Маҷаллаи Сафо
Чеҳра
Маслиҳати муфид
Номаҳо
Кӯшониён. Соҳилмустаҳкамкунӣ бо маром идома дорад
Бо мақсади иҷрои дастуру супоришҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва нақша – чорабиниҳои Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилояти Хатлон дар ноҳияи Кӯшониён корҳои соҳилмустаҳкамкунӣ муташаккилона идома доранд.

Тавре аз мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Кӯшониён ба “Сафо” иттилоъ доданд, бо мақсади пешгирии ҳолатҳои фавқулодда вобаста ба баланд гардидани сатҳи оби дарёи Вахш дар деҳаҳои Сари Пул, Шамсиддин Шоҳин ва Ҳалқаҷари Ҷамоати шаҳраки Бохтариёни ноҳия тадбирҳои зарурӣ роҳандозӣ гардидааст.

Иттилоъ дода шуд, ки то имрӯз бо дастгирии Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилояти Хатлон ва соҳибкорону ташкилоту идораҳо бо истифода аз нақлиёти боркаш беш аз 130 мошин сангҳои калонҳаҷм кашонида шуда, дар ҷойҳои лозимӣ истифода бурда шудааст.
Корҳои соҳилмустаҳкамкунӣ дар ин мавзеъ бо маром идома дошта, бо иштироки аъзоёни Ситод миёни сокинон корҳои фаҳмондадиҳӣ ба роҳ монда шудааст. Ҳамчунин бо баланд гардидани сатҳи оби дарёи Вахш дар ин мавзеъ навбатдории шабонарӯзӣ низ ташкил карда шудааст.

Аз ҷараёни корҳои соҳилмустаҳкамкунӣ раиси ноҳияи Кӯшониён Холзода Муҳаммадшариф дидан карда, ҷиҳати иҷрои корҳои дар нақшабуда ба масъулин дастуру супоришҳо додааст.
С. СУЛТОН
Добавить комментарий
Ахбор
БОЗДИДИ РАИСИ ВИЛОЯТИ ХАТЛОН АЗ РАФТИ СОХТМОНИ БИНОИ НАВИ ТАЪЛИМӢ ДАР ШАҲРИ ЛЕВАКАНТ 13:44МУЖДА: ШАҲРИ ЛЕВАКАНТ ДУРНАМОИ ҶАМЪОВАРИИ ҲОСИЛИ ПАХТАРО 100 ФОИЗ ИҶРО КАРД 13:40ҶАЙҲУН. ҲОСИЛИ САБЗӢ ФАРОВОН АСТ 12:16ШИНОСОИИ РАИСИ ВИЛОЯТ АЗ МАКОНИ БУНЁДИ НИШОНИ ДАВЛАТӢ ДАР НОҲИЯИ АБДУРАҲМОНИ ҶОМӢ 16:34ДАР НОҲИЯИ АБДУРАҲМОНИ ҶОМӢ БИНОИ ИЛОВАГИИ ТАЪЛИМӢ БАРОИ 200 ХОНАНДА БА ИСТИФОДА ДОДА ШУД 15:30БОЗДИД АЗ РАВАНДИ МУМФАРШКУНИИ РОҲИ МОШИНГАРДИ ДЕҲАИ КӮШОНОБОДИ НОҲИЯИ АБДУРАҲМОНИ ҶОМӢ 14:26ИШТИРОКИ РАИСИ ВИЛОЯТ ДАР МАЪРАКАИ ПАХТАЧИНӢ ВА СУҲБАТ БО РАИСОНИ ҶАМОАТҲО ДАР НОҲИЯИ АБДУРАҲМОНИ ҶОМӢ 12:21РАИСИ ВИЛОЯТ БО РАИСОНИ ШАҲРУ НОҲИЯҲО ҶАЛАСАИ КОРИИ МАҶОЗӢ БАРГУЗОР НАМУДАНД 12:11
Серхонандаҳо
ДАВЛАТАЛӢ САИД БО САФИРИ БЕЛАРУС МАСЪАЛАҲОИ ГУСТАРИШИ ҲАМКОРИҲОИ ТИҶОРАТИЮ ИҚТИСОДӢ ВА КИШОВАРЗИРО БАРРАСӢ КАРДАНД
ФОРУМИ БАЙНАЛМИЛАЛИИ САРМОЯГУЗОРИИ «ХАТЛОН ИНВЕСТ – 2026» ДАР ШАҲРИ БОХТАР БАРГУЗОР МЕГАРДАД
Дилрабои Ҳотамшо мураббии соли Тоҷикистон шуд
ЁВОН. МУМФАРШКУНИИ 3 КИЛОМЕТР РОҲИ МАҲАЛЛӢ ОҒОЗ ГАРДИД
Гулҳои Гулсара
ЗАБОН- НЕЪМАТИ БЕБАҲОИ МИЛЛАТ
ПАНДИ МОДАР
АҲЛИДДИН ШАРИФЗОДА: ХИЗМАТ БА МАРДУМ — РИСОЛАТИ МУҚАДДАС
Тоҷикистон аз нигоҳи 35 шаҳрванди хориҷӣ
ВАТАН ДАР ҶОН



