Маҷаллаи Сафо
Чеҳра
Маслиҳати муфид
Номаҳо
12 июл 11:01АСОСӢ / Ахбор / Рушди деҳот, сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ / Ҷамъият / Фарҳанг / Иҷтимоъ / Мақомот / Маърифат ва тандурустӣ
ИШТИРОКИ РАИСИ ВИЛОЯТИ ХАТЛОН ДАР АКСИЯИ ВИЛОЯТӢ ТАҲТИ УНВОНИ "САҲМИ МАН - ДАР ОБОДИИ ВАТАН"
Бо ҳадафи истиқболи сазовори 34-солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва дар заминаи иҷрои супоришҳои протоколии Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва роҳбарияти вилояти Хатлон, рӯзи 12-уми июл дар тамоми шаҳру ноҳияҳои вилоят Аксияи вилоятӣ таҳти унвони «Саҳми ман – дар ободии Ватан» баргузор гардид.

Ин иқдоми муҳими ҷамъиятӣ дар руҳияи ватандӯстӣ ва эҳсоси баланди масъулиятшиносӣ баргузор шуда, бо ширкати васеи сокинон, кормандони ташкилоту муассисаҳо ва намояндагони ҷомеаи шаҳрвандӣ дар сатҳи баланд доир гардид.

Раиси вилояти Хатлон муҳтарам Давлаталӣ Саид зимни иштирок дар аксия дар шаҳри Бохтар бо сокинон мулоқоти самимӣ анҷом дода, баён доштанд, ки ташкили чунин чорабиниҳои дастаҷамъона на танҳо муҳити зистро зебо мегардонад, балки заминаи ташаккули ҳисси баланди меҳанпарастӣ, масъулиятшиносӣ ва ваҳдати иҷтимоиро фароҳам месозад.

Раиси вилоят таъкид намуданд, ки ҳар шаҳрванди соҳибвиҷдон метавонад бо саҳми хеш – ҳатто тоза намудани як гӯшаи маҳалли зист дар ободии Ватан ҳиссагузор бошад. Зеро муҳити тоза, ободи шаҳр ва деҳот, пеш аз ҳама, нишонаи фарҳанги баланд ва эҳтиром ба давлату миллат аст.

Иқдомҳое чун “Саҳми ман – дар ободии Ватан” ба як ҳаракати доимии созанда табдил ёфта, дар раванди ободсозии кишвари маҳбубамон нақши арзанда дорад.
“САФО”
Добавить комментарий
Ахбор
Гулҳои Гулсара 12:47ПАНДИ МОДАР 12:43Гавҳари зиндагӣ 12:39Як хиёбон дард 12:34ЁВОН. МУМФАРШКУНИИ 3 КИЛОМЕТР РОҲИ МАҲАЛЛӢ ОҒОЗ ГАРДИД 15:48АҲЛИДДИН ШАРИФЗОДА: ХИЗМАТ БА МАРДУМ — РИСОЛАТИ МУҚАДДАС 15:20ДАР ХАТЛОН ИҶРОИ НАҚШАИ ДАЪВАТИ ТИРАМОҲӢ, ДУРНАМОИ ПАХТА ВА ОМОДАГӢ БА ЗИМИСТОН БАРРАСӢ ГАРДИД 15:16ЗАБОН- НЕЪМАТИ БЕБАҲОИ МИЛЛАТ 13:19
Серхонандаҳо
ДАЪВАТИ ТИРАМОҲӢ БА САФҲОИ ҚУВВАҲОИ МУСАЛЛАҲ ДАР ВИЛОЯТИ ХАТЛОН ДАР РӮЗИ АВВАЛ 76 ФОИЗ ИҶРО ШУД
ОЗМУНИ “РӮДАКИХОНӢ” БАРГУЗОР ГАРДИД
Дилрабои Ҳотамшо мураббии соли Тоҷикистон шуд
“Хушдомани беҳтарин” муайян гардид
Дар Бохтар нақшаи ҷамъоварии ҳосили пахта иҷро шуд
ЁВОН. МУМФАРШКУНИИ 3 КИЛОМЕТР РОҲИ МАҲАЛЛӢ ОҒОЗ ГАРДИД
ЭМОМАЛӢ РАҲМОН
МАРДИ МЕҲНАТ
МАВЛОНО ВА ВАҲДАТИ БАШАРӢ
РӮЗИ ЗАБОН МУБОРАК БОД!



