Маҷаллаи Сафо
Чеҳра
Маслиҳати муфид
Номаҳо
ИДОМАИ САФАРИ КОРИИ РАИСИ ВИЛОЯТ БА НОҲИЯИ БАЛҶУВОН
Раиси вилояти Хатлон Давлаталӣ Саид дар идомаи сафари корӣ ба ноҳияи Балҷувон ташриф оварда, аз ҷараёни корҳои саҳроӣ, бахусус раванди ҷамъоварӣ ва дарави хӯроки чорво дар хоҷагии деҳқонии "Далер-90"-и Ҷамоати деҳоти Сафобахш дидан намуданд.
Зимни боздид Давлаталӣ Саид бо деҳқонон, мутахассисон ва кормандони соҳаи кишоварзии маҳаллӣ суҳбату мулоқоти самимӣ доир намуда, ба заҳмати содиқонаву софдилонаи онҳо баҳои баланд доданд. Таъкид гардид, ки дар шароити мураккаби тағйирёбии иқлим ва камбуди манбаъҳои об, ҷамъоварии саривақтии хӯроки чорво ва захираи кофии он яке аз ҷузъҳои муҳими таъмини амнияти озуқаворӣ ва рушди устувори соҳаи чорводорӣ маҳсуб меёбад.

Дар саҳроҳои ҳудуди Ҷамоати деҳоти Сафобахш бахусус хоҷагии деҳқонии "Далер-90" айни ҳол маъракаи ҷамъоварии хӯроки сабзи чорво, аз ҷумла беда ва ҷави сабз, бо вусъат идома дошта, кишоварзон барои таъмин намудани хоҷагиҳои худ бо хӯроки зарурӣ талош меварзанд. Тибқи иттилои масъулин, танҳо дар ин мавсим деҳқонон ният доранд, ки зиёда аз 500 тонна хӯроки чорворо ҷамъоварӣ ва ба анборҳо захира намоянд, ки ин нишондиҳандаи рушди қобили мулоҳиза дар бахши кишоварзии ноҳия мебошад.

Раиси вилоят зимни суҳбат бо масъулин ва кишоварзон ба самтҳои афзоиши ҳосилнокии зироатҳо, истифодаи оқилонаи заминҳои наздиҳавлигӣ, ҷорӣ намудани усулҳои муосири агротехникӣ ва баланд бардоштани самаранокии меҳнат таъкид намуда, дастур доданд, ки бо мақсади таъмини саривақтии чорво бо хӯрок, назорат аз болои равандҳои ҷамъоварӣ, интиқол ва нигоҳдории маҳсулот таҳким бахшида шавад.
Хадамоти матбуотии раиси вилояти Хатлон
Добавить комментарий
Ахбор
БОЗДИДИ РАИСИ ВИЛОЯТИ ХАТЛОН АЗ РАФТИ СОХТМОНИ БИНОИ НАВИ ТАЪЛИМӢ ДАР ШАҲРИ ЛЕВАКАНТ 13:44МУЖДА: ШАҲРИ ЛЕВАКАНТ ДУРНАМОИ ҶАМЪОВАРИИ ҲОСИЛИ ПАХТАРО 100 ФОИЗ ИҶРО КАРД 13:40ҶАЙҲУН. ҲОСИЛИ САБЗӢ ФАРОВОН АСТ 12:16ШИНОСОИИ РАИСИ ВИЛОЯТ АЗ МАКОНИ БУНЁДИ НИШОНИ ДАВЛАТӢ ДАР НОҲИЯИ АБДУРАҲМОНИ ҶОМӢ 16:34ДАР НОҲИЯИ АБДУРАҲМОНИ ҶОМӢ БИНОИ ИЛОВАГИИ ТАЪЛИМӢ БАРОИ 200 ХОНАНДА БА ИСТИФОДА ДОДА ШУД 15:30БОЗДИД АЗ РАВАНДИ МУМФАРШКУНИИ РОҲИ МОШИНГАРДИ ДЕҲАИ КӮШОНОБОДИ НОҲИЯИ АБДУРАҲМОНИ ҶОМӢ 14:26ИШТИРОКИ РАИСИ ВИЛОЯТ ДАР МАЪРАКАИ ПАХТАЧИНӢ ВА СУҲБАТ БО РАИСОНИ ҶАМОАТҲО ДАР НОҲИЯИ АБДУРАҲМОНИ ҶОМӢ 12:21РАИСИ ВИЛОЯТ БО РАИСОНИ ШАҲРУ НОҲИЯҲО ҶАЛАСАИ КОРИИ МАҶОЗӢ БАРГУЗОР НАМУДАНД 12:11
Серхонандаҳо
ДАВЛАТАЛӢ САИД БО САФИРИ БЕЛАРУС МАСЪАЛАҲОИ ГУСТАРИШИ ҲАМКОРИҲОИ ТИҶОРАТИЮ ИҚТИСОДӢ ВА КИШОВАРЗИРО БАРРАСӢ КАРДАНД
ФОРУМИ БАЙНАЛМИЛАЛИИ САРМОЯГУЗОРИИ «ХАТЛОН ИНВЕСТ – 2026» ДАР ШАҲРИ БОХТАР БАРГУЗОР МЕГАРДАД
Дилрабои Ҳотамшо мураббии соли Тоҷикистон шуд
ЁВОН. МУМФАРШКУНИИ 3 КИЛОМЕТР РОҲИ МАҲАЛЛӢ ОҒОЗ ГАРДИД
Гулҳои Гулсара
ЗАБОН- НЕЪМАТИ БЕБАҲОИ МИЛЛАТ
ПАНДИ МОДАР
АҲЛИДДИН ШАРИФЗОДА: ХИЗМАТ БА МАРДУМ — РИСОЛАТИ МУҚАДДАС
Тоҷикистон аз нигоҳи 35 шаҳрванди хориҷӣ
ВАТАН ДАР ҶОН



