Маҷаллаи Сафо
Чеҳра
Маслиҳати муфид
Номаҳо
Фурудгоҳи байналмиллалии Бохтар дар нимсолаи аввал ба 25 ҳазор мусофир хизмат расонд
«Фурудгоҳи байналмилалии Бохтар дар шашмоҳаи аввали соли 2025 фаъолияти худро тибқи дастуру супоришҳои Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Агентии авиатсияи гражданӣ ба роҳ монда, баҳри таъмини иҷрои саривақтӣ ва босифати хизматрасонӣ пайваста кӯшиш менамояд», – гуфт роҳбари ҶСК «Фурудгоҳи байналмилалии Бохтар» Фарҳод Абдурашидзода.
Ба гуфтаи ӯ, дар ин давра фурудгоҳ бо ширкати ҳавопаймоии Федератсияи Русия – ҶДММ «Северный Ветер» ҳамкорӣ намуда, 79 хатсайри мунтазамро анҷом додааст. Дар маҷмӯъ, 25 ҳазору 859 нафар мусофир ба воситаи фурудгоҳ интиқол ёфтаанд, ки аз ин шумора 13 ҳазору 571 нафар мусофирони қабул кардашуда ва 12 ҳазору 288 нафар мусофирони аз фурудгоҳ интиқол шударо дар бар мегирад.
Даромади умумии корхона дар шашмоҳаи аввали сол 5 миллиону 154 ҳазору 442 сомонӣ ташкил дода, ба буҷаи давлат зиёда аз 1,4 миллион сомонӣ ворид карда шудааст. Ҳамзамон, қарзи бонкии фурудгоҳ дар ҳаҷми 802,5 ҳазор сомонӣ пардохт гардидааст.
Дар маҷмӯъ, барои пешбурди фаъолияти Ҷамъият 4,7 миллион сомонӣ хароҷот шуда, фоидаи соф ба 398 ҳазор сомонӣ баробар гардид.
Маҳмадалӣ Маҳмадалиев "САФО"
Добавить комментарий
Ахбор
Гулҳои Гулсара 12:47ПАНДИ МОДАР 12:43Гавҳари зиндагӣ 12:39Як хиёбон дард 12:34ЁВОН. МУМФАРШКУНИИ 3 КИЛОМЕТР РОҲИ МАҲАЛЛӢ ОҒОЗ ГАРДИД 15:48АҲЛИДДИН ШАРИФЗОДА: ХИЗМАТ БА МАРДУМ — РИСОЛАТИ МУҚАДДАС 15:20ДАР ХАТЛОН ИҶРОИ НАҚШАИ ДАЪВАТИ ТИРАМОҲӢ, ДУРНАМОИ ПАХТА ВА ОМОДАГӢ БА ЗИМИСТОН БАРРАСӢ ГАРДИД 15:16ЗАБОН- НЕЪМАТИ БЕБАҲОИ МИЛЛАТ 13:19
Серхонандаҳо
ДАЪВАТИ ТИРАМОҲӢ БА САФҲОИ ҚУВВАҲОИ МУСАЛЛАҲ ДАР ВИЛОЯТИ ХАТЛОН ДАР РӮЗИ АВВАЛ 76 ФОИЗ ИҶРО ШУД
Дилрабои Ҳотамшо мураббии соли Тоҷикистон шуд
“Хушдомани беҳтарин” муайян гардид
Дар Бохтар нақшаи ҷамъоварии ҳосили пахта иҷро шуд
ЁВОН. МУМФАРШКУНИИ 3 КИЛОМЕТР РОҲИ МАҲАЛЛӢ ОҒОЗ ГАРДИД
ЭМОМАЛӢ РАҲМОН
МАВЛОНО ВА ВАҲДАТИ БАШАРӢ
МАРДИ МЕҲНАТ
5 МАҲСУЛОТИ НОДИР БАРОИ САЛОМАТӢ
РӮЗИ ЗАБОН МУБОРАК БОД!



