Маҷаллаи Сафо
Чеҳра
Маслиҳати муфид
Номаҳо
09 июл 15:54АСОСӢ / Ахбор / Рушди деҳот, сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ / Ҷамъият / Иҷтимоъ / Сохтмон ва меъморӣ
ЁВОН. МУМФАРШКУНИИ РОҲ БО ХАРҶИ 1,2 МИЛЛИОН СОМОНӢ
Ҷиҳати шоиста истиқбол намудани ҷашни 35 – солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ноҳияи Ёвон корҳои созандагию бунёдкорӣ, аз ҷумла таъмиру тармими роҳҳо бо маром идома дошта, марҳила ба марҳила роҳҳои аҳамияти маҳаллӣ мумфарш гашта истодаанд.
Аз ҷумла, бо ташаббуси роҳбарияти мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Ёвон ва саҳми ҶДММ “Моҳир семент”-у дигар соҳибкорони маҳаллӣ 1 километр роҳи байнидеҳавии деҳаи Гулбоғи Ҷамоати деҳоти Гулсара Юсуфова, ки паҳноиаш 5 метрро дар бар мегирад мумфарш ва 2 километр роҳи дигар таъмири ҷорӣ гардида истодааст.

Тавре аз мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Ёвон ба “Сафо” иттилоъ доданд, 1 километр роҳ бо харҷи 1,2 миллион сомонӣ мумфарш ва 2 километр роҳи дигар бо харҷи 500 ҳазор сомонӣ таъмири ҷорӣ карда мешавад.

Иттилоъ дода шуд, ки аллакай корҳои роҳсозӣ дар ин ҳудуд оғоз гардида, барои босифат анҷом додани корҳои сохтмонӣ техникаҳои калони соҳавӣ ҷалб гардидаанд.
Дар баробари мумфаршу таъмири ҷорӣ гардидани роҳҳо дар канори он ҷуйборҳои обгузар сохта шуда, аломатҳои ишоратии роҳ низ насб карда мешавад.

Иқдоми мазкур бо мақсади боз ҳам беҳтар сохтани инфрасохтори нақлиётӣ, таъмини шароити мусоиди зиндагӣ барои сокинон ва рафтуомади бемамонияти нақлиёт роҳандозӣ гардида, дар оянда низ идома меёбад.

Раиси ноҳияи Ёвон Икромиддин Вализода аз ҷараёни корҳои сохтмонӣ дар ин масир дидан намуда, ба корҳои таъмиру мумфаршкунӣ баҳои баланд додааст.
С. СУЛТОН
Добавить комментарий
Ахбор
БОЗДИДИ РАИСИ ВИЛОЯТИ ХАТЛОН АЗ РАФТИ СОХТМОНИ БИНОИ НАВИ ТАЪЛИМӢ ДАР ШАҲРИ ЛЕВАКАНТ 13:44МУЖДА: ШАҲРИ ЛЕВАКАНТ ДУРНАМОИ ҶАМЪОВАРИИ ҲОСИЛИ ПАХТАРО 100 ФОИЗ ИҶРО КАРД 13:40ҶАЙҲУН. ҲОСИЛИ САБЗӢ ФАРОВОН АСТ 12:16ШИНОСОИИ РАИСИ ВИЛОЯТ АЗ МАКОНИ БУНЁДИ НИШОНИ ДАВЛАТӢ ДАР НОҲИЯИ АБДУРАҲМОНИ ҶОМӢ 16:34ДАР НОҲИЯИ АБДУРАҲМОНИ ҶОМӢ БИНОИ ИЛОВАГИИ ТАЪЛИМӢ БАРОИ 200 ХОНАНДА БА ИСТИФОДА ДОДА ШУД 15:30БОЗДИД АЗ РАВАНДИ МУМФАРШКУНИИ РОҲИ МОШИНГАРДИ ДЕҲАИ КӮШОНОБОДИ НОҲИЯИ АБДУРАҲМОНИ ҶОМӢ 14:26ИШТИРОКИ РАИСИ ВИЛОЯТ ДАР МАЪРАКАИ ПАХТАЧИНӢ ВА СУҲБАТ БО РАИСОНИ ҶАМОАТҲО ДАР НОҲИЯИ АБДУРАҲМОНИ ҶОМӢ 12:21РАИСИ ВИЛОЯТ БО РАИСОНИ ШАҲРУ НОҲИЯҲО ҶАЛАСАИ КОРИИ МАҶОЗӢ БАРГУЗОР НАМУДАНД 12:11
Серхонандаҳо
ДАЪВАТИ ТИРАМОҲӢ БА САФҲОИ ҚУВВАҲОИ МУСАЛЛАҲ ДАР ВИЛОЯТИ ХАТЛОН ДАР РӮЗИ АВВАЛ 76 ФОИЗ ИҶРО ШУД
ДАВЛАТАЛӢ САИД БО САФИРИ БЕЛАРУС МАСЪАЛАҲОИ ГУСТАРИШИ ҲАМКОРИҲОИ ТИҶОРАТИЮ ИҚТИСОДӢ ВА КИШОВАРЗИРО БАРРАСӢ КАРДАНД
Дилрабои Ҳотамшо мураббии соли Тоҷикистон шуд
ФОРУМИ БАЙНАЛМИЛАЛИИ САРМОЯГУЗОРИИ «ХАТЛОН ИНВЕСТ – 2026» ДАР ШАҲРИ БОХТАР БАРГУЗОР МЕГАРДАД
ЭМОМАЛӢ РАҲМОН
ЁВОН. МУМФАРШКУНИИ 3 КИЛОМЕТР РОҲИ МАҲАЛЛӢ ОҒОЗ ГАРДИД
Гулҳои Гулсара
5 МАҲСУЛОТИ НОДИР БАРОИ САЛОМАТӢ
ЗАБОН- НЕЪМАТИ БЕБАҲОИ МИЛЛАТ
ПАНДИ МОДАР



