Маҷаллаи Сафо
Шеъру адаб
Маслиҳати муфид
Номаҳо
25 июн 17:38АСОСӢ / Ахбор / Рушди деҳот, сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ / Ҷамъият / Ҷавонон / Иҷтимоъ / Иқтисод / Мақолаҳо / Чеҳра
РОНАНДАИ БАҲРӢ
Маҳтобу офтоб роҳбаладу бод дастёр ва об бошад ҳамсафари ӯст. Зеро ӯ дар оғӯши табиат ба камол расидаю бо обу дарё риштаи дӯстӣ дорад. Махсусан дар ин мавсим ӯ бо навозиши боди форами баҳри Норак хобидаю субҳи содиқ бо садои лапиши оби он чашм боз мекунад. Мисле, ки баҳри Норак бо ӯ кайҳо унс гирифтаасту вай бошад бо ин муҳит.
Кист ӯ ва чаро қаиқрониро шуғли худ интихоб кард ё чихел обу дарё ҳамнафаси зиндагии қаҳрамони матлаби мо гашт? Поёнтар нақл хоҳем кард.
– Ҳама оббозиро дӯст медоранду меписанданд, аммо танҳо онҳое шиноварӣ хуб мегарданд, ки аз ғарқ гаштан ҳарос надоранд, – бо гуфтани ин суханҳо, муҳаррики қаиқи худро хомӯш кардаю онро ба равиши оби баҳр вогузошта, Ҷунайдулло ба гап шуруъ кард. – Бубинед, мо дар куҷо қарор дорем? На камтар аз 100 метр чуқуртар зери мо замин аст. Барои ба соҳили об расидан ҳам беш аз 500 метрро тай кардан зарур меояд.

Тасаввур кунед, дар ҳамин ҷо, ҳамин лаҳза қаиқ зери об шуд ва ту чӣ кор мекунӣ? Албатта, ки агар дилу гурдаи хуб дошта бошӣ, ба таҳлука наафтода, худро ба об мебахшӣ. Дар ин сурат, метавонӣ ба соҳил расӣ ва ту шиноварӣ хубӣ.
Ҷунайдуллои қаиқрон ба дурӣ дида андухта, лаҳзае хомӯш гашт. Вазиши бод, ки оби обанбори Норакро ба ҳар тараф равона месохт, боис мегашт то қаиқи мо ҳам ба ларза дарояду алвонҷ хӯрад. Аз чӣ бошад, ки мо низ худро миёни баҳр орому осуда ҳис мекардем.
– Вақте ки хурд будам аз шавқ ба қаиқи падар нишаста, ба баҳр мебаромадам, – қисса кард ӯ. – Яъне дар аввал қаиқронӣ шуғл не, танҳо василаи дилхушӣ буд. Оббозӣ мекардаму қаиқронӣ, ҳамин хел вақт мегузаронидам. Бо мурури замон ба ин обу қаиқ дилбастам. Ҳамин хел қаиқрониро пешаи худ интихоб кардам. Шукр, ки зиндагиям аз пушти он рафта истодааст.

Ба гуфтаи қаҳрамони мо, танҳо дар 2-3 соли охир, туризми дохилӣ рушд кард. Аниқтараш мардум ба ин диёр барои сайру сайёҳат меомадагӣ шуданд. Қаблан, танҳо гурӯҳе аз сокинон, ки мехостанд ба оббозӣ бароянду лаби об истироҳат кунанд, ба инҷо меомаданду халос.
– Ҳоло мо арусу домодро ба тамошои баҳр мебарорем. Сокинону меҳмононро барои истироҳату фароғат аз гӯшае ба гӯшаи дигари баҳр мегузаронем. Ҳолатҳое мешавад, ки бо сайёҳони хориҷӣ сайри баҳр мекунем. Хулоса, бо ин васила ризқи худро пайдо карда, зиндагӣ мекунем, – мегӯяд Ҷунайдулло.
ХОНАҲОИ ҲАРАКАТКУНАНДАИ РӮЙИ ОБИИ ҶУНАЙДУЛЛО...
Бо рушд ёфтани соҳаи сайёҳии кишвар, ҳамакнун кори Ҷунайдулло ҳам рӯ ба беҳбудӣ ниҳод. Аз ин рӯ, вай 3 “пантон” ё хонаи ҳаракаткунандаи рӯйи обиро бунёд карда, бо ин васила роҳи иловагии даромади худро ташкил дод.
– Фарз кардем, нафаре мехоҳад ҳамроҳи аҳли оилаи худ дар миёни баҳр истироҳат кунад, ин хонаҳои ҳаракаткунандаи мо бошад орзуи онҳоро амалӣ месозад. Дар дохили “пантонҳо”-и сохтаи мо, ошхонаи хурд, ҳоҷатхона ва ду ҳуҷраи алоҳидаи хоб, яхдон ва тамоми лавозимоти зарурии рӯзгордорӣ таъмин аст. Ҳамчунин, як кат барои нишастану хобидан фароҳам оварда шуда, ҳар як “пантон” бо хати барқ низ таъмин аст, – мегӯяд Ҷунайдулло Файзуллоев.
Ба гуфтаи ӯ, баҳри бехатарии муштариён, онҳо куртаю баллон (чархи резинии дохилаш ҳаво пуркарда) -ҳои наҷотбахшро ҳам дар атрофи хонаҳои ҳаракаткунандаи баҳрии худ фароҳам овардаанд. Дар сурати зарур гаштан, нафароне, ки муштарии онҳо мегарданд, метавонанд аз ин баллонҳо истифода кунанд.

– Ман инсони хушбахтам, зеро ҳам дарё ва ҳам инсонҳо ба ман эътимод доранд, – лабханд зада мегӯяд қаҳрамони матлаби мо. – Бинед, агар шумо ба ронанда бовар надоред, пас ба мошине, ки ӯ сари чанбаракаш нишастааст, савор намегардед, дуруст? Ҳоло, ки мошин дар замин ҳаракат мекунад, ҳар куҷое, ки дилатон хост, аз он поён мешавед. Заврақ ё қаиқ бошад дар об меравад, агар шумо шиноварӣ хуб нестед, пас имкони дар роҳ аз он поён шуданро надоред. Маҳз ба ин хотир, эътимод ба ронандаи он мекунед.
Ин чиз ба ман масъулият мебахшад. Ҳарчанд ман заврақи хурд ронам ҳам, назди мусофирони он худро сардори киштӣ тасаввур мекунам. Аз ин лиҳоз, талош мекунам мусофирони худро саломат ба манзил ва мавзеи лозима расонам.
МУАРРИФӢ
Ҷунайдулло Файзуллоев ҳамакнун барои мо ошност. Зеро бо мутолиа кардани ин матлаб огоҳ шудем, ки ӯ заврақрон аст. Ҷунайдулло зодаи деҳаи Кӯли Суфиёни ноҳияи Данғара аст. Ӯ соли 1981 чашм ба олами ҳастӣ кушода, ҳанӯз аз синни 15- солагӣ ба қаиқронӣ машғул аст. Дақиқан, аз 44 соли ҳаёташ, аллакай наздик ба 30 соли ӯ дар оғӯши баҳри Норак гузаштааст.
Шуғли ӯ низ аждодӣ буда, аз падар ба Ҷунайдулло мерос мондааст. Аз ин рӯ, гоҳҳо фарзандонро ҳам ӯ бо худ мегирад, то ҳунари авлодиро омӯзонад. Вале интихобро ба худи онҳо вогузор мекунад, агар ин пешаро интихоб кунанд, хуб, агар не, дар рӯйхати ҳунарҳояшон як ҳунари дигар зам мегардад.
Ҳоло Ҷунайдулло Файзуллоев дар шаҳри Норак умр ба сар мебарад. Ҳарчанд соҳиби воситаи нақлиёт аст, аммо тавассути заврақ ба хонаи худ рафтуомадро авлотар медонад. Чун обу дарё барояш муҳити ошною одат кардааст.
Дар тобистону тирамоҳ Ҷунайдулло Файзуллоев тавассути қаиқи худ мусофир ва дар зимистону баҳор ҳезум мекашонад. Яъне, ҳар он чӯби хушкшудае, ки тавассути сел ба баҳр мерезад, қаҳрамони матлаби мо онро ҷамъ овардаю ба фурӯш мегузорад. Бо ин васила ҳам баҳр аз хасу хошоки нолозим тоза мегардад ва ҳам ӯ соҳиби ризқу рӯзӣ мешавад.
Низоми Исо.
Бохтар-Норак-Бохтар
Добавить комментарий
Ахбор
Ба ҳам бошед, ёрон, дар муҳаббатхонаи ваҳдат 15:08Чеҳраи хандони Тоҷик аз шарори Ваҳдат аст... 15:03ВАҲДАТ 14:59ВАҲДАТИ МИЛЛӢ — НАҶОТИ МИЛЛАТ 14:55ПАЁМИ ТАБРИКИИ РАИСИ ВИЛОЯТИ ХАТЛОН ДАВЛАТАЛӢ САИД БА МУНОСИБАТИ РӮЗИ ВАҲДАТИ МИЛЛӢ 14:35РОНАНДАИ БАҲРӢ 17:38МИЁНИ ВИЛОЯТИ ХАТЛОН ВА ВИЛОЯТИ ЛЕНИНГРАДИ РОССИЯ СОЗИШНОМАИ ҲАМКОРӢ БА ИМЗО РАСИД 17:32С ВИЗИТОМ В ЛЕНИНГРАДСКОЙ ОБЛАСТИ — ДЕЛЕГАЦИЯ ХАТЛОНСКОЙ ОБЛАСТИ РЕСПУБЛИКИ ТАДЖИКИСТАН 17:25
Серхонандаҳо
СУХАНРОНИИ РАИСИ ВИЛОЯТИ ХАТЛОН МУҲАТАРАМ ДАВЛАТАЛӢ САИД ДАР ФОРУМ ВА НАМОИШГОҲИ БАЙНАЛМИЛАЛИИ САЙЁҲӢ “ХАТЛОН-ҚАЛБИ ГАРМИ САЙЁҲӢ”
ШИНОСОИИ РАИСИ ВИЛОЯТ БО ЛОИҲАИ НАВИ БЕМОРХОНАИ КАСАЛИҲОИ ДИЛ ВА МАРКАЗИ ЭНДОКРИНОЛОГИЯИ ВИЛОЯТИ ХАТЛОН ДАР ШАҲРИ БОХТАР
БОХТАР. ОМӮЗГОРОНУ ХОНАНДАГОНИ ФАЪОЛ ҚАДРДОНӢ ГАРДИДАНД
АСРОРИ СИТОРАИ ИНТЕРНЕТ
ОРЗУРО КАНОРУ АМАЛРО ПЕША КУН!
БУНЁДИ ОИЛА МАСЪУЛИЯТ МЕХОҲАД
Хатлон. Беш аз 190 ҳазор нафар кӯдакону наврасон ба истироҳату фароғат фаро гирифта мешаванд
ТАҶДИДИ МАКТАБ, БУНЁДИ ИНШООТИ ВАРЗИШӢ ВА ТАҚВИЯТИ СОХТОРҲОИ ОТАШНИШОНӢ ДАР МАРКАЗИ ТАВАҶҶУҲИ РАИСИ ВИЛОЯТИ ХАТЛОН
ЁВОН. ТАҚДИМИ ТЕХНИКАҲОИ СОҲАВӢ БА РАЁСАТИ КОММУНАЛӢ
ХАТЛОН: ТАҶЛИЛИ РӮЗИ ТАЪСИСЁБИИ ҚӮШУНҲОИ САРҲАДИИ КДАМ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН