Маҷаллаи Сафо
Чеҳра
Маслиҳати муфид
Номаҳо
08 июл 11:32АСОСӢ / Ахбор / Рушди деҳот, сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ / Ҷамъият / Иҷтимоъ / Мақомот / Иқтисод
Бонки Осиёии рушд барои дастгирии занони деҳот дар вилояти Хатлон лоиҳаҳо амалӣ менамояд
Дар вилояти Хатлон барои дастгирии занони деҳот аз ҷониби Бонки Осиёии рушд ду лоиҳа — «Идоракунии рақамии соҳаи кишоварзӣ барои таҳкими амнияти озуқаворӣ», «Таъмини воситаҳои устувори зист ва тавонмандсозии занони деҳот» амалӣ карда мешавад. Дар ин хусус ба АМИТ «Ховар» аз хадамоти матбуоти раиси вилояти Хатлон иттилоъ додаанд.
Зимни вохӯрии намояндагони вилояти Хатлон бо Бонки Осиёии рушд иброз гардид, ки лоиҳаҳо ба тақвият бахшидани заминаи рушд барои соҳаи кишоварзии ба тағйирёбиҳои иқлим тобовар равона шудаанд. Инчунин ба рушди корхонаҳои хусусии хеле хурд ва миёна дар деҳот ва таъсиси ҷойҳои нави кор мусоидат менамоянд.
Дар доираи татбиқи лоиҳаҳо чорабиниҳое пешбинӣ гардидаанд, ки ба рушди инфрасохтор, таъсиси марказҳои агрологистикӣ ва бунёди занҷирҳои арзиши иловашуда дар бахши боғдорӣ равона шудааст. Инчунин он рақобатпазирии бозори маҳсулоти кишоварзиро боло бурда, дастрасии деҳқонон ба бозорҳоро беҳтар гардонида, талафоту исрофи маҳсулоти озуқавориро коҳиш медиҳад.
Бо дарназардошти нақши муассири занон дар иқтисоди деҳот, лоиҳа таваҷҷуҳи хосро ба тавонмандсозии занони деҳот зоҳир менамояд. Занони фаъол ҳамчун соҳибкор, кишоварз ва роҳбари хоҷагиҳои хурду миёна дар маркази дастгирӣ қарор мегиранд, ки ин амал ба беҳсозии сатҳи зиндагӣ, истиқлолияти иқтисодӣ ва густариши иштироки онҳо дар ҳаёти иҷтимоиву истеҳсолӣ мусоидат хоҳад кард.
Добавить комментарий
Ахбор
БОЗДИДИ РАИСИ ВИЛОЯТИ ХАТЛОН АЗ РАФТИ СОХТМОНИ БИНОИ НАВИ ТАЪЛИМӢ ДАР ШАҲРИ ЛЕВАКАНТ 13:44МУЖДА: ШАҲРИ ЛЕВАКАНТ ДУРНАМОИ ҶАМЪОВАРИИ ҲОСИЛИ ПАХТАРО 100 ФОИЗ ИҶРО КАРД 13:40ҶАЙҲУН. ҲОСИЛИ САБЗӢ ФАРОВОН АСТ 12:16ШИНОСОИИ РАИСИ ВИЛОЯТ АЗ МАКОНИ БУНЁДИ НИШОНИ ДАВЛАТӢ ДАР НОҲИЯИ АБДУРАҲМОНИ ҶОМӢ 16:34ДАР НОҲИЯИ АБДУРАҲМОНИ ҶОМӢ БИНОИ ИЛОВАГИИ ТАЪЛИМӢ БАРОИ 200 ХОНАНДА БА ИСТИФОДА ДОДА ШУД 15:30БОЗДИД АЗ РАВАНДИ МУМФАРШКУНИИ РОҲИ МОШИНГАРДИ ДЕҲАИ КӮШОНОБОДИ НОҲИЯИ АБДУРАҲМОНИ ҶОМӢ 14:26ИШТИРОКИ РАИСИ ВИЛОЯТ ДАР МАЪРАКАИ ПАХТАЧИНӢ ВА СУҲБАТ БО РАИСОНИ ҶАМОАТҲО ДАР НОҲИЯИ АБДУРАҲМОНИ ҶОМӢ 12:21РАИСИ ВИЛОЯТ БО РАИСОНИ ШАҲРУ НОҲИЯҲО ҶАЛАСАИ КОРИИ МАҶОЗӢ БАРГУЗОР НАМУДАНД 12:11
Серхонандаҳо
ДАЪВАТИ ТИРАМОҲӢ БА САФҲОИ ҚУВВАҲОИ МУСАЛЛАҲ ДАР ВИЛОЯТИ ХАТЛОН ДАР РӮЗИ АВВАЛ 76 ФОИЗ ИҶРО ШУД
ДАВЛАТАЛӢ САИД БО САФИРИ БЕЛАРУС МАСЪАЛАҲОИ ГУСТАРИШИ ҲАМКОРИҲОИ ТИҶОРАТИЮ ИҚТИСОДӢ ВА КИШОВАРЗИРО БАРРАСӢ КАРДАНД
Дилрабои Ҳотамшо мураббии соли Тоҷикистон шуд
ФОРУМИ БАЙНАЛМИЛАЛИИ САРМОЯГУЗОРИИ «ХАТЛОН ИНВЕСТ – 2026» ДАР ШАҲРИ БОХТАР БАРГУЗОР МЕГАРДАД
ЭМОМАЛӢ РАҲМОН
ЁВОН. МУМФАРШКУНИИ 3 КИЛОМЕТР РОҲИ МАҲАЛЛӢ ОҒОЗ ГАРДИД
Гулҳои Гулсара
5 МАҲСУЛОТИ НОДИР БАРОИ САЛОМАТӢ
ЗАБОН- НЕЪМАТИ БЕБАҲОИ МИЛЛАТ
ПАНДИ МОДАР



