Маҷаллаи Сафо
Маслиҳати муфид
Номаҳо
25 июн 16:56АСОСӢ / Ахбор / Саноат ва кишоварзӣ / Рушди деҳот, сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ / Ҷамъият / Иҷтимоъ / Мақомот / Иқтисод
МУЛОҚОТИ РАИСИ ВИЛОЯТИ ХАТЛОН ДАВЛАТАЛӢ САИД БО РОҲБАРОН, ФАЪОЛОНИ ҶАМЪИЯТИ ТОҶИКОНИ МУҚИМӢ ВА СОҲИБКОРОНИ БУРУНМАРЗӢ ДАР ШАҲРИ САНКТ-ПЕТЕРБУРГИ ФЕДЕРАТСИЯИ РОССИЯ
Бо мақсади рушди ҳамкориҳои миёни вилоятҳои Ленингради Федератсияи Россияву вилояти Хатлон ва баимзорасонии Созишнома раиси вилояти Хатлон Давлаталӣ Саид ба Россия сафари корӣ анҷом доданд.
Гуруҳи намояндагони мақомоти давлатӣ бо роҳбарии раиси вилояти Хатлон Давлаталӣ Саид дар шаҳри Санкт-Петербурги Федератсияи Россия бо роҳбарон, фаъолони ҷамъияти тоҷикони муқимӣ ва соҳибкорони бурунмарзӣ мулоқот намуданд.
Раиси вилояти Хатлон ҳадафи асосии мулоқотро гузаронидани суҳбати озод, муколамаи судманд ва бохабар шудан аз ҳолату вазъи имрӯзаи ҳамватанони берунмарзӣ арзёбӣ карданд.
Боиси хушнудист, ки айни ҳол муносибати дуҷонибаи стратегии Тоҷикистону давлати бузурги Россия бомуваффақият густариш меёбанд ва мулоқотҳои мунтазами сарони ду кишвар барои таҳкими бештари ҳамкорӣ заминаи мусоид фароҳам меоранд.

Раиси вилояти Хатлон Давлаталӣ Саид зимни суханрониашон зикр намуданд, ки дар партави сиёсати хирадмандонаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар соли 2024 бо азму талоши сокинони мамлакат иқдому ташаббусҳои созанда вусъати бесобиқа касб карда, мардуми сарбаланди мо ба хотири боз ҳам ободу зебо гардонидани Ватани биҳиштосои худ сарҷамъу аҳлона ва беш аз ҳар вақти дигар заҳмат кашида, ба дастовардҳои бузург ноил гардиданд.
- Боиси тазаккур аст, ки дар ҳошияи ҷашнҳои бузурги миллӣ, аз ҷумла таҷлили 35-солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ваҳдати миллӣ хурду бузурги кишвар бо ҳисси баланди ватандӯстиву меҳанпарастӣ ва дастгирӣ аз сиёсати хирадмандонаи Пешвои муаззами миллат барои ободу зебо гардонидани ҳар як гушаи ватани азиз, бунёди корхонаҳои хурду миёнаи истеҳсолию хизматрасонӣ, сохтмон ва таъмири роҳҳои автомобилӣ, пулу нақбҳо, садҳо муассисаҳои маорифу тандурустӣ, фарҳангу варзиш ва дар ин замина таъсиси ҷойҳои нави корӣ саҳмгузорӣ намуда истодаанд.

Дар вохӯрӣ, ки ҳамчун рамзи дастгирии фаъолияти касбии соҳибкорон дар роҳи ободии Ватан сурат гирифт, қайд шуд, ки соҳибкорони бонангу номуси вилояти Хатлон бо дарки амиқи масъулият барои имрӯзу ояндаи кишвар ва пешрафти давлат кӯшиш мекунанд, дар раванди ташкили коргоҳу корхонаҳои истеҳсолӣ, бунёди мактабу муассисаҳои тиббию фарҳангӣ, бо ҷойи кор таъмин намудани шаҳрвандон, афзоиши ҳаҷми истеҳсоли маҳсулот, хулоса, дар таҳкими иқтидори иқтисодии Тоҷикистони соҳибистиқлол ва баланд бардоштани сатҳу сифати зиндагии аҳолӣ саҳмгузор ҳастанд.
Дар ин мулоқот як зумра соҳибкорони маҳаллӣ доир ба роҳҳои таҳкими ҳамкорӣ, омодагӣ иштирок дар корҳои ободонию хуррамгардонӣ, бунёди корхонаю коргоҳҳо, бартараф сохтани баъзе монеаҳо дар роҳи рушди соҳибкорӣ баромад карданд.
Онҳо ҳамзамон зикр намуданд, дар доираи имкониятҳои мавҷуда саъю кӯшиши худро барои васеъ намудани фаъолияти истеҳсоливу хизматрасонӣ, қонеъ гардонидани талаботи бозори дохилӣ ва афзоишиҳаҷми содироти молу маҳсулот, таъмин намудани аҳолӣ бо ҷойҳои корӣ ва боз ҳам ободу зебо гардонидани яке аз вилоятҳои калонтарини ҷумҳурӣ - вилояти Хатлон равона менамоянд.
Дар вохӯрӣ оид ба масъалаи гаравидани ҷавонон ба ҳаракатҳои экстремистию террористӣ суханронӣ шуда, зикр гардид, ки мутаассифона, бисёре аз чунин шахсон ҳангоми муҳоҷирати меҳнатӣ ба ин роҳ мераванд.
Дар қисмати охир раиси вилояти Хатлон Давлаталӣ Саид ҳамватанони бурунмарзиро бахшида ба Рӯзи Ваҳдати миллӣ табрику таҳният намуда, ба онҳо саломативу нерумандӣ таманно намуданд.
Хадамоти матбуоти раиси вилояти Хатлон
Добавить комментарий
Ахбор
БЕШ АЗ 432 МИЛЛИОН СОМОНӢ РУХСАТПУЛИИ ОМӮЗГОРОН ПАРДОХТ ШУДААСТ 17:40ПЕШРАФТ ДАР СОҲАИ МАОРИФИ ХАТЛОН: АЗ СОХТМОН ТО ДАСТОВАРДҲОИ ОЛИМПИАДАВӢ 12:36ЗИЁДА АЗ 27 ҲАЗОР ҚОНУНВАЙРОНКУНИҲО ОШКОР КАРДА ШУД 12:30ТАТБИҚИ ЛОИҲАИ “ШАҲРИ БЕХАТАР” ДАР БОХТАР 16:57Дар ноҳияи Абдураҳмони Ҷомӣ 226 иншооти ҷашнӣ мавриди истифода қарор гирифт 13:45ҶАЙҲУН ДАР МАСИРИ РУШДИ УСТУВОР ВА СОЗАНДАГӢ 14:33ТАРБИЯРО АЗ КАДОМ СИННУ СОЛ БОЯД ОҒОЗ КАРД? 14:30БОНУИ МАТИНИРОДА 13:39
Серхонандаҳо
РАИСИ ВИЛОЯТИ ХАТЛОН БО РАИСИ ШӮРОИ ДИРЕКТОРОНИ ШИРКАТИ SHAANXI APPLE GROUP CO., LTD. МАСЪАЛАҲОИ РУШДИ ҲАМКОРИҲОИ САРМОЯГУЗОРӢ ВА БОҒДОРИРО БАРРАСӢ КАРДАНД
ҶАЙҲУН ДАР МАСИРИ РУШДИ УСТУВОР ВА СОЗАНДАГӢ
БОХТАР. ТАРАБХОНАИ “KFC” БА ФАЪОЛИЯТ ОҒОЗ НАМУД
Дар ноҳияи Абдураҳмони Ҷомӣ 226 иншооти ҷашнӣ мавриди истифода қарор гирифт
БОХТАР. БОЗСОЗИИ МАҶМААИ “ВАҲДАТ” ОҒОЗ ШУД
ТАТБИҚИ ЛОИҲАИ “ШАҲРИ БЕХАТАР” ДАР БОХТАР
АВФ – БАХШОИШЕ, КИ САРНАВИШТҲОРО ДИГАР МЕКУНАД
АВФ – ОҒОЗИ САҲИФАИ НАВИ ЗИНДАГӢ
ДАР ВИЛОЯТИ ХАТЛОН НАТИҶАҲОИ РУШДИ ИҶТИМОИЮ ИҚТИСОДИИ НИМСОЛАИ АВВАЛИ СОЛИ 2026 ҶАМЪБАСТ ГАРДИДАНД
1147 НАФАР АЗ МУАССИСАИ ИСЛОҲИИ №3/6-И НОҲИЯИ ЁВОН БА ОЗОДӢ БАРГАШТАНД



