Маҷаллаи Сафо
Маслиҳати муфид
Номаҳо
ЁВОН. ИСТЕҲСОЛИ МАҲСУЛОТИ САНОАТӢ АФЗУДААСТ
Давоми шаш моҳи сипаригардидаи соли равон коргоҳу корхонаҳои саноатии ноҳияи Ёвон ба маблағи 847 миллиону 704,1 ҳазор сомонӣ маҳсулот истеҳсол намуданд, ки ин нишондод нисбат ба ҳамин давраи соли 2024 ба андозаи 126 миллиону 325,2 ҳазор сомонӣ зиёд мебошад. Суръати афзоиш дар ин давра 117,5 фоизро дар бар мегирад.
Дар ин хусус раиси ноҳияи Ёвон Икромиддин Вализода зимни нишасти матбуотӣ иттилоъ дод.
Зикр гардид, ки аз корхонаҳои сементбарории ҶДММ "Хуаксин Ғаюр семент" ба миқдори 48 ҳазору 214 тонна ва аз ҶДММ "Чжунгтсай моҳир семент" ба андозаи 86 ҳазору 440 тонна, дар маҷмӯъ 134 ҳазору 654 тонна семент ба хориҷи мамлакат содирот гардидааст.
-Дар давраи ҳисоботӣ 6 адад коргоҳҳои нави истеҳсолӣ, аз қабили коргоҳи истеҳсолии маҳсулоти пластикии ҶДММ "Файзалӣ пластик", коргоҳи истеҳсоли хишти сементии ҶДММ "Девори Ёвон", коргоҳи истеҳсоли мебели ҶДММ "Диловар мебел", коргоҳи истеҳсоли газоблоки ҶДММ "Фаррух ва компания, коргоҳи истеҳсоли бетони сохтмонии ҶДММ "Дастгирии Ёвон" ва коргоҳи истеҳсоли газоблоки ҶДММ "Пойдор саноат" бунёд гардида, мавриди баҳрабардорӣ қарор дода шудааст, -гуфт И. Вализода.
Икромиддин Вализода дар идома афзуд, ки баъди бунёд шудани коргоҳҳои нав 25 нафар сокинони маҳаллӣ бо ҷойи кори доимӣ ва маоши хуб таъмин гаштанд.
С. СУЛТОНОВ
Добавить комментарий
Ахбор
БЕШ АЗ 432 МИЛЛИОН СОМОНӢ РУХСАТПУЛИИ ОМӮЗГОРОН ПАРДОХТ ШУДААСТ 17:40ПЕШРАФТ ДАР СОҲАИ МАОРИФИ ХАТЛОН: АЗ СОХТМОН ТО ДАСТОВАРДҲОИ ОЛИМПИАДАВӢ 12:36ЗИЁДА АЗ 27 ҲАЗОР ҚОНУНВАЙРОНКУНИҲО ОШКОР КАРДА ШУД 12:30ТАТБИҚИ ЛОИҲАИ “ШАҲРИ БЕХАТАР” ДАР БОХТАР 16:57Дар ноҳияи Абдураҳмони Ҷомӣ 226 иншооти ҷашнӣ мавриди истифода қарор гирифт 13:45ҶАЙҲУН ДАР МАСИРИ РУШДИ УСТУВОР ВА СОЗАНДАГӢ 14:33ТАРБИЯРО АЗ КАДОМ СИННУ СОЛ БОЯД ОҒОЗ КАРД? 14:30БОНУИ МАТИНИРОДА 13:39
Серхонандаҳо
Дар ноҳияи Абдураҳмони Ҷомӣ 226 иншооти ҷашнӣ мавриди истифода қарор гирифт
ҶАЙҲУН ДАР МАСИРИ РУШДИ УСТУВОР ВА СОЗАНДАГӢ
ТАТБИҚИ ЛОИҲАИ “ШАҲРИ БЕХАТАР” ДАР БОХТАР
ТАРБИЯРО АЗ КАДОМ СИННУ СОЛ БОЯД ОҒОЗ КАРД?
ПЕШРАФТ ДАР СОҲАИ МАОРИФИ ХАТЛОН: АЗ СОХТМОН ТО ДАСТОВАРДҲОИ ОЛИМПИАДАВӢ
БЕШ АЗ 432 МИЛЛИОН СОМОНӢ РУХСАТПУЛИИ ОМӮЗГОРОН ПАРДОХТ ШУДААСТ
БОНУИ МАТИНИРОДА
ЗИЁДА АЗ 27 ҲАЗОР ҚОНУНВАЙРОНКУНИҲО ОШКОР КАРДА ШУД



