 2025 ироа шуд, тамоми масъалаҳои муҳими сиёсӣ, фарҳангӣ, иқтисодӣ ва иҷтимоии кишварро дар бар дошт.
Сарвари давлат соли 2025-ро ҳамчун соли таърихӣ барои мардуми шарифи Тоҷикистон ва давлати соҳибистиқлоли тоҷикон бо дастовардҳои назаррасу рӯйдодҳои муҳими сиёсиву иқтисодӣ арзёбӣ намуданд. Ҷумҳурии Тоҷикистон пас аз қабули Стратегияи миллии рушд то соли 2030, татбиқи барномаҳои миёнамуҳлати рушди кишварро идома дода, барои расидан ба ҳадафҳои стратегии худ талоши пайваста дорад.
Паёми имсолаи Пешвои миллат барои тамоми мардуми кишвар руҳбахш ва умедбахш буд. Дар он таъкид гардид, ки тавассути татбиқи нақшаву барномаҳои мушаххаси иқтисодӣ, Тоҷикистон тавонист як қатор мушкилоти муҳимро паси сар кунад. Заминаи асосии ин пешрафт ислоҳоти марҳилавии иқтисоди миллӣ мебошад, ки ба рушди устувори иқтисодиву иҷтимоӣ мусоидат кардааст. Маҳз оқилона ва ҳадафмандона роҳандозӣ шудани ин ислоҳот боис гардид, ки ҳаҷми маҷмуи маҳсулоти дохилӣ 3,4 баробар зиёд гардида, рушди иқтисодӣ солона ба ҳисоби миёна 7,6 фоизро ташкил дод. Барои таъмин намудани рушди иҷтимоиву иқтисодии мамлакат дар ин муддат аз ҳисоби ҳамаи сарчашмаҳои маблағгузорӣ беш аз 670 миллиард сомонӣ, аз ҷумла 159 миллиард сомонӣ сармояи хориҷӣ равона гардид.
Омодагии ҷиддӣ ва тадбирҳои саривақтӣ имкон доданд, ки на танҳо суботи иқтисодӣ ҳифз гардад, балки заминаи устувори рушди минбаъдаи он низ фароҳам оварда шавад. Ин пешравиҳо аз ҷониби коршиносони байналмилалӣ ва ниҳоду созмонҳои бонуфузи ҷаҳонӣ низ ба таври расмӣ эътироф гардидаанд. Дар Паёми навбатӣ ин дастовард бо далелҳои мушаххас зикр шуд. Аз ҷумла, таъкид гардид, ки дар давраи зикршуда маҷмуи маҳсулоти дохилӣ ба ҳар сари аҳолӣ 2,7 баробар афзоиш ёфта, аз 6 ҳазор сомонии соли 2015 ба 16,4 ҳазор сомонӣ дар соли 2025 расидааст.
Мусалам аст, ки баланд бардоштани сатҳу сифати зиндагии мардум ва таъмини некӯаҳволии аҳолӣ аз ҳадафҳои асосии сиёсати иҷтимоии кишвар маҳсуб меёбад. Даромади пулии аҳолӣ, ҳамчун яке аз омилҳои муҳими рушди устувори иқтисодӣ, таъсири бевосита ба коҳиши сатҳи камбизоатӣ ва беҳтар шудани шароити рӯзгори мардум дорад. Маҳз афзоиши даромадҳои пулии шаҳрвандон замина фароҳам меорад, ки сатҳи зиндагӣ рӯ ба беҳбудӣ ниҳода, нишондиҳандаҳои некӯаҳволии умумии ҷомеа марҳила ба марҳила боло раванд.
Таҳлилҳои Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар Паёми навбатӣ нишон медиҳанд, ки ислоҳот ва татбиқи пайгиронаи барномаҳои стратегӣ ба натиҷаҳои назаррас овардаанд. Тавре таъкид гардид, рушди иқтисоди миллӣ дар солҳои охир бо суръати устувор ба роҳ монда шуда, нишондиҳандаҳо дар бахшҳои калидӣ рӯ ба афзоиш доранд: “Дар ин давра рушди иқтисодӣ ҳар сол ба ҳисоби миёна 8,7 фоиз, аз ҷумла истеҳсоли маҳсулот дар соҳаҳои саноат 20 фоиз, кишоварзӣ 8,4 ва ҳаҷми хизматрасониҳои пулакӣ 11,7 фоиз афзоиш меёбад”. Ин рақамҳо далели возеҳи сиёсати иқтисодии дурбинона ва созандаи давлату Ҳукумати кишвар мебошанд.
Афзудани сатҳи даромаднокии аҳолӣ яке аз омилҳои барҳам задани сатҳи камбизоатӣ дар кишвар мебошад. Барои ҳар як фард маълум аст, ки нишондиҳандаҳои иқтисодӣ давра ба давра торафт рушд мекунанд. Ҳамин аст, ки сатҳи камбизоатӣ тадриҷан коҳиш меёбад ва тавре дар Паём зикр шуд, “сатҳи камбизоатӣ то 19 фоиз коҳиш ёфт. Даромади пулии аҳолӣ аз 26 миллиард сомонии соли 2015 то 165 миллиард сомонӣ дар соли 2025, яъне беш аз шаш баробар афзоиш ёфт”, ки дар аввали даврони соҳибистиқлолӣ сатҳи камбизоатӣ беш аз 80%-ро ташкил медод.
Маврид ба зикр аст, ки масъалаҳои иқтисодӣ дар Паёми имсола хеле мушаххас буда, нишондиҳандаҳо ва пешрафтҳо дар доираи факту рақамҳо ба таври равшан нишон дода шудаанд. Яке аз омилҳои асосии коҳиш ёфтани сатҳи камбизоатӣ таъсиси ҷойҳои кории нав мебошад. Маълум аст, ки бо ифтихори ҷашнҳои бузурги миллӣ ва бунёди коргоҳҳои нави истеҳсолӣ даҳҳо ҳазор ҷойҳои корӣ ба вуҷуд омаданд. Ин ҳолат тавонист муҳоҷирати кориро низ коҳиш диҳад. Тавре дар Паём таъкид шуд: “Ба мақсади ноил гардидан ба яке аз ҳадафҳои стратегии миллӣ – саноатикунонии босуръати кишвар дар давраи татбиқи он (солҳои 2019 – 2025), яъне дар 7 соли охир беш аз 2600 корхонаи саноатӣ бо ташкили зиёда аз 87 ҳазор ҷойи корӣ сохта, ба истифода дода шудааст”.
Ин ҳама ғамхориҳои давлату Ҳукумат баҳри таъмини зиндагии осоиштаи ҷомеа буда, сол аз сол сатҳи зиндагии аҳолӣ боло рафта, нишондиҳандаи сатҳи камбизоатӣ коҳиш меёбад.
Аз ин ҷо хулоса кардан мумкин аст, ки нақши Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар раванди таъмини рушди низоми дастгирии бахшҳои калидӣ дар кишвар бениҳоят муҳиму таърихист. Маҳз сиёсати хирадмандона ва фаъолияти пурсамари Пешвои миллат имкон медиҳад, ки дар оянда низ сулҳу субот, амнияти ҷомеа, рушди иқтисодӣ ва пешравии бахшҳои мухталиф таъмин гардад. Мо, ҷавонон, соҳибкорон, зиёиёни кишвар ва дар маҷмуъ тамоми аҳолии ҷумҳурӣ бояд аз як гиребон сар бароварда, Ватанамонро обод созем ва дар арсаи байналмилалӣ парчамбардору муаррифигари кишвари маҳбубамон бошем.
Наимзода Бекмурод, дотсент, мудири кафедраи
менеҷмент ва ташкили сайёҳии ДДБ ба номи Носири Хусрав
Похожие новости:
Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон «Дар бораи самтҳои асосии сиёсати дохилӣ ва хориҷии ҷумҳурӣ» Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон «Дар бораи самтҳои асосии сиёсати дохилӣ ва хориҷии ҷумҳурӣ» АСОСӢ / Ахбор / Саноат ва кишоварзӣ / Сиёсат / Ҳуқуқ ва амният / Рушди деҳот, сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ / Ҷамъият / Фарҳанг / Варзиш / Ҷавонон / Маориф / Иҷтимоъ / Мақомот / Иқтисод / Сохтмон ва меъморӣ АМРИ ПРЕЗИДЕНТИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН АМРИ ПРЕЗИДЕНТИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН АСОСӢ / Ахбор / Ҷамъият / Фарҳанг / Ҷавонон / Иҷтимоъ / Мақомот Суханронии Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон дар мулоқот бо роҳбарон ва фаъолони вилояти Хатлон 24.02.2022, шаҳри Бохтар Суханронии Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон дар мулоқот бо роҳбарон ва фаъолони вилояти Хатлон 24.02.2022, шаҳри Бохтар АСОСӢ / Ахбор / Саноат ва кишоварзӣ / Ҳуқуқ ва амният / Рушди деҳот, сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ / Маориф / Мақомот / Сохтмон ва меъморӣ Сафари кории Пешвои миллат ба вилояти Хатлон Сафари кории Пешвои миллат ба вилояти Хатлон АСОСӢ / Ахбор / Саноат ва кишоварзӣ / Сиёсат / Ҳуқуқ ва амният / Рушди деҳот, сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ / Мақомот / Иқтисод / Сохтмон ва меъморӣ ПАЁМИ ПРЕЗИДЕНТИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН, ПЕШВОИ МИЛЛАТ, МУҲТАРАМ ЭМОМАЛӢ РАҲМОН БА МАҶЛИСИ ОЛӢ ПАЁМИ ПРЕЗИДЕНТИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН, ПЕШВОИ МИЛЛАТ, МУҲТАРАМ ЭМОМАЛӢ РАҲМОН БА МАҶЛИСИ ОЛӢ АСОСӢ / Сиёсат / Мақомот
Добавить комментарий
Маҷаллаи №6-2019