Маҷаллаи Сафо
Маслиҳати муфид
Номаҳо
ДӮСТИ БЕҒАРАЗ, РАФИҚИ МАЪНАВӢ
Китоб сарчашмаи илм, махзани дониш, дӯсти беминнат, ганҷи бебаҳо ва роҳнамову дилкушои инсон аст. Барои ба олами маърифату фарҳанг ворид шудан ва шахсияти муваффақ гаштан мутолиаи китоб нақши созгор дорад.
Хатича Гулова модари мушфиқу ғамхорест, ки дар баробари масъулияти зиёди хонаводагӣ, бибии афсонагӯю меҳрубон ва тарғибгари ҳунари ниёкон буда, барои мутолиаи китоб имконият пайдо мекунаду аз хазинаи тамаддуну маърифат воқиф мешавад. Аз даврони хурдсолӣ завқи баланди шеърхонӣ ва хондани китоби бадеӣ дар қалбаш ҷо шудаву муҳаббат ба китоб то имрӯз ӯро ҳамсафар аст.
– Китоб ба даст мегираму ба олами маънӣ ворид мешавам. Китоб оромиши ҷон, равшангари қалб ва дӯсти беминнати ман аст. Китоби бисёр хондаам, боз ҳам мехонам, ҳамчунин қироати шеърро низ зиёд меписандам. Вақте шеър қироат мекунам, худро дар курсии мактабӣ, давраҳои бебозгашту нотакрори умр эҳсос менамоям. Замони наврасӣ яке аз толибилмони фаъоли муассисаи таълимӣ будам, – мегӯяд Хатича Гулова.
Ин бонуи соҳибдил бо заҳматписандию дидадароӣ миёни омма соҳибэҳтиром гаштааст. Вақте бо ӯ ҳамсуҳбат шудам, аз дунёи зебояш воқиф гаштам. Аз суханонаш ва лутфу меҳрубониҳояш дунё-дунё баҳра гирифтам. Садои хубу форам, нутқи бурро ва завқи баланди шеърхонӣ дорад. Мавсуф бонуи заҳматписанду серталош аст ва ҳар лаҳзаи зиндагиашро пурсамар истифода мебарад. Солҳои зиёд аст, ки дар Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилояти Хатлон ба ҳайси назофатчӣ ифои вазифа дорад. Лаҳзаи фориғ аз корро бештар ба китобхонӣ мегузаронаду аз китобхонаи мақомот васеъ истифода мебарад.
– Агар ба махзани илм ворид шавам, ҳама мушкилот, дарду ранҷи рӯзгорамро фаромӯш мекунам. Ҳар сафҳаи китоб малҳами ҷону дардошнои ман аст. Ҳар моҳ аз музди маошам китоби нав мехарам, – мегӯяд апаи Хатича.
Ӯ субҳи содиқ ба сӯи коргоҳ шитоб мекунад ва то ба фаъолият шуруъ намудани коргарон ба тозагии гирду атроф диққат дода, пасон дар миёни гулҳо аз зебогии гирду атроф баҳравар мешавад. Илҳоми қироати шеър дар ӯ бедор мешаваду ба ҳамкоронаш шеъру рубоиҳои азбарнамудаашро мехонад.
Як орзуе, ки дар қалби пурмеҳраш мепарварад, ин ҳам бошад иштирок дар Озмуни ҷумҳуриявии «Фурӯғи субҳи доноӣ китоб аст» мебошад. Бисёр мехоҳад он ганҷи дар қалб ниҳонашро бо садои дилнишин ба дӯстдорони шеъру тарона расонида, иштирокчии фаъоли озмуни сатҳи ҷумҳуриявӣ гардад.
–Аз эълон шудани соли 2025 – “Соли фарҳанги китобхонӣ» бисёр хушҳол гаштам. Воқеан ҳам, китобхона як мактаби бузургест, ки таъриху фарҳанги миллату давлат дар он ниҳон асту касро аз он воқиф мегардонад, – гуфт дар идомаи суҳбат Хатича Гулова.
Худ мегӯяд, ки пастиву баландиҳои қисмат дар баробари дигарон маро низ думболагирӣ карда буд. Ягона дардбарори ман дар рӯзҳои сахтам рафиқи беғаразам китоб буд, ки хондам, ҷаҳони маънӣ бардошт намудам ва аз мусибати ба сарам омада раҳо ёфтам. Зеро китоб маслиҳатгари беминнат, беҳтарин ёвар аст ва ба зиндагии инсон хушнудӣ мебахшад.
Махфират ШОИМОВА
Добавить комментарий
Ахбор
ФАРЗАНДИ ШУҶОЪ 12:51ТАЛОШИ САБЗ, ҲОСИЛИ ЗАРД Ё ҚИССАИ ЯК БАНАНПАРАВАР 12:43БИЁ, МО НАРАВЕМ 13:06ФЕСТИВАЛИ ВИЛОЯТИИ "ЛИБОСИ МИЛЛӢ - ОСОРИ ТАМАДДУНИ ҶАҲОН" ДАР ВИЛОЯТИ ХАТЛОН 13:01БОХТАР. МУМФАРШ ВА ЧАРОҒОНКУНИИ 1,2 КИЛОМЕТР РОҲ 10:59ХАТЛОН. РӮЗИ ИТТИФОҚҲОИ КАСАБАИ ТОҶИКИСТОН ТАҶЛИЛ ГАРДИД 14:02ҚАДАМҲОИ УСТУВОР ДАР ОБТАЪМИНКУНӢ 14:07ХУТТАЛИ ҚАДИМ – ГАНҶИНАЕ ДАР РӮЙХАТИ ЮНЕСКО 13:59
Серхонандаҳо
БАРОИ “БЕҲТАРКУНИИ НИЗОМИ ОБТАЪМИНКУНӢ ДАР НОҲИЯИ ЁВОН” 4,8 МИЛЛИОН ЕВРО ҶУДО МЕШАВАД
ПАНҶ. ИММУНИЗАТСИЯ БЕШ АЗ 70 ФОИЗ ИҶРО ШУДААСТ
ҶАЙҲУН. БЕШ АЗ ЯК КИЛОМЕТР РОҲ МУМФАРШ КАРДА ШУД
ЁВОН. НАҚШАИ ҶАМЪОВАРИИ ҲОСИЛИ ПАХТА ИҶРО ШУД
ҶАВОН ВА ВАТАН: МАСЪУЛИЯТ, ДОНИШ ВА САДОҚАТ
ХАТЛОН: НАЗДИК БА 80% ДУХТАРОНИ СИННИ 10 – 14-СОЛА ИММУНИЗАТСИЯ ШУДАНД
БОХТАР. МУМФАРШ ВА ЧАРОҒОНКУНИИ 1,2 КИЛОМЕТР РОҲ
ХУТТАЛИ ҚАДИМ – ГАНҶИНАЕ ДАР РӮЙХАТИ ЮНЕСКО
ФАРРУХЗОДАҲОИ МИЛЛАТ
РОҲИ ОСОНИ БАРҚАРОР НАМУДАНИ ҶИГАР


