Маҷаллаи Сафо
Чеҳра
Маслиҳати муфид
Номаҳо
11 июн 17:09АСОСӢ / Ахбор / Ҷамъият / Иҷтимоъ / Мақомот / Маърифат ва тандурустӣ / Сохтмон ва меъморӣ
БОЗДИДИ ДАВЛАТАЛӢ САИД АЗ РАВАНДИ КОРҲОИ СОХТМОНӢ ДАР БЕМОРХОНАИ МАРКАЗИИ НОҲИЯИ АБДУРАҲМОНИ ҶОМӢ
Дар доираи сафари корӣ ба ноҳияи Абдураҳмони Ҷомӣ раиси вилояти Хатлон Давлаталӣ Саид аз ҷараёни корҳои сохтмонӣ ва навсозӣ дар Беморхонаи марказии ноҳия боздид ба амал овард.

Ба раиси вилоят иттилоъ дода шуд, ки бо ташаббуси Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳия ва саҳмгузории шахсони саховатманд санаи 25 майи соли 2025 дар масоҳати 360 метри мураббаъ сохтмони шуъбаи ёрии таъҷилӣ ва қабули беморон оғоз гардида, тибқи лоиҳа бинои якошёна бо 9 ҳуҷраи корӣ дар он пешбинӣ шудааст. Иншоот бахшида ба ҷашни 35-солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон моҳи октябри соли равон мавриди истифода қарор хоҳад гирифт.

Ҳамзамон, бо мақсади беҳтар намудани хизматрасонии тиббӣ ба аҳолӣ, таъмиру азнавсозии роҳи мошингарди атрофи беморхона ба масофаи 200 метр дар назар дошта шудааст, ки ба таъмини ҳаракати бемаҳдуд ва саривақтии мошинҳои ёрии таъҷилӣ мусоидат хоҳад кард.
Дар баробари ин, дар доираи лоиҳаи махсус, ки бо маблағгузории Иттиҳоди Аврупо ва ЮНИСЕФ амалӣ мешавад, аз моҳи декабри соли 2024 корҳои таъмиру азнавсозӣ дар шуъбаҳои таваллуд, кӯдакона, ҷарроҳӣ, қисмати ҷароҳатхона ва ошхона шуруъ гардидаанд. Ин лоиҳаи муҳими иҷтимоӣ бо роҳбарии Рауфӣ А. амалӣ гардида, иҷрои он ба ҶДММ «Бунёди аср» зери роҳбарии Ҷамшед Табаров вогузор шудааст. Қарор аст, ки ин корҳо то моҳи сентябри соли 2025 пурра анҷом ёбанд.

Раиси вилоят ҷараёни корҳои сохтмониро мусбат арзёбӣ намуда, таъкид дошт, ки бо анҷоми пурраи иншооти мазкур сатҳи хизматрасонии тиббӣ дар ноҳия ба маротиб беҳтар хоҳад шуд.
Хадамоти матбуоти раиси вилояти Хатлон
Добавить комментарий
Ахбор
Гулҳои Гулсара 12:47ПАНДИ МОДАР 12:43Гавҳари зиндагӣ 12:39Як хиёбон дард 12:34ЁВОН. МУМФАРШКУНИИ 3 КИЛОМЕТР РОҲИ МАҲАЛЛӢ ОҒОЗ ГАРДИД 15:48АҲЛИДДИН ШАРИФЗОДА: ХИЗМАТ БА МАРДУМ — РИСОЛАТИ МУҚАДДАС 15:20ДАР ХАТЛОН ИҶРОИ НАҚШАИ ДАЪВАТИ ТИРАМОҲӢ, ДУРНАМОИ ПАХТА ВА ОМОДАГӢ БА ЗИМИСТОН БАРРАСӢ ГАРДИД 15:16ЗАБОН- НЕЪМАТИ БЕБАҲОИ МИЛЛАТ 13:19
Серхонандаҳо
ДАЪВАТИ ТИРАМОҲӢ БА САФҲОИ ҚУВВАҲОИ МУСАЛЛАҲ ДАР ВИЛОЯТИ ХАТЛОН ДАР РӮЗИ АВВАЛ 76 ФОИЗ ИҶРО ШУД
ОЗМУНИ “РӮДАКИХОНӢ” БАРГУЗОР ГАРДИД
Дилрабои Ҳотамшо мураббии соли Тоҷикистон шуд
“Хушдомани беҳтарин” муайян гардид
Дар Бохтар нақшаи ҷамъоварии ҳосили пахта иҷро шуд
ЁВОН. МУМФАРШКУНИИ 3 КИЛОМЕТР РОҲИ МАҲАЛЛӢ ОҒОЗ ГАРДИД
ЭМОМАЛӢ РАҲМОН
МАРДИ МЕҲНАТ
МАВЛОНО ВА ВАҲДАТИ БАШАРӢ
РӮЗИ ЗАБОН МУБОРАК БОД!



