Маҷаллаи Сафо
Чеҳра
Маслиҳати муфид
Номаҳо
03 июн 10:12АСОСӢ / Ахбор / Рушди деҳот, сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ / Ҷамъият / Маориф / Иҷтимоъ / Мақомот / Иқтисод
САФАРИ КОРИИ РАИСИ ВИЛОЯТ БА ХОВАЛИНГ
Имрӯз дар доираи омодагиҳо ба ҷашни 35-солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва бо ҳадафи шиносоӣ бо рафти корҳои ободониву созандагӣ, инчунин баррасии масоили иҷтимоӣ, раиси вилояти Хатлон муҳтарам Давлаталӣ Саид бо сафари корӣ ба ноҳияи Ховалинг ташриф оварданд.

Зимни сафари корӣ раиси вилоят аз ҷараёни сохтмони бинои иловагии муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии №31, воқеъ дар деҳаи "Таги Ҷар"- и Ҷамоати деҳоти Зиракӣ, боздид ба амал оварданд. Иншооти мазкур бо мақсади беҳтар намудани инфрасохтори соҳаи маориф ва фароҳам овардани шароити мусоиди таълимӣ барои насли наврас бунёд гардида, аз ҷониби дирексияи сохтмонҳои назди Дастгоҳи иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон сохта мешавад.

Бинои нав аз ду ошёна иборат буда, дорои 10 синфхона мебошад ва барои таҳсили 480 нафар хонанда дар ду баст пешбинӣ шудааст. Тавре ба раиси вилоят иттилоъ дода шуд, корҳои сохтмонӣ аз моҳи ноябри соли 2024 оғоз гардида, то имрӯз беш аз 80 фоизи он ба анҷом расидааст.

Раиси вилояти Хатлон Давлаталӣ Саид аз ҷараёни корҳои анҷомёфта изҳори қаноатмандӣ намуда, ба масъулин дастур доданд, ки ҷиҳати ба итмом расонидани сохтмон бо риояи талаботи меъёрии сохтмон ва сифат чораҳои зарурӣ андешанд.
Раиси вилоят таъкид доштанд, ки бо дастгирии бевоситаи Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар саросари мамлакат барои сохтмони муассисаҳои таълимӣ ва беҳтар кардани шароити таълиму тарбия тадбирҳои амалӣ рӯйи кор гирифта мешаванд. Зикр гардид, ки муҳайё сохтани муҳити муносиб барои таҳсилу рушди зеҳнии насли наврас омили муҳим дар тақвияти пояҳои маънавӣ ва зеҳнии ҷомеа маҳсуб меёбад.
Хадамоти матбуоти раиси вилояти Хатлон
Добавить комментарий
Ахбор
БОЗДИДИ РАИСИ ВИЛОЯТИ ХАТЛОН АЗ РАФТИ СОХТМОНИ БИНОИ НАВИ ТАЪЛИМӢ ДАР ШАҲРИ ЛЕВАКАНТ 13:44МУЖДА: ШАҲРИ ЛЕВАКАНТ ДУРНАМОИ ҶАМЪОВАРИИ ҲОСИЛИ ПАХТАРО 100 ФОИЗ ИҶРО КАРД 13:40ҶАЙҲУН. ҲОСИЛИ САБЗӢ ФАРОВОН АСТ 12:16ШИНОСОИИ РАИСИ ВИЛОЯТ АЗ МАКОНИ БУНЁДИ НИШОНИ ДАВЛАТӢ ДАР НОҲИЯИ АБДУРАҲМОНИ ҶОМӢ 16:34ДАР НОҲИЯИ АБДУРАҲМОНИ ҶОМӢ БИНОИ ИЛОВАГИИ ТАЪЛИМӢ БАРОИ 200 ХОНАНДА БА ИСТИФОДА ДОДА ШУД 15:30БОЗДИД АЗ РАВАНДИ МУМФАРШКУНИИ РОҲИ МОШИНГАРДИ ДЕҲАИ КӮШОНОБОДИ НОҲИЯИ АБДУРАҲМОНИ ҶОМӢ 14:26ИШТИРОКИ РАИСИ ВИЛОЯТ ДАР МАЪРАКАИ ПАХТАЧИНӢ ВА СУҲБАТ БО РАИСОНИ ҶАМОАТҲО ДАР НОҲИЯИ АБДУРАҲМОНИ ҶОМӢ 12:21РАИСИ ВИЛОЯТ БО РАИСОНИ ШАҲРУ НОҲИЯҲО ҶАЛАСАИ КОРИИ МАҶОЗӢ БАРГУЗОР НАМУДАНД 12:11
Серхонандаҳо
ДАЪВАТИ ТИРАМОҲӢ БА САФҲОИ ҚУВВАҲОИ МУСАЛЛАҲ ДАР ВИЛОЯТИ ХАТЛОН ДАР РӮЗИ АВВАЛ 76 ФОИЗ ИҶРО ШУД
ДАВЛАТАЛӢ САИД БО САФИРИ БЕЛАРУС МАСЪАЛАҲОИ ГУСТАРИШИ ҲАМКОРИҲОИ ТИҶОРАТИЮ ИҚТИСОДӢ ВА КИШОВАРЗИРО БАРРАСӢ КАРДАНД
Дилрабои Ҳотамшо мураббии соли Тоҷикистон шуд
ФОРУМИ БАЙНАЛМИЛАЛИИ САРМОЯГУЗОРИИ «ХАТЛОН ИНВЕСТ – 2026» ДАР ШАҲРИ БОХТАР БАРГУЗОР МЕГАРДАД
ЭМОМАЛӢ РАҲМОН
ЁВОН. МУМФАРШКУНИИ 3 КИЛОМЕТР РОҲИ МАҲАЛЛӢ ОҒОЗ ГАРДИД
Гулҳои Гулсара
5 МАҲСУЛОТИ НОДИР БАРОИ САЛОМАТӢ
ЗАБОН- НЕЪМАТИ БЕБАҲОИ МИЛЛАТ
ПАНДИ МОДАР



