Маҷаллаи Сафо
Чеҳра
Маслиҳати муфид
Номаҳо
11 июн 16:58АСОСӢ / Ахбор / Рушди деҳот, сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ / Ҷамъият / Иҷтимоъ / Мақомот / Иқтисод / Сохтмон ва меъморӣ
МАРКАЗИ САВДОИ СЕОШЁНАИ «АСР» ДАР ҶАМОАТИ ДЕҲОТИ «ИФТИХОР»-И НОҲИЯИ АБДУРАҲМОНИ ҶОМӢ ИФТИТОҲ ЁФТ
Ба ифтихори ҷашни 35-солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Ҷамоати деҳоти «Ифтихор»-и ноҳияи Абдураҳмони Ҷомӣ маркази нави савдои «Аср» бо иштироки раиси вилояти Хатлон Давлаталӣ Саид ба истифода дода шуд.

Иншооти мазкур аз ҷониби соҳибкори маҳаллӣ Аброр Воҳидов сохта шуда, аз се ошёна иборат мебошад. Дар маркази савдо 13 нафар занони маҳаллӣ бо ҷойи кори доимӣ таъмин гардидаанд.
Дар ошёнаи якум маҳсулоти ниёзи аввалия ва ҷиҳози рӯзгор, дар ошёнаи дуюм сару либос ва дар ошёнаи сеюм дигар хизматрасониҳои савдо ба муштариён пешниҳод мешаванд.
Ифтитоҳи маркази савдо яке аз чандин иқдомоти созанда дар ҷамоат ба шумор меравад. Тавре зикр шуд, дар Ҷамоати деҳоти «Ифтихор» ба ифтихори ҷашни миллӣ сохтмони 8 иншоот ба нақша гирифта шудааст, ки то имрӯз 4 адади он мавриди баҳрабардорӣ қарор гирифтаанд.

Дар ҷараёни маросими ифтитоҳи иншооти ҷашнӣ ҳамчунин иттилоъ дода шуд, ки дар ноҳия ба муносибати 35-солагии Истиқлоли давлатӣ бунёди 211 иншооти иҷтимоиву иқтисодӣ ба нақша гирифта шудааст ва то имрӯз 70 дарсади онҳо ба истифода дода шудаанд.

Раиси вилоят зимни суханронӣ дар маросим саҳми соҳибкорон ва аҳли ҷамоатчигии маҳаллиро дар татбиқи амалии ҳадафҳои созандаи давлату Ҳукумат арзишманд арзёбӣ намуда, таъкид дошт, ки чунин иқдомҳо дар ободонии деҳот ва беҳдошти сатҳи зиндагии мардум нақши муассир доранд.
Хадамоти матбуоти раиси вилояти Хатлон
Добавить комментарий
Ахбор
БОЗДИДИ РАИСИ ВИЛОЯТИ ХАТЛОН АЗ РАФТИ СОХТМОНИ БИНОИ НАВИ ТАЪЛИМӢ ДАР ШАҲРИ ЛЕВАКАНТ 13:44МУЖДА: ШАҲРИ ЛЕВАКАНТ ДУРНАМОИ ҶАМЪОВАРИИ ҲОСИЛИ ПАХТАРО 100 ФОИЗ ИҶРО КАРД 13:40ҶАЙҲУН. ҲОСИЛИ САБЗӢ ФАРОВОН АСТ 12:16ШИНОСОИИ РАИСИ ВИЛОЯТ АЗ МАКОНИ БУНЁДИ НИШОНИ ДАВЛАТӢ ДАР НОҲИЯИ АБДУРАҲМОНИ ҶОМӢ 16:34ДАР НОҲИЯИ АБДУРАҲМОНИ ҶОМӢ БИНОИ ИЛОВАГИИ ТАЪЛИМӢ БАРОИ 200 ХОНАНДА БА ИСТИФОДА ДОДА ШУД 15:30БОЗДИД АЗ РАВАНДИ МУМФАРШКУНИИ РОҲИ МОШИНГАРДИ ДЕҲАИ КӮШОНОБОДИ НОҲИЯИ АБДУРАҲМОНИ ҶОМӢ 14:26ИШТИРОКИ РАИСИ ВИЛОЯТ ДАР МАЪРАКАИ ПАХТАЧИНӢ ВА СУҲБАТ БО РАИСОНИ ҶАМОАТҲО ДАР НОҲИЯИ АБДУРАҲМОНИ ҶОМӢ 12:21РАИСИ ВИЛОЯТ БО РАИСОНИ ШАҲРУ НОҲИЯҲО ҶАЛАСАИ КОРИИ МАҶОЗӢ БАРГУЗОР НАМУДАНД 12:11
Серхонандаҳо
ДАЪВАТИ ТИРАМОҲӢ БА САФҲОИ ҚУВВАҲОИ МУСАЛЛАҲ ДАР ВИЛОЯТИ ХАТЛОН ДАР РӮЗИ АВВАЛ 76 ФОИЗ ИҶРО ШУД
ДАВЛАТАЛӢ САИД БО САФИРИ БЕЛАРУС МАСЪАЛАҲОИ ГУСТАРИШИ ҲАМКОРИҲОИ ТИҶОРАТИЮ ИҚТИСОДӢ ВА КИШОВАРЗИРО БАРРАСӢ КАРДАНД
Дилрабои Ҳотамшо мураббии соли Тоҷикистон шуд
ФОРУМИ БАЙНАЛМИЛАЛИИ САРМОЯГУЗОРИИ «ХАТЛОН ИНВЕСТ – 2026» ДАР ШАҲРИ БОХТАР БАРГУЗОР МЕГАРДАД
ЭМОМАЛӢ РАҲМОН
ЁВОН. МУМФАРШКУНИИ 3 КИЛОМЕТР РОҲИ МАҲАЛЛӢ ОҒОЗ ГАРДИД
Гулҳои Гулсара
5 МАҲСУЛОТИ НОДИР БАРОИ САЛОМАТӢ
ЗАБОН- НЕЪМАТИ БЕБАҲОИ МИЛЛАТ
ПАНДИ МОДАР



