Маҷаллаи Сафо
Шеъру адаб
Маслиҳати муфид
Номаҳо
ПАРВОЗИ ИСТЕЪДОД ДАР ФАЗОИ МАЪРИФАТ
Таъсиси озмунҳои ҷумҳуриявии “Фурӯғи субҳи доноӣ китоб аст”, “Тоҷикистон – Ватани азизи ман”, “Илм – фурӯғи маърифат”, ки бо мақсади баланд бардоштани сатҳи маърифатнокии мардум, тарбияи ватандӯстиву ҳисси ифтихор аз арзишҳои муқаддаси миллату давлатдорӣ бо ташаббуси Пешвои муаззами миллат роҳандозӣ гардидааст, василаи ҷалби ҷомеа ба китобхониву баҳрабардорӣ аз таърихи пурифтихору фарҳанги волои ниёгони тамаддунофарамон ва ҳам кашфи истеъдодҳои нодир арзёбӣ мегардад.
Бо шарофати чунин озмунҳои пуртамошобин, ки сол аз сол бо шукуҳу шаҳомати бештар баргузор гардида, шумори довталабони иштирок ба ин озмун фаротар аз қаламрави Тоҷикистонро дарбар гирифта истодааст, садҳо нафар наврасону ҷавонони лаёқатманд ба муассисаҳои олии таълимии дохилу хориҷ аз кишвар роҳ ёфта истодаанд. Мунира Балхиёрова, хонандаи муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии №17-и ноҳияи Ҷайҳун аз зумраи истеъдодҳои наврасест, ки соли сеюм аст дар Озмуни ҷумҳуриявии “Тоҷикистон – Ватани азизи ман” ширкат варзида истодааст.
– Ду соли аввал то даври ноҳиявии ин озмун ҷойҳои аввалро соҳиб шуда, ба даври вилоятӣ роҳ ёфта будам. Бо мақсади роҳ ёфтан ва ғолибият дар даври ҷумҳуриявии Озмуни “Тоҷикистон – Ватани азизи ман” сол аз сол омодагии бештар дида, ҳамвора маҳорату истеъдоди худро сайқал бахшида истодаам. Ҳамзамон, ин озмунҳо хусусияти тарбиявӣ низ дошта, дар замири мардум меҳру муҳаббат ба ватанро зиёд намуда, ҷиҳати дарёфт ва муаррифии истеъдодҳо аз саросари Тоҷикистон мусоидат менамояд. Ҳар бори иштирок дар озмуну маҳфилҳои сатҳи гуногун таассуроти фаромӯшношуданӣ ва таҷрибаи нав бардошта, минбаъд бо машқу тамринҳои бештар кӯшиш менамоям, ки бо бовариву эҳсоси хушбинӣ дар саҳнаҳои ҳунарӣ сарояндагӣ намоям, – иброз дошт дар оғози суҳбат Мунира Балхиёрова.
Мунира дар оилаи хизматчӣ тарбияву ба воя расида, модараш табиби дандон ва падари ӯ аз устоҳои чирадасти ноҳия маҳсуб меёбад. Тавре худ иқрор меояд, баъзан зодмандонаш ба хотири фароҳам овардани шароити беҳтар барои фарзандон ба муҳоҷирати корӣ ба Федератсияи Русия мераванд ва тарбияи онҳо бар зиммаи модаркалонашон гузошта мешавад. Шавқу рағбат ба илму ҳунарҳои аҷдодӣ ва иштиёқи беандоза ба тамринҳои гуногуни варзишӣ аз муҳимтарин зарфиятҳои ин оила арзёбӣ мегардад, ки аз гузаштагони фарҳангпарварашон мерос гирифтаанд. Мунира Балхиёрова аз синни 9-10 - солагӣ инҷониб дар мактаби санъати бачагонаи назди бахши фарҳанги ноҳияи Ҷайҳун маҳорати сарояндагӣ меомӯзад.
– Нахуст дар гурӯҳи навозандагон нозукиҳои навозиши пианинаро омӯхта, ҳамзамон, дар иҷрои суруди хор иштирок менамудам. Маҳз дар рафти тамринҳо ва иҷрои хори умумӣ устоди мактаби санъати бачагона кадом як зарфият дар овози маро пайхас карданд, ки ба ман матни шеъри “Душанбе”-ро доданд, ки онро азбар намуда, бо оҳанги интихобнамудаашон бисароям. Ҳамин сон, баъди нахустин тамринҳо иҷрои ин сурудро ба зиммаи ман гузоштанд ва дар он чорабинии фаромӯшношудании бахшида ба Рӯзи модар бори нахуст дар саҳнаи бузург ҳунарнамоӣ кардам, – ба хотир меорад Мунира Балхиёрова. – Албатта, дар нахустин сурудхониам маро изтиробу ҳаяҷони ногуфтание фаро гирифта буд, аммо баъди кафкӯбиҳои меҳмонону тамошобинони он чорабинии идона устодон маро табрик гуфта, изҳор доштанд, ки дар оянда сарояндаи хуб шуда метавонам. Гузори се соли охири омӯзишҳо назди устоди санъат, ҳоло дар саҳнаҳои чорабиниҳои ноҳиявӣ ва чӣ маҳфилу озмунҳои сатҳи вилоят худро озод ҳис мекунам.
Ба гуфти санъаткорони варзидаи ноҳияи Ҷайҳун садову лаҳни сурудхонии Мунираи наврас ба сарояндаи дӯстдоштааш Мадина Ақназарова шабоҳат дошта, зиёд аз сурудҳои сароидаи ӯро бо маҳорати воло иҷро менамояд. Устодон бо итминону боварӣ ояндаи Мунира Балхиёроваро дар саҳнаҳои бузурги ҳунарӣ мебинанд ва худи ӯ ҳам орзу дорад, ки баъди хатми мактаби зодгоҳаш таҳсилоти олиро дар Донишкадаи давлатии фарҳанг ва санъати Тоҷикистон ба номи Мирзо Турсунзода ва ё Консерваторияи миллии Тоҷикистон ба номи Талабхӯҷа Сатторов идома диҳад.
– Панди устодам аз мактаби мусиқӣ аст, ки дар ҷодаи сарояндагӣ азму иродаи матин мебояд. Зеро барои сарояндаи хуб шудану дар дили мухлисон маъво гирифтан, ҳунармандро мебояд, ки бо заҳмати пайваста истеъдоди худро сайқал диҳад ва ҳамеша пайи эҷоду дарёфти шеърҳои пурмазмун бошад. Фикр мекунам, ки тараннуми сурудҳои дар васфи Ватан, модар, дӯстӣ ва ободиву ояндасозиҳо дар Тоҷикистони азизамон аз беҳтарин мавзуъҳои дилнишинест, ки мақбули ҳамагон хоҳад буд. Алъон бо роҳнамоии устодам Мирватан Алиҷон бештар ба шеърҳои шоири равоншод Сафар Аюбзодаи Маҳзун оҳанг мебандем, – мегӯяд Мунира Балхиёрова ва ҳамзамон илова кард, ки ҳоло дар таътили тобистона бештари вақтамро ба тамрини овоз сарф менамоям. Реҷаи рӯзмарра аз корҳои хона оғоз гардида, соате машғули мутолиаи китобҳои бадеӣ мешавам ва баъдан каме назди оина бо замзамаи суруде машқи хонагиамро такрор карда, пасон ба мактаби мусиқӣ раҳсипор мегардам. Барои амалӣ гардидани орзуҳоям, ки зодмандон маро дар саҳнаҳои бузург бубинанд, ҳама ҳастиамро ба рушди ҳунару истеъдоди сарояндагӣ бахшида, бештари вақти рӯзонаро дар мактаби мусиқии ноҳияамон сарф мекунам.
Ӯ дар баробари шавқу рағбати беҳад ба санъати сарояндагӣ, ҳамчунин мутолиаи асарҳои мондагори адибони миллатро машғулияти дӯстдоштаи худ медонад. Баъди хондани китобҳои устод Садриддин Айнӣ, ҳамакнун фориғ аз тамринҳо саргарми мутолиаи асари безаволи “Шоҳнома”-и Абулқосим Фирдавсӣ мешавад. Ба пиндори Мунира, дунёи китоб дар тарбияи маънавӣ ва рушди зеҳният ва ҷаҳонбинии наврасону ҷавонон нақши муҳим дошта, ҳар як асари бадеӣ баробари саргузашти ҳаётии як инсони шоиста ва ё баръакс ба хонанда сабақи зиндагӣ меомӯзад.
– Одамони солеҳ новобаста ба касбу кор ва сатҳи иҷтимоиву муҳити зиндагии худ китобхониро ба шуғли доимии худ табдил дода, ҳар рӯз лоақал чанд саҳифа китоберо мутолиа менамоянд, ки онҳоро дар пешбурди касбу рӯзгорашон неруву илҳом бахшад. Дар мисоли худи ман аснои сурудхонӣ дар саҳна ҳамеша бузургону нухбагони илму фарҳанги миллатамонро пеши назар меоварам ва эҳсосоти насли озодагон буданам ба ман неруву илҳоми тоза ва ҳам ҷасорату ғурури миллӣ мебахшад, – бо ифтихор изҳор медорад Мунира Балхиёрова.
Бинобар гуфтаи Анзурат Назарзода, мудири бахши фарҳанги ноҳияи Ҷайҳун, бо шарофати омӯзгорону устодони варзидаи ҳунарҳои сарояндагӣ ва навозиши асбобҳои мусиқӣ, имрӯзҳо дар мактаби санъати бачагонаи назди бахши фарҳанги ноҳия маҳфилҳои гуногуни ҳунарӣ арзи ҳастӣ доранд, ки дар он даҳҳо ҳаваскорони наврас ба омӯзиши нозукиҳои санъати мусиқӣ фаро гирифта шудаанд. Илова бар ин, роҳандозӣ гардидани озмунҳои ҷумҳуриявӣ ба фаъолияти соҳаи фарҳангу маориф такони ҷиддӣ бахшида, имрӯзҳо дар китобхонаву коху толорҳои фарҳангии ноҳияҳои вилояти Хатлон ҳазорон нафар сокинони синну соли гуногун саргарми такмили донишу маҳорати хеш мебошанд. Он рӯз дур нест, ки тавассути ин озмунҳои сертамошобин беҳтарин истеъдодҳо, аз ҷумла, наврасону ҷавонони лаёқатманди ноҳияи Ҷайҳун ҳам муаррифӣ ва ба шоҳроҳи амалӣ намудани орзуҳои худ роҳ хоҳанд ёфт.
ЮСУФИ СОБИР, НОҲИЯИ ҶАЙҲУН
Добавить комментарий
Ахбор
САМАРАИ ТАДБИРҲО ДАР РУШДИ КИТОБДОРӢ 13:50ПАРВОЗИ ИСТЕЪДОД ДАР ФАЗОИ МАЪРИФАТ 13:44АЗ ЯК ВАҶАБ ЗАМИН ТО ЯК АНБОР БАРАКАТ: 13:35НИШАСТИ МАТБУОТИИ РАИСИ ВИЛОЯТИ ХАТЛОН 13:18ЁВОН. ИСТЕҲСОЛИ МАҲСУЛОТИ САНОАТӢ АФЗУДААСТ 16:08А. ҶОМӢ. ҲАҶМИ ИСТЕҲСОЛИ МАҲСУЛОТИ КИШОВАРЗӢ АФЗОИШ ЁФТ 13:04ХУРОСОН. 174 ИНШООТ БА ИСТИФОДА ДОДА ШУД 13:00НАЗОРАТИ ҚОНУН ВА МУБОРИЗА БО ҶИНОЯТКОРӢ ДАР ХАТЛОН ТАҚВИЯТ МЕЁБАД 09:13
Серхонандаҳо
Аъзамҷон Чиллазода: 91,3 фоизи маблағҳои буҷетӣ дар вилоят ба соҳаҳои иҷтимоиёт равона карда шудааст
Кӯшониён. Соҳилмустаҳкамкунӣ бо маром идома дорад
ДАР ШАШ МОҲ 18 ИНШООТИ СОҲАИ ТАНДУРУСТӢ БУНЁД ШУДААСТ
Ташрифи ҳайати экспедитсияи “Саёҳат ба қалби Авруосиё – 2025” ба шаҳри Бохтар
Ҳиссаи омӯзгорони унвондор ба 36,3 фоиз расид
Дар Хатлон 21 нафар ба фаъолияти блогерӣ машғул мебошанд
Кӯшониён. Як ноболиғ аз ғарқшавӣ наҷот дода шудааст
БУНЁДИ 21 ИНШООТИ СОҲАИ МАОРИФ ДАР ШАШ МОҲ
ҚИССАИ ЯК ЗИНДАГИИ СОДИҚОНА
Дӯстӣ. Дар шаш моҳ панҷ бунгоҳи тиббӣ бунёд шуд