Маҷаллаи Сафо
Шеъру адаб
Чеҳра
Маслиҳати муфид
Номаҳо
ШИНОСОИИ РАИСИ ВИЛОЯТ АЗ ҶАРАЁНИ КОРҲОИ САҲРОӢ ДАР НОҲИЯИ ҚУБОДИЁН
Бо мақсади шиносоӣ аз фаъолияти соҳаи кишоварзӣ, самаранок истифода бурдани замин, ҷамъоварӣ намудани ҳосили зироатҳои кишоварзӣ, гузаронидани коркарди кимиёвӣ бар зидди ҳашаротҳои зарарасон ва рафти корҳои созандагию бунёдкорӣ ба истиқболи ҷашни 35 - солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон раиси вилояти Хатлон Давлаталӣ Саид ба ноҳияи Қубодиён сафари корӣ анҷом доданд.
Зимни сафари корӣ раиси вилоят аз фаъолияти кишоварзони ноҳияи Қубодиён дар самти парвариши пахта ва дигар навъи зироатҳои кишоварзӣ аз наздик шиносӣ пайдо намуданд.
Иттилоъ дода шуд, ки хоҷагидорони ноҳияи Қубодиён имсол дар майдони 7 ҳазору 580 гектар кишти пунбадона гузаронидаанд, ки 800 гектари онро кишти зери плёнка ташкил медиҳад.
Дар ҷамоати деҳоти Носири Хусрав раиси вилоят аз фаъолияти хоҷагии деҳқонии Орзу дар самти пахтакорӣ ва сабзавоткорӣ аз наздик шинос шуданд.

Соли равон саҳмдорони хоҷагӣ дар майдони 5 гектар кишти зери плёнка гузаронида, дар натиҷаи риояи қоидаҳои агротехникӣ дар коркард ва парвариши он ба натиҷаҳои назаррас ноил гардиданд.
Мавриди зикр аст, ки нашъунамои пахта дар хоҷагии мазкур бараъло мушоҳида гардида, дар ҳар як ниҳоли пахта аллакай аз 10 то 12 курак ба назар мерасад.
Хоҷагидорон интизории онро доранд, ки имсол аз майдони ҳар як гектар то 50 сентнер ҳосил ба даст биёранд. Ин усули кор аз заҳмати деҳқонону саҳмдорони хоҷагӣ дар кишт ва парвариши пахта далолат медиҳад.

Зимни боздид раиси вилояти Хатлон Давлаталӣ Саид аз хоҷагии деҳқонии Орзу ба деҳқонон дастур доданд, ки дар коркард, ғизодиҳӣ, обмонӣ ва пешгирӣ аз касалиҳо ва ҳашаротҳои заррарасон фаъолияти кории хешро дар асоси агротехникаи муосир ба роҳ монанд, то ин ки ҳосили баланд ба даст биёранд.
Мавриди зикр аст,ки дар хоҷагии мазкур ҳар як қитъа замин самараноку оқилона истифода шуда, дар майдони 50 сотих ба тариқи таҷрибавӣ кишти ҷуворимаккаи навъи мекадониро ба роҳ монда, айни ҳол нашъунамои хуб дошта, аслан ин навъи чуворимакка барои истеъмол намудан парвариш карда мешавад.

Таҷрибаи деҳқонон нишон дод, ки ин навъи тухмӣ ба иқлим ва заминҳои ин мавзеъ хеле мутобиқ буда, дар натиҷаи риояи қоидаҳои агротехникӣ дар коркард ва парвариши он метавон ҳосили дилхоҳ ба даст овард.
Ба масъулини хоҷагӣ дастур дода шуд, ки дар оянда майдони кишти онро васеъ намуда, истеҳсоли ин навъи зироатро барои истеъмол афзун карда, содироти бештари онро ба хориҷи кишвар ба роҳ монанд.
Дар хоҷагии мазкур дар майдони 30 сотих пиёзи барвақтӣ кишт намуда, аллакай хоҷагидорон подоши заҳмати кашидаи хешро ба даст овардаанд.
Раиси вилояти Хатлон Давлатадӣ Саид зимни самаранок истифода бурдани замин дар хоҷагии деҳқони Маҳмадпалвон ва гузаронидани коркарди кимиёвӣ барои хашаротҳои заррарасон, аз ҷумла тортанак дар заминҳои воқеъ дар деҳаи Ҳаваскор шииосоӣ пайдо намуданд.
Иттилоъ дода шуд, ки хоҷагии мазкур дорои 12 гектар замини корами обӣ буда, дар майдони 6,5 гектари он пахта кишт намуда, айни ҳол нашъунамои хуб дорад. Хоҷагидорон аллакай коркарди байниқаторҳо, обмонӣ ва ғизои якумро бо пуррагӣ дар доираи қоидаҳон агротехникӣ амалӣ намудаанд.
Саҳмдорони хоҷагӣ ният доранд, ки имсол бо мусоид омадани обу хаво ҳосили баланди пахтаро ба даст биёранд.
Дар хоҷагӣ дар майдони 1,5 гектар кишти маккаи дони навъи чинӣ гузароннда шуда, айнн ҳол нашъунамои хуб дорад.

Хоҷагидорони ноҳияи Қубодиён дар самти боғдорӣ сол аз сол таҷрибаи зиёд пайдо намуда истодаанд. Дар ҷамоати деҳоти Тахти Сангин хоҷагии деҳқонии Муҳаммадсодиқ ба боғдорӣ машғул буда, дар майдони 5 гектар токзор фаъолият намуда, дар он навъи ангури президентӣ, шоҳона, победа парвариш карда мешавад.

Мушоҳидаҳо нишон дод, ки ҳосилнокии токзор хуб мушоҳида гардида, пас аз 15-20 рӯз ба ҷамъоварии он шурӯъ хоҳанд намуд.
Хадамоти матбуоти раиси вилояти Хатлон
Добавить комментарий
Ахбор
Ҷ. Балхӣ. Мумфаршкунии 6 километр роҳ оғоз гардид 13:03МУЛОҚОТИ РАИСИ ВИЛОЯТИ ХАТЛОН ДАВЛАТАЛӢ САИД БО НАМОЯНДАГОНИ МАГАТЭ: ТАҲКИМИ ҲАМКОРИҲО БАРОИ РУШДИ СОҲАИ ТАНДУРУСТӢ 13:25ХАТЛОН.РӮЗИ БАЙНАЛМИЛАЛИИ ҲИФЗИ КӮДАКОН ТАҶЛИЛ ГАРДИД 15:18ДАР ВИЛОЯТИ ХАТЛОН БОРИ НАХУСТ КУРСИ АЗНАВТАЙЁРКУНИИ КАДРҲОИ ДАР ЗАХИРАБУДАИ ХИЗМАТИ ДАВЛАТӢ РОҲАНДОЗӢ ГАРДИД 11:12ПАЁМИ ТАБРИКИИ РАИСИ ВИЛОЯТИ ХАТЛОН ДАВЛАТАЛӢ САИД БА МУНОСИБАТИ РӮЗИ БАЙНАЛМИЛАЛИИ ҲИФЗИ КӮДАКОН 10:05НАХУСТНАМОИШИ “МЕТРАНПАЖ” ДАР ТЕАТРИ ВИЛОЯТӢ 10:56ФУРӮҒИ МАЪРИФАТ ДАР ЯК ХОНАДОНИ ТОҶИК 10:49ПАЁМИ ШОДБОШИИ РАИСИ ВИЛОЯТИ ХАТЛОН ДАВЛАТАЛӢ САИД БА МУНОСИБАТИ ФАРОРАСИИ ИДИ САИДИ ҚУРБОН 16:35
Серхонандаҳо
МАРҲИЛАИ ДУЮМИ АЗНАВСОЗӢ ВА ТАЪСИСИ МЕДИАТЕКАИ ПРЕЗИДЕНТИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН ДАР КИТОБХОНАИ ВИЛОЯТИИ БА НОМИ ШАМСИДДИН ШОҲИН ВА ОҒОЗИ АЗНАВСОЗИИ КИТОБХОНАИ ВИЛОЯТӢ ДАР ШАҲРИ КӮЛОБ
ЁВОН. БОЗДИДИ РАИСИ ВИЛОЯТ АЗ РАФТИ БАРТАРАФСОЗИИ ОҚИБАТҲОИ ОФАТИ ТАБИӢ ВА СУҲБАТ БО СОКИНОНИ ЗАРАРДИДА
ҶАЙҲУН. 1,1 КИЛОМЕТР РОҲ МУМФАРШ КАРДА ШУД
БОХТАР. БОЗ ЯК КӮДАКИСТОНИ НАВУ ЗАМОНАВӢ БУНЁД МЕШАВАД
ЛЕВАКАНТ. НИЁЗМАНДЕ СОҲИБИ ХОНА МЕШАВАД
РАИСИ ВИЛОЯТИ ХАТЛОН АЗ РАФТИ СОХТМОНИ НЕРУГОҲИ БАРҚИИ ОФТОБӢ ДАР НОҲИЯИ ҶАЙҲУН БОЗДИД НАМУДАНД
ҚАДРШИНОСИИ ИШТИРОКЧИЁНИ ҶАНГ - НИШОНАИ ЭҲТИРОМ БА ТАЪРИХ ВА ВАҲДАТИ МИЛЛӢ
РАИСИ ВИЛОЯТИ ХАТЛОН БА АЁДАТ ВА ТАБРИКИ ИШТИРОКДОРИ 103-СОЛАИ ҶАНГИ БУЗУРГИ ВАТАНӢ РАФТАНД
ҶАВОНОН ВА МАСЪУЛИЯТИ ОИЛАДОРӢ
РАИСИ ВИЛОЯТИ ХАТЛОН АЗ РАФТИ СОХТМОНИ МУАССИСАИ ТОМАКТАБӢ ДАР НОҲИЯИ ҶАЙҲУН БОЗДИД НАМУДАНД



