Маҷаллаи Сафо
Чеҳра
Маслиҳати муфид
Номаҳо
09 июл 14:39АСОСӢ / Ахбор / Рушди деҳот, сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ / Ҷамъият / Иҷтимоъ / Иқтисод / Сохтмон ва меъморӣ
Ҷ. Балхӣ. 1,2 километр роҳ мумфарш карда мешавад
Бо ташаббуси мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Ҷалолиддини Балхӣ ва саҳми сокинони маҳаллӣ 1,2 километр роҳи маҳаллии Ҷамоати шаҳраки Балхи ноҳия мумфарш карда мешавад.
Аллакай корҳои роҳсозӣ дар ин масир оғоз гардида, барои онҷом додани корҳои сохтмонӣ техникаҳои махсуси роҳсозии Муассисаи давлатии нигоҳдории роҳҳои автомобилгарди ноҳия ҷалб гардидаанд.

Тавре зимни суҳбат сардори Муассисаи давлатии нигоҳдории роҳҳои автомобилгарди ноҳияи Ҷалолиддини Балхӣ Муҳаммадшариф Салимзода иброз кард, паҳноии ин роҳи маҳаллӣ 7 метрро дар бар гирифта, он бо харҷи 420 ҳазор сомонӣ бо истифода аз асфалти хушсифат мумфарш хоҳад шуд.
-Иқдоми мазкур дар доираи татбиқи барномаҳои рушди инфрасохтори маҳаллӣ амалӣ гардида, ба беҳбудбахшии шароити зиндагии сокинон ва таъмини ҳаракати бехатари нақлиёт мусоидат хоҳад кард, гуфт М. Салимзода.

Аз ҷараёни оғози корҳои сохтмонӣ раиси ноҳияи Ҷалолиддини Балхӣ Рустам Холиқзода дидан намуда, барои босифат анҷом додани корҳои роҳсозӣ ба масъулин маслиҳатҳои судманд додааст.
С. СУЛТОН
Добавить комментарий
Ахбор
БОЗДИДИ РАИСИ ВИЛОЯТИ ХАТЛОН АЗ РАФТИ СОХТМОНИ БИНОИ НАВИ ТАЪЛИМӢ ДАР ШАҲРИ ЛЕВАКАНТ 13:44МУЖДА: ШАҲРИ ЛЕВАКАНТ ДУРНАМОИ ҶАМЪОВАРИИ ҲОСИЛИ ПАХТАРО 100 ФОИЗ ИҶРО КАРД 13:40ҶАЙҲУН. ҲОСИЛИ САБЗӢ ФАРОВОН АСТ 12:16ШИНОСОИИ РАИСИ ВИЛОЯТ АЗ МАКОНИ БУНЁДИ НИШОНИ ДАВЛАТӢ ДАР НОҲИЯИ АБДУРАҲМОНИ ҶОМӢ 16:34ДАР НОҲИЯИ АБДУРАҲМОНИ ҶОМӢ БИНОИ ИЛОВАГИИ ТАЪЛИМӢ БАРОИ 200 ХОНАНДА БА ИСТИФОДА ДОДА ШУД 15:30БОЗДИД АЗ РАВАНДИ МУМФАРШКУНИИ РОҲИ МОШИНГАРДИ ДЕҲАИ КӮШОНОБОДИ НОҲИЯИ АБДУРАҲМОНИ ҶОМӢ 14:26ИШТИРОКИ РАИСИ ВИЛОЯТ ДАР МАЪРАКАИ ПАХТАЧИНӢ ВА СУҲБАТ БО РАИСОНИ ҶАМОАТҲО ДАР НОҲИЯИ АБДУРАҲМОНИ ҶОМӢ 12:21РАИСИ ВИЛОЯТ БО РАИСОНИ ШАҲРУ НОҲИЯҲО ҶАЛАСАИ КОРИИ МАҶОЗӢ БАРГУЗОР НАМУДАНД 12:11
Серхонандаҳо
ДАЪВАТИ ТИРАМОҲӢ БА САФҲОИ ҚУВВАҲОИ МУСАЛЛАҲ ДАР ВИЛОЯТИ ХАТЛОН ДАР РӮЗИ АВВАЛ 76 ФОИЗ ИҶРО ШУД
ДАВЛАТАЛӢ САИД БО САФИРИ БЕЛАРУС МАСЪАЛАҲОИ ГУСТАРИШИ ҲАМКОРИҲОИ ТИҶОРАТИЮ ИҚТИСОДӢ ВА КИШОВАРЗИРО БАРРАСӢ КАРДАНД
Дилрабои Ҳотамшо мураббии соли Тоҷикистон шуд
ФОРУМИ БАЙНАЛМИЛАЛИИ САРМОЯГУЗОРИИ «ХАТЛОН ИНВЕСТ – 2026» ДАР ШАҲРИ БОХТАР БАРГУЗОР МЕГАРДАД
ЭМОМАЛӢ РАҲМОН
ЁВОН. МУМФАРШКУНИИ 3 КИЛОМЕТР РОҲИ МАҲАЛЛӢ ОҒОЗ ГАРДИД
Гулҳои Гулсара
5 МАҲСУЛОТИ НОДИР БАРОИ САЛОМАТӢ
ЗАБОН- НЕЪМАТИ БЕБАҲОИ МИЛЛАТ
ПАНДИ МОДАР



