Маҷаллаи Сафо
Чеҳра
Маслиҳати муфид
Номаҳо
СЕМИНАРИ ОМӮЗИШӢ БО ҒОЛИБОНИ ОЗМУН
Бо ташаббуси Раёсати маорифи вилояти Хатлон барои ғолибони даври вилоятии озмуни ҷумҳуриявии “Фурӯғи субҳи доноӣ китоб аст” семинари омӯзишӣ баргузор карда шуд.
Тавре аз Раёсати маорифи вилояти Хатлон ба “Сафо” иттилоъ доданд, ин семинари омӯзишӣ бо иштироки 54 нафар ғолибони даври вилоятӣ сурат гирифта, мақсади он мусоидат ба омодагии довталабон барои иштироки шоиста дар даври ҷумҳуриявӣ ба ҳисоб меравад.
Иттилоъ дода шуд, ки дар даври вилоятии озмуни болозикр 90 нафар довталабон ба даври ҷумҳуриявӣ роҳхат гирифта, аз ин шумора 54 нафарашон хонандагони муассисаҳои таълимӣ мебошанд.

Дар ин семинари омӯзишӣ бо ҳар як ғолиби даври вилоятӣ суҳбати инфиродӣ гузаронида шуда, аз сатҳи омодагӣ ва шароити омӯзиши ӯ дар хона пурсида шуд.
Ҳамзамон ба мудирони бахшу шуъбаҳои маориф, директорони мактабҳо, китобдорон ва падару модарон дастур дода шуд, ки бо истифода аз тамоми имкониятҳо ба довталабон кӯмак расонанд.

Маврид ба зикр аст, ки ҳамасола шумораи ғолибони даври ҷумҳуриявӣ аз ҳисоби хонандагон ва омӯзгорони вилояти Хатлон афзоиш ёфта, иштирокчиён аз вилояти Хатлон чанди маротиба соҳиби Шоҳҷоизаи озмун гаштаанд.
Дар фарҷом ин семинар ба ғолибони солҳои қаблӣ, ки имсол шогирдонашон ба даври ҷумҳуриявӣ роҳхат гирифтанд, “Сипоснома”-и сардори Раёсати маорифи вилояти Хатлон тақдим карда шуд.
С. СУЛТОНОВ
Добавить комментарий
Ахбор
БОЗДИДИ РАИСИ ВИЛОЯТИ ХАТЛОН АЗ РАФТИ СОХТМОНИ БИНОИ НАВИ ТАЪЛИМӢ ДАР ШАҲРИ ЛЕВАКАНТ 13:44МУЖДА: ШАҲРИ ЛЕВАКАНТ ДУРНАМОИ ҶАМЪОВАРИИ ҲОСИЛИ ПАХТАРО 100 ФОИЗ ИҶРО КАРД 13:40ҶАЙҲУН. ҲОСИЛИ САБЗӢ ФАРОВОН АСТ 12:16ШИНОСОИИ РАИСИ ВИЛОЯТ АЗ МАКОНИ БУНЁДИ НИШОНИ ДАВЛАТӢ ДАР НОҲИЯИ АБДУРАҲМОНИ ҶОМӢ 16:34ДАР НОҲИЯИ АБДУРАҲМОНИ ҶОМӢ БИНОИ ИЛОВАГИИ ТАЪЛИМӢ БАРОИ 200 ХОНАНДА БА ИСТИФОДА ДОДА ШУД 15:30БОЗДИД АЗ РАВАНДИ МУМФАРШКУНИИ РОҲИ МОШИНГАРДИ ДЕҲАИ КӮШОНОБОДИ НОҲИЯИ АБДУРАҲМОНИ ҶОМӢ 14:26ИШТИРОКИ РАИСИ ВИЛОЯТ ДАР МАЪРАКАИ ПАХТАЧИНӢ ВА СУҲБАТ БО РАИСОНИ ҶАМОАТҲО ДАР НОҲИЯИ АБДУРАҲМОНИ ҶОМӢ 12:21РАИСИ ВИЛОЯТ БО РАИСОНИ ШАҲРУ НОҲИЯҲО ҶАЛАСАИ КОРИИ МАҶОЗӢ БАРГУЗОР НАМУДАНД 12:11
Серхонандаҳо
ДАЪВАТИ ТИРАМОҲӢ БА САФҲОИ ҚУВВАҲОИ МУСАЛЛАҲ ДАР ВИЛОЯТИ ХАТЛОН ДАР РӮЗИ АВВАЛ 76 ФОИЗ ИҶРО ШУД
ДАВЛАТАЛӢ САИД БО САФИРИ БЕЛАРУС МАСЪАЛАҲОИ ГУСТАРИШИ ҲАМКОРИҲОИ ТИҶОРАТИЮ ИҚТИСОДӢ ВА КИШОВАРЗИРО БАРРАСӢ КАРДАНД
Дилрабои Ҳотамшо мураббии соли Тоҷикистон шуд
ФОРУМИ БАЙНАЛМИЛАЛИИ САРМОЯГУЗОРИИ «ХАТЛОН ИНВЕСТ – 2026» ДАР ШАҲРИ БОХТАР БАРГУЗОР МЕГАРДАД
ЭМОМАЛӢ РАҲМОН
ЁВОН. МУМФАРШКУНИИ 3 КИЛОМЕТР РОҲИ МАҲАЛЛӢ ОҒОЗ ГАРДИД
Гулҳои Гулсара
5 МАҲСУЛОТИ НОДИР БАРОИ САЛОМАТӢ
ЗАБОН- НЕЪМАТИ БЕБАҲОИ МИЛЛАТ
ПАНДИ МОДАР



