Бойгонӣ
Август 2025 (33)
Июль 2025 (57)
Июнь 2025 (61)
Май 2025 (74)
Апрель 2025 (36)
Март 2025 (31)

Фидокор

Вақте ки бо зани меҳнатқарину қавиирода, яке аз шахсиятҳои обрӯманди ноҳияи Носири Хусрав Раҷабгул Сафармуродова вохӯрдаву суҳбат намудам ва аз рӯзгору фаъолияти корию корнамоиҳояш бохабар гардидам, филми бадеии “Муҳаббати дарднок” (“Любовь с болью”) – и истеҳсоли “Ӯзбекфилм” беихтиёр пеши назарам омад.
Дар ин филми ҳунарӣ як механизаторзани миёнасол поси шаб аз кори саҳро баргашта, ба хонааш меояд. Тракторро дар ҳавлӣ монда, ба хона медарояд ва мебинад, ки дӯстрӯяконаш ҳама масти хобанд. Чун рӯзона вақт намеёфт, шабона либосҳои кӯдаконашро шуста, баъд хоб мекунад. Субҳи барвақт аз хоб хеста, говҳояшро меҷӯшад, барои кӯдаконаш субҳона тайёр мекунад. Чун мебинад, ки онҳо дар хоби нозанд, тракторашро савор шуда, ба кори саҳро меравад...
Холаи Раҷабгул ҳам тасдиқ намуд, ки дар он замон (солҳои 50-70-уми асри гузашта) корҳои саҳро мушкил буд, алалхусус барои занон. Оре, ӯ тавассути меҳнати ҳалол, корнамоию фидокориҳояш соҳиби нону номи баланд гардидааст. Воқеан ҳам садоқат ба замин ва касби ҳалол ба кас баракату хушбахтӣ меорад.
Раҷабгул Сафармуродова аслан туркмантабор аст ва зодаи ноҳияи Қубодиёни бостонӣ мебошад. Падару бобояш деҳқонони асилу ботаҷриба буданд. Аз падараш меҳнатдӯстию муҳаббат ба заминро мерос гирифт.
Аз даврони наврасӣ дар паҳлуи падар, ки механизатори номдор буд, истода, ба ӯ ёрӣ мерасонид. Бо зеҳни қавию қобилияти баланд рондани трактор ва таъмири баъзе аз техникаҳои кишоварзиро аз худ намуд. Баъзан вақтҳое мешуд, ки ба ҷойи падараш трактор меронд. Ана ҳамин шавқу рағбат ӯро ба даргоҳи омӯзишгоҳи касбӣ-техникии рақами 23-и ноҳияи Шаҳритус овард.
Солҳои 1969-1970 омӯзишгоҳро бомуваффақият хатм намуда, тамоми сирру асрор ва нозукиҳои касби механизаториро аз худ намуд.
Ҳамроҳи шавҳараш Ҳасанбой Навбатов тули 8 сол дар хоҷагии собиқ “50- солагии СССР” ҳамчун механизатор сарбаландона фаъолият намуданд. Раҷабгул Сафамуродова бо “киштии кабудаш” ҳар сол 200- 220 тонна “тиллои сафед” ҷамъоварӣ менамуд.
Баъди анҷоми ҷамъоварии пахта мавсими тайёрӣ барои соли оянда, заминагузорӣ ва шудгори заминҳои кишоварзӣ оғоз мегардид. Ӯ ба трактори тасмачархи тамғаи ДТ-54 садҳо гектар заминҳоро хушсифат шудгор менамуд. Корномаи меҳнатӣ ва фидокориҳояш дар тамоми ноҳия ва вилоят паҳн гардид. Ӯро Паша Ангелина мегуфтанд. Дар солҳои азнавбарқароркунӣ ва рушди хоҷагии қишлоқ дар давлати пуриқтидори Иттиҳоди Шуравӣ ҳаракати механизаторӣ авҷ гирифта, хеле машҳур гардид. Дар саргаҳи ин ҳаракат механизатордухтари номдору машҳур Праскова (Паша) Ангелина меистод. Барои ҳамин механизатори пуртаҷриба Раҷабгул Сафармуродоваро ҳамчун пайрав ва идомадиҳандаи эстафетаи ӯ (Паша Ангелина) меномиданд. Корнамоиҳои зану шавҳар ҳамчун механизаторони пешқадаму ботаҷриба ва обрӯманд аз назари роҳбарони ноҳия дур намонд. Он солҳо ҳудуди ноҳияҳои имрӯзаи Шаҳритусу Қубодиён ва Носири Хусрав ҳар се як ноҳия – Шаҳритус буд. Котиби якуми кумитаи ҳизбии ноҳия С. Мирзоқулов ба хонаи онҳо омада гуфт:
- Шумо оилаи намунавӣ, механизаторони номдору пуртаҷриба, меҳнатқарину масъулиятшинос ва ташаббускор ҳастед. Агар маслиҳату тавсияи маро бипазиред, биёед ба Бешкент равед. Азхудкунии заминҳои бекорхобидаи водии Бешкент оғоз гардид. Бешкент ояндаи дурахшон дорад.
Ҳамин тавр, онҳо ҳамчун нахустин сокинон ва ободкунандагони водии Бешкент ба маркази имрӯзаи ноҳияи Носири Хусрав омаданд. Ягон деҳа набуд. Баъдтар аз шаҳру ноҳияҳои собиқ вилояти Кӯлоб ва Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон муҳоҷирони дохилӣ кӯчида ба Бешкент омаданд.
Аввал ӯ ҳамроҳи шавҳараш дар бригадаи сайёри механиконидашудаи рақами 37 (ПМК-37) ба кор даромаданд. Пас аз як сол онҳо ба хоҷагии навтаъсиси “Бешкент” ҳамчун механизатор ба кор гузаштанд. Дар тахту ҳамвор кардан ва азхудкунии заминҳои солҳои дароз бекорхобидаи дашти Бешкент фидокорона меҳнат карданд. Ин зани қавиирода ва меҳнатдӯст то соли 1992 ба ҳайси механик ва тракторчӣ сарбаландона фаъолият намуд.
Аммо ба зиндагии осоиштаю хуррамонаи онҳо чашми баде расиду сарнавишт ӯро аз озмоиш гузаронид. Сутуни хонадон ва шавҳари меҳрубонаш ногаҳон аз олам чашм пӯшид. Акнун тамоми вазниниҳои зиндагӣ ва тарбияи 7 фарзанд ба дӯши ӯ афтод. Ӯ аз имтиҳони сангини рӯзгор сарбаландона баромада, ҳамаи фарзандонро дар руҳияи меҳнатдӯстию муҳаббат ба Ватан тарбия карда, ба воя расонид. Соли 1992 ӯро бригадири хоҷагӣ таъйин намуданд, ки ин вазифаи пурмасъулро низ то соли 2005 сарбаландона ва бо дилу дасти пок иҷро намуд.
Холаи Раҷабгул бо хушҳолӣ ва ифтихор иброз медорад, ки аз раиси вақти ноҳия Холмурод Раҳмонов хеле миннатпазир аст. Зеро бо тавсияи ӯ баъди таҷдиди хоҷагиҳои кишоварзӣ саҳмҳои аъзои оилаашонро гирифта, дар масоҳати 8 гектар хоҷагии деҳқонӣ (фермерӣ)-и “Ҳасанбой”-ро ташкил доданд. Ҳамаи фарзандон, келину набераҳо бо сарвари оила Раҷабгул Сафармуродова паҳлу ба паҳлу истода, фидокорона меҳнат мекунанд. Бо кордонию истифодаи таҷрибаи пешқадам онҳо пахта, гандум, ҷуворимакка, шолӣ, тарбузу харбуза, пиёзу картошка ва дигар маҳсулот кишт намуда, ҳамасола ҳосили фаровон ҷамъоварӣ менамоянд.
Ин деҳқони фидокору шарафманду зафарманд ҳамаи хушбахтӣ ва баракати рӯзгорро аз замин ёфтааст. Барои хизматҳои шоиста ва саҳми арзанда дар рушди иқтисодии кишвар бо ордени “Байрақи сурхи меҳнат”, нишони “Ғолиби мусобиқаи сотсиалистӣ” (соли 1974 ба шарафи 50-солагии ташкилёбии ҶШС Тоҷикистон) ва чандин туҳфаҳои молию пулӣ қадрдонӣ гардидааст.
Дар озмуни “Зан-соҳиби замин” барои иштироки фаъолона ва ғолиб омадан аз рӯи номинатсияи “Беҳтарин роҳбари хоҷагии деҳқонӣ (фермерӣ)” бо диплом ва маблағи пулӣ мукофотонида шуд. Барои дастовардҳои баланд дар фаъолияти соҳибкорӣ иштирокчии озмуни ҷумҳуриявии “Бонуи соҳибкори сол” ва сазовори ҷоизаи “Фараҳ -2018” гардид.
Имрӯзҳо ин деҳқони асилу шарафманд ба нафақа баромада бошад ҳам бо неруи қавӣ ва руҳияи болида ҳамроҳи фарзандону наберагонаш аҳлона меҳнат карда истодаанд.

Аъзам Бобоев, ноҳияи Носири Хусрав
Похожие новости:
Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон «Дар бораи самтҳои асосии сиёсати дохилӣ ва хориҷии ҷумҳурӣ» Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон «Дар бораи самтҳои асосии сиёсати дохилӣ ва хориҷии ҷумҳурӣ» АСОСӢ / Ахбор / Саноат ва кишоварзӣ / Сиёсат / Ҳуқуқ ва амният / Рушди деҳот, сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ / Ҷамъият / Фарҳанг / Варзиш / Ҷавонон / Маориф / Иҷтимоъ / Мақомот / Иқтисод / Сохтмон ва меъморӣ АМРИ ПРЕЗИДЕНТИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН АМРИ ПРЕЗИДЕНТИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН АСОСӢ / Ахбор / Ҷамъият / Фарҳанг / Ҷавонон / Иҷтимоъ / Мақомот Суханронии Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон дар мулоқот бо роҳбарон ва фаъолони вилояти Хатлон 24.02.2022, шаҳри Бохтар Суханронии Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон дар мулоқот бо роҳбарон ва фаъолони вилояти Хатлон 24.02.2022, шаҳри Бохтар АСОСӢ / Ахбор / Саноат ва кишоварзӣ / Ҳуқуқ ва амният / Рушди деҳот, сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ / Маориф / Мақомот / Сохтмон ва меъморӣ Сафари кории Пешвои миллат ба вилояти Хатлон Сафари кории Пешвои миллат ба вилояти Хатлон АСОСӢ / Ахбор / Саноат ва кишоварзӣ / Сиёсат / Ҳуқуқ ва амният / Рушди деҳот, сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ / Мақомот / Иқтисод / Сохтмон ва меъморӣ ПАЁМИ ПРЕЗИДЕНТИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН, ПЕШВОИ МИЛЛАТ, МУҲТАРАМ ЭМОМАЛӢ РАҲМОН БА МАҶЛИСИ ОЛӢ ПАЁМИ ПРЕЗИДЕНТИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН, ПЕШВОИ МИЛЛАТ, МУҲТАРАМ ЭМОМАЛӢ РАҲМОН БА МАҶЛИСИ ОЛӢ АСОСӢ / Сиёсат / Мақомот
Добавить комментарий
Маҷаллаи №6-2019