Маҷаллаи Сафо
Маслиҳати муфид
Номаҳо
ОРЗУИ КӮДАКӢ
Чун вориди ҳавлии бинои муассисаи Кумаки аввалияи тиббӣ - санитарии ноҳияи Дӯстӣ гардидем, мушоҳида намудем, ки духтурону ҳамшираҳо бо масъулияти хос пайи хизматрасонии беморону корафтодагон дар талошанд.
Миёни онҳо ҷавонзани кушодачеҳраи дар тан хилъати сафеддошта таваҷҷуҳи моро ба худ ҷалб намуд. Ӯ бо муоширати воло, суханони нарму ширин бо ду-се нафар корафтодагон маслиҳату тавсия медод. Чун мо ба утоқи роҳбари муассисаи КАТС-и ноҳия, духтури ҷавони ботаҷриба Саидзода Аюбӣ даромада, мақсади худро баён намудем, ӯ ба ҳуҷрааш ҳамшираи тиббии муассиса Шаҳзода Муродоваро даъват намуда, гуфт, ки яке аз беҳтарин кормандон ва ҳамшираҳои фаъолу ботаҷрибаи мо Шаҳзода Муродова мебошад.
Орзуи табиб шудан ҳанӯз аз овони хурдӣ дар дили Шаҳзода Муродова маъво гирифтааст. Хоҳарбузургаш Латофат баъди хатми коллеҷи тиббӣ дар шуъбаи занонаи беморхонаи марказии ноҳия ба ҳайси ҳамшираи шафқат фаъолият мекард. Гоҳ-гоҳ фориғ аз кори хона ба ҷойи кори апааш мерафт. Ӯро дар хилъати сафед дида, орзу мекард, ки духтур шуда, ба дарди мардум бирасад. Ин орзуи Шаҳзодаи наврас ҷомаи амал пӯшид. Баъди хатми муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии зодгоҳаш ба филиали коллеҷи тиббии шаҳри Бохтар дар ноҳияи Дӯстӣ дохил шуда, онро бомуваффақият хатм намуд. Инак 15 сол боз дар муассисаи КАТС-и ноҳияи Дӯстӣ ҳамчун ҳамшираи тиббӣ сарбаландона фаъолият дорад.
Аслан сабаби ин касби пуршарафро интихоб карданаш аз як тараф апааш Латофат бошад, паҳлуи дигари он ба модараш рабт дорад. Зеро модараш ҳам зуд-зуд бемор мешуду ба хизмати табибон эҳтиёҷ пайдо менамуд.
Сарнавишти Шаҳзода ва оилаи онҳо риқатовару пандомез аст. Ӯ панҷмоҳа буд, ки падараш аз дунё гузашт. Модари танҳо 5 нафар фарзандони ятимашро (чор духтару як писар) бо ранҷу мушкилоти сангин тарбия карда, ба воя расонид. Ҳамаашонро хононда соҳибмаълумот намуд. Дар китобхонаи марказии ноҳия кор мекарду дар вақтҳои холигӣ бо маҳсули дасти пурҳунараш барои фарзандонаш ризқу рӯзӣ пайдо менамуд.
Ана ҳамин хислатҳои ҳамида, виҷдони пок, боиффатӣ ва меҳнатдӯстии модарро фарзандон ҳамчун идеал қабул карданд. Шаҳзода ҳам ҳамаи меҳрубониҳо, ғамхориҳою хизматҳои модарашро омили хушбахтиҳои худ дар кору зиндагӣ медонад.
Шаҳзода аз зумраи он ҳамшираҳои шафқатест, ки ба қавле дасти сабук дорад ва беморон аз хизматрасониаш миннатдор мебошанд. Ана ҳамин фаъолияту муносибати меҳрубонона, ғамхорӣ, дониши баланди касбӣ ва хислатҳои наҷиби инсониаш ӯро байни мардум соҳибэҳтирому обрӯманд намудааст. Ӯ мақсад ва рисолати асосии худро дар расонидани ёрию кумак ва беҳ гардонидани саломатии мардум медонад.
Шаҳзода Муродова ҳамчун ҳамшираи шафқати фаъолу ботаҷриба доимо дар пайи баланд бардоштани дониши касбӣ, худомӯзӣ ва такмили ихтисос мебошад. Аз фаъолияти табибони ботаҷриба баҳра мегирад. Чандин маротиба дар семинару курсҳои бозомӯзӣ ва конфронсҳои ҷумҳуриявӣ дар шаҳрҳои Бохтару Душанбе ва Хуҷанд иштирок намудааст.
Роҳбари муассисаи КАТС-и ноҳия Саидзода Аюбӣ аснои суҳбат бо мо изҳор дошт, ки Шаҳзода Муродова дар байни кормандони муассиса яке аз беҳтарин, фаъолтарин ҳамшираи тиббӣ ба шумор меравад. Дар иҷрои рисолати касбӣ бисёр ҷиддӣ ва масъулиятшинос аст.
Вақте мо бо ифтихорномаю сипосномаҳо ва дигар мукофотҳои ӯ, ки барои меҳнати шоистаю шоёнаш қадрдонӣ гардидааст, шинос шудем, ба гуфтаҳои боло боз ҳам бештар эътимод ва боварӣ кардем.
Вақте ки мо тайи 2-3 соате, ки дар ин даргоҳи шифобахшандагон қарор доштем, муоширати баланду воло ва фазилатҳои некро дар симои ин бонуи дармонбахши мардум дарёфтем. Ягон нафар бемор ё корафтода аз назди ӯ ноумед намерафт.
А. Бобозода, ноҳияи Дӯстӣ
Добавить комментарий
Ахбор
БОНУИ МАТИНИРОДА 13:39НАФАҚА – КАФОЛАТИ ИҶТИМОИИ ДАВЛАТ БА ШАҲРВАНДОН 13:32БОХТАР. БОЗСОЗИИ МАҶМААИ “ВАҲДАТ” ОҒОЗ ШУД 14:02АЗ ҚАЪРИ ГИЛИ СИЯҲ ТО АВҶИ ЗУҲАЛ 13:58РАИСИ ВИЛОЯТИ ХАТЛОН БО РАИСИ ШӮРОИ ДИРЕКТОРОНИ ШИРКАТИ SHAANXI APPLE GROUP CO., LTD. МАСЪАЛАҲОИ РУШДИ ҲАМКОРИҲОИ САРМОЯГУЗОРӢ ВА БОҒДОРИРО БАРРАСӢ КАРДАНД 16:52ЭҲЁИ АДОЛАТИ ТАЪРИХӢ 12:56ДАР ВИЛОЯТИ ХАТЛОН НАТИҶАҲОИ РУШДИ ИҶТИМОИЮ ИҚТИСОДИИ НИМСОЛАИ АВВАЛИ СОЛИ 2026 ҶАМЪБАСТ ГАРДИДАНД 15:47Ҳамоиш таҳти унвони "Ин ҷаҳонро нигар бо чашми хирад" 12:36
Серхонандаҳо
Паёми шодбошии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба муносибати қабули қатъномаи Созмони Милали Муттаҳид таҳти унвони «Даҳсолаи байналмилалӣ оид ба таҳкими сулҳ барои наслҳои оянда, солҳои 2027 – 2036»
ЁВОН. МАРКАЗИ САЛОМАТИИ НАВУ ЗАМОНАВӢ БУНЁД МЕШАВАД
НОРАК. 194 ИНШООТИ ТАЪИНОТИ ГУНОГУН БУНЁД ШУД
БОХТАР. ТАРАБХОНАИ “KFC” БА ФАЪОЛИЯТ ОҒОЗ НАМУД
БОХТАР. ФУТБОЛИ ЗАНОНА ДАР МЕҲВАРИ ТАВАҶҶУҲ
РОҲИ АВТОМОБИЛГАРДИ ЁВОН-ВАҲДАТ-НОРАК БОЗСОЗӢ КАРДА МЕШАВАД
БОХТАР. БОЗСОЗИИ МАҶМААИ “ВАҲДАТ” ОҒОЗ ШУД
ЯК СИМОЮ ЯК САДО, АММО ДУ САРНАВИШТ
ДАҲСОЛАИ СУЛҲ: ЭЪТИРОФИ ҶАҲОНИИ ТАШАББУСИ ТОҶИКИСТОН
АЗ УМЕД ТО ХАТАР



