Маҷаллаи Сафо
Чеҳра
Маслиҳати муфид
Номаҳо
Хатлон. Беш аз 190 ҳазор нафар кӯдакону наврасон ба истироҳату фароғат фаро гирифта мешаванд
Дар вилояти Хатлон аз 10-уми июни соли равон мавсими фарогирии кӯдакон ба лагеру истироҳатгоҳҳо оғоз гардида, тибқи нақша дар ин мавсим беш аз 190 ҳазору 800 кӯдак ба истироҳату фароғат фаро гирифта мешаванд.
Дар ин бора сармутахассиси шуъбаи таҳсилоти иловагӣ, томактабӣ ва интернатии Раёсати маорифи вилояти Хатлон Ниёзалӣ Ашурзода ба “Сафо” иттилоъ дод.
Номбурда гуфт, ки аз шумораи умумии 190 ҳазору 870 нафар кӯдакон, 6180 нафар ба истироҳатгоҳҳои беруназшаҳрӣ, 11 ҳазору 640 нафар ба истироҳати меҳнатӣ – фароғатӣ, 97 ҳазору 506 нафар ба фароғати таълимӣ, 17 ҳазору 680 нафар ба истироҳати варзишӣ – беҳдоштӣ, 22 ҳазору 300 нафар ба лагерҳои назди муассисавӣ, 6310 нафар аз муассисаҳои интернатӣ ва 29 ҳазору 200 нафар аз муассисаҳои томактабӣ ба истироҳату фароғат фаро гирифта мешаванд.
Иттилоъ дода шуд, ки дар чор мавзеи хушбоду ҳавои шаҳру ноҳияҳои вилояти Хатлон макони истироҳату фароғати кӯдакон ташкил карда шудааст, ки қисмати зиёди хонандагон дар ин мавзеъҳо ба истироҳату фароғат фаро гирифта мешаванд.
Инчунин кӯдакони вилояти Хатлон ба лагерҳои истироҳатии беруназшаҳрии “Ширкент”-и шаҳри Турсунзода, “Ромит” ва “Файзи Истиқлол”-и ноҳияи Варзоб фиристода мешаванд.
Ҳамзамон дар ноҳияи Ховалинг барои ғолибони олимпиадаҳо ва озмунҳои сатҳи ҷумҳуриявӣ аз ҷониби Вазорати корҳои дохилии мамлакат истироҳатгоҳи “Лаёқатмандон” ташкил карда шудааст, ки аллакай 10 нафар ғолибони олимпиадаҳо ва озмунҳо барои истироҳату фароғат ба ин мавзеъ фиристода шудаанд.
Фарогирии наврасону кӯдакон ба истироҳату фароғат дар шаҳру ноҳияҳои вилояти Хатлон то 5-уми августи соли равон идома ёфта, дар се марҳила роҳандозӣ карда мешавад.
С. СУЛТОНОВ
Добавить комментарий
Ахбор
Гулҳои Гулсара 12:47ПАНДИ МОДАР 12:43Гавҳари зиндагӣ 12:39Як хиёбон дард 12:34ЁВОН. МУМФАРШКУНИИ 3 КИЛОМЕТР РОҲИ МАҲАЛЛӢ ОҒОЗ ГАРДИД 15:48АҲЛИДДИН ШАРИФЗОДА: ХИЗМАТ БА МАРДУМ — РИСОЛАТИ МУҚАДДАС 15:20ДАР ХАТЛОН ИҶРОИ НАҚШАИ ДАЪВАТИ ТИРАМОҲӢ, ДУРНАМОИ ПАХТА ВА ОМОДАГӢ БА ЗИМИСТОН БАРРАСӢ ГАРДИД 15:16ЗАБОН- НЕЪМАТИ БЕБАҲОИ МИЛЛАТ 13:19
Серхонандаҳо
ДАЪВАТИ ТИРАМОҲӢ БА САФҲОИ ҚУВВАҲОИ МУСАЛЛАҲ ДАР ВИЛОЯТИ ХАТЛОН ДАР РӮЗИ АВВАЛ 76 ФОИЗ ИҶРО ШУД
ОЗМУНИ “РӮДАКИХОНӢ” БАРГУЗОР ГАРДИД
Дилрабои Ҳотамшо мураббии соли Тоҷикистон шуд
“Хушдомани беҳтарин” муайян гардид
Дар Бохтар нақшаи ҷамъоварии ҳосили пахта иҷро шуд
ЁВОН. МУМФАРШКУНИИ 3 КИЛОМЕТР РОҲИ МАҲАЛЛӢ ОҒОЗ ГАРДИД
ЭМОМАЛӢ РАҲМОН
МАРДИ МЕҲНАТ
МАВЛОНО ВА ВАҲДАТИ БАШАРӢ
РӮЗИ ЗАБОН МУБОРАК БОД!



