Маҷаллаи Сафо
Чеҳра
Маслиҳати муфид
Номаҳо
23 июн 13:27АСОСӢ / Ахбор / Рушди деҳот, сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ / Ҷамъият / Иҷтимоъ / Маслиҳати муфид
АҶИБ НЕСТ?
Паррандаи аҷиби обзист бо номи яканаи гребенчатӣ (comb-crested jacana) дар назари аввал мисли паррандаи бисёрпой менамояд. Агар бодиққат назар афканед, мебинед, ки гӯё панҷ ҷуфт пой дорад! Вале дар асл, танҳо ду пойи калон ба нарина тааллуқ доранду ҳашт пои дигар аз чаҳор ҷӯҷаашанд, ки зери болҳои падар пинҳон шудаанд. Ин манзара комилан табиӣ аст ва ҳеҷ рабте ба фотошоп надорад.
Дар ҷаҳони яканаи австралиягӣ нақшҳои ҷинсӣ дигаргунанд. Модина бо якчанд мард муносибат мекунад (полиандрия), тухм мегузорад ва сипас пароканда мешавад. Тамоми заҳмати парвариши насл бар дӯши нар мемонад. Ҷуфти нарина на танҳо аз тухмҳо нигоҳубин мекунад, балки баъди баромадани ҷӯҷаҳо бо муҳаббат онҳоро таҳти бол гирифта, ҳифз менамояд.
Ҷӯҷаҳои якана хеле рушдёфта таваллуд мешаванд. Онҳо аз рӯзҳои аввал роҳ рафта метавонанд, дар об шино мекунанд ва ҳатто ғӯта мезананд. Вале онҳо зуд хаста мешаванд ва барои гарм шудан ва истироҳат ба зери болҳои падар мераванд. Агар хатар наздик шавад, падар фавран ҷӯҷаҳоеро бо болҳояш ба оғӯш мегирад, сахт мефишорад ва онҳоро бо суръат аз макони хатар мебарад.
Ин парранда бо пойҳои дарозу ангуштони васеаш устуворона рӯи баргҳои калон ва растаниҳои обӣ роҳ меравад ва барои наҷоти насл аз ҳама имконоташ истифода мебарад. Яканаи гребенчатӣ намунаи камназири масъулияти падарӣ дар ҷаҳони ҳайвонот буда, дар ботлоқзорҳои обии Австралия ва қисматҳои Осиё зиндагӣ мекунад.
Добавить комментарий
Ахбор
БОЗДИДИ РАИСИ ВИЛОЯТИ ХАТЛОН АЗ РАФТИ СОХТМОНИ БИНОИ НАВИ ТАЪЛИМӢ ДАР ШАҲРИ ЛЕВАКАНТ 13:44МУЖДА: ШАҲРИ ЛЕВАКАНТ ДУРНАМОИ ҶАМЪОВАРИИ ҲОСИЛИ ПАХТАРО 100 ФОИЗ ИҶРО КАРД 13:40ҶАЙҲУН. ҲОСИЛИ САБЗӢ ФАРОВОН АСТ 12:16ШИНОСОИИ РАИСИ ВИЛОЯТ АЗ МАКОНИ БУНЁДИ НИШОНИ ДАВЛАТӢ ДАР НОҲИЯИ АБДУРАҲМОНИ ҶОМӢ 16:34ДАР НОҲИЯИ АБДУРАҲМОНИ ҶОМӢ БИНОИ ИЛОВАГИИ ТАЪЛИМӢ БАРОИ 200 ХОНАНДА БА ИСТИФОДА ДОДА ШУД 15:30БОЗДИД АЗ РАВАНДИ МУМФАРШКУНИИ РОҲИ МОШИНГАРДИ ДЕҲАИ КӮШОНОБОДИ НОҲИЯИ АБДУРАҲМОНИ ҶОМӢ 14:26ИШТИРОКИ РАИСИ ВИЛОЯТ ДАР МАЪРАКАИ ПАХТАЧИНӢ ВА СУҲБАТ БО РАИСОНИ ҶАМОАТҲО ДАР НОҲИЯИ АБДУРАҲМОНИ ҶОМӢ 12:21РАИСИ ВИЛОЯТ БО РАИСОНИ ШАҲРУ НОҲИЯҲО ҶАЛАСАИ КОРИИ МАҶОЗӢ БАРГУЗОР НАМУДАНД 12:11
Серхонандаҳо
ДАВЛАТАЛӢ САИД БО САФИРИ БЕЛАРУС МАСЪАЛАҲОИ ГУСТАРИШИ ҲАМКОРИҲОИ ТИҶОРАТИЮ ИҚТИСОДӢ ВА КИШОВАРЗИРО БАРРАСӢ КАРДАНД
ФОРУМИ БАЙНАЛМИЛАЛИИ САРМОЯГУЗОРИИ «ХАТЛОН ИНВЕСТ – 2026» ДАР ШАҲРИ БОХТАР БАРГУЗОР МЕГАРДАД
Дилрабои Ҳотамшо мураббии соли Тоҷикистон шуд
ЁВОН. МУМФАРШКУНИИ 3 КИЛОМЕТР РОҲИ МАҲАЛЛӢ ОҒОЗ ГАРДИД
Гулҳои Гулсара
ЗАБОН- НЕЪМАТИ БЕБАҲОИ МИЛЛАТ
ПАНДИ МОДАР
АҲЛИДДИН ШАРИФЗОДА: ХИЗМАТ БА МАРДУМ — РИСОЛАТИ МУҚАДДАС
Тоҷикистон аз нигоҳи 35 шаҳрванди хориҷӣ
ВАТАН ДАР ҶОН



