Бойгонӣ
Май 2025 (74)
Апрель 2025 (36)
Март 2025 (31)
Февраль 2025 (1)
Декабрь 2024 (12)
Ноябрь 2024 (24)

БУНЁДИ ОИЛА МАСЪУЛИЯТ МЕХОҲАД

Сарчашмаи зиндагии ҳар инсон оила аст. Инсон нахустин асосҳои рафтор, феълу атвор, муносибат ба меҳнат ва маърифатро маҳз аз оила мегирад. Муҳимтарин рисолати оила ба дунё овардан, тарбия кардан ва ба камол расонидани фарзанд мебошад.

Хушбахтона, имрӯз Ҳукумати ҷумҳурӣ, бахусус Сарвари давлат, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба масъалаи таҳкиму пойдории оила таваҷҷуҳи зиёд зоҳир менамоянд. Дар ин мавзуъ мо суҳбате оростем бо мудири бахши САҲШ-и мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Кӯшониён Муъмина Иброҳимзода, ки фишурдаи онро пешкаши хонандагони маҷалла менамоем.

– РОҶЕЪ БА ОИЛА ВА НАҚШИ ОН ЧӢ АНДЕШАҲО ДОРЕД?
– Оила таҳкурсии ҷомеаи башар маҳсуб ёфта, яке аз рукнҳои муҳим ва асосии ҷомеа дар тарбияву раванди муносибатҳои иҷтимоӣ, иқтисодӣ ва ахлоқии инсонҳо нақши бунёдӣ мегузорад.
Албатта, ҳар як шахс аввалин асосҳои тарбия ва муносибат бо ҷомеаро маҳз аз оила мегирад. Шахсияти кӯдак ҳам дар оила ташаккул меёбад. Ҳамаи бурду бохти зиндагӣ ба кори оила ва оиладорӣ иртиботи зич дорад. Аз ин рӯ бузургону гузаштагони соҳибтамаддуни мо оиларо шаҳсутуни зиндагӣ, асоси давлату ҷомеа ва танзимгари рушду нумӯи миллат номидаанд.
Пешвои муаззами миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар яке аз суханрониҳояшон дар ситоиши оила таъкид доштанд: “Оила дар фарҳанги мардуми куҳанбунёди тоҷик ҳамчун ниҳоди муқаддас эътироф гардидааст, зеро беҳтарин арзишҳои инсонӣ, аз қабили муҳаббату садоқат, самимияту вафодорӣ ва ҳамдигарфаҳмиву таҳаммулгароӣ маҳз дар оила ташаккул меёбанд”.
Аз қадимулайём мардуми тоҷик мафҳуми оила ва оиладориро муқаддас медонанд ва ҳурмату эҳтиром, садоқату вафодориро байни ҳамаи аъзои оила, аз ҷумла волидон ба ҷо меоварданд.
– ВОЛИДОН БАРОИ ТАШКИЛИ ОИЛАИ ПОЙДОР ВА ТАРБИЯИ МАҚСАДНОКИ ФАРЗАНДОН АЗ КАДОМ УСУЛҲО БОЯД КОР БИГИРАНД?
– Албатта, яке аз вазифаҳои асосии оила дар назди ҷомеа ба дунё овардани фарзанд маҳсуб меёбад. Вазифаи дигари волидон ба фарзанд номи нек гузоштан ва сари вақт таваллудро ба қайд гирифтан аст. Ба дунё омадани тифл боиси шодию хурсандии оила гашта, риштаи меҳру муҳаббати ҳамсаронро мустаҳкам менамояд. Ҳамзамон барои тарбияи фарзандон ва солиму пойдор нигоҳ доштани оила бар дӯши волидон вазифаю масъулияти хоса пеш меояд.
Рисолати ҷонии падару модарон аз он иборат аст, ки ба фарзандон ғамхорӣ намоянд ва онҳоро ҳамчун наслҳои ояндасози ҷомеа ба воя расонанд.
Файласуфи бузурги Юнони Қадим Афлотун дар бораи тарбияи фарзанд навиштааст: “Аввалин ҳарфе, ки волидон ба кӯдак мегӯянд, бояд аз боби одоб бошад”.
Кӯдакон дар оила бояд дар руҳияи муҳаббат ба Ватан, меҳнатдӯстӣ, ифтихори миллӣ, арҷгузорӣ ба фарҳанги волои ниёгон, садоқат ба марзу буми аҷдодӣ ва дигар арзишҳои муҳими башарӣ ба воя расанд.
Тарбияи хуб боиси сарбаландию сарфарозӣ, бахту саодати оила мегардад.
Чи гунае, ки шоир гуфтааст:
Дӯст медорад ҳама фарзанди боодобро,
Медиҳад дар чашм ҷо он гавҳари ноёбро.
Ба ҳамагон маълум аст, ки оила оғоз ва сарчашмаи тарбияи фарзандон буда, ҳамчун асос, занҷири муҳими ҷомеа, пайвандгари наслҳо ва дигар вазифаҳои асосию бунёдиро ба дӯш дорад.
– ВОБАСТА БА АҲАМИЯТИ ТАНЗИМИ ОИЛА ЧӢ НАЗАР ДОРЕД?
– Санадҳои асосие, ки муносибатҳои оилавиро ба танзим медароранд, ин Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон (моддаҳои 33 ва 34) ва Кодекси оилаи Ҷумҳурии Тоҷикистон мебошанд. Хусусиятҳои асосии танзими оила тадриҷан кам шудани таваллуд, афзудани дарозумрӣ ва баланд гардидани сатҳи зиндагии мардум мебошад. Танзим ва ба нақшагирии оила яке аз масъалаҳои муҳим дар оиладорӣ ба ҳисоб рафта, барои пешгирӣ ва рафъи як қатор мушкилоти мавҷуда мусоидат менамояд. Агар фосилаи таваллуд миёни фарзандон 3-4 сол бошад, модар имконият меёбад ба онҳо ғамхорӣ намуда, дар сатҳи хуб тарбия намояд.
Пешвои миллат, Президенти кишвар муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон зимни суханрониашон дар маҷлиси ҷумҳуриявӣ доир ба проблемаҳои демографӣ ва танзими оила таъкид намуда буданд: “Танзими оила барои мо амали тақлидкоронаю зоҳирпарастона набуда, балки зарурати шадиди ҳалли масъалаҳои иқтисодию иҷтимоӣ аст. Мувофиқи маълумотҳои расмӣ ҳоло як оила дар Тоҷикистон ба ҳисоби миёна аз 7 нафар иборат аст. Яъне як нафар саробони оила тақрибан шаш нафарро мехӯронаду мепӯшонад. Ҳоло он ки дар бисёре аз давлатҳои мутараққии дунё ду нафар саробонии як фарзандро ба уҳда доранд ва табиист, ки имкониятҳои онҳо дар кори таълиму тарбияи фарзандон хеле ҳам зиёданд”.
– ИМРӮЗҲО МАСЪАЛАИ ҶУДОШАВИИ ОИЛАҲО БОИСИ НИГАРОНИИ АҲЛИ ҶОМЕА ГАРДИДААСТ. БАҲРИ ПЕШГИРИИ ИН ПРОБЛЕМА ЧӢ БОЯД КАРД?
– Шумо дуруст қайд кардед. Ҷудошавии оилаҳо масъалаест, ки тамоми ҷомеаи ҷаҳониро ба ташвиш овардааст. Мутаассифона, на ҳамаи оилаҳое, ки ташкил меёбанд, пойдору устувор мемонанд. Албатта, сабабҳои пош хӯрдани оилаҳо (бахусус, оилаҳои ҷавон) хеле гуногун буда, паёомадҳои нохушро ба бор меорад.
Сабабҳои асосии ҷудошавии оилаҳо пеш аз ҳама омода набудани ҷавонон ба оиладорӣ, надоштани маърифати оиладорӣ, муҳоҷирати меҳнатӣ ва дигар масоили иҷтимоӣ мебошад. Зарур аст, ки пеш аз барпо кардани оила ҳар як шахс бояд паҳлуҳои муҳими рӯзгор ва ҳаёти оилавиро мавриди омӯзиш қарор диҳад ва муносибатҳои зану шавҳариро хуб дарк карда тавонад. Бунёди оилаи пойдору устувор ва боэътимодро пеш аз ҳама ҳамдигарфаҳмӣ, муҳаббату садоқат, вафодорӣ ва боварӣ байни ҳамсарон ташкил медиҳад.
Сабаби дигари вайроншавии оилаҳо дар он аст, ки падару модарон фарзандони худро ба хонадоршавӣ омода намесозанд. Ҳамзамон баъзе волидоне низ ҳастанд, ки бо дахолати ноҷои худ сабаби пошхӯрии оилаҳои ҷавон мегарданд.
Хушбахтона, тайи солҳои охир раванди ҷудошавии оилаҳо дар ноҳияи Кӯшониён камтар ба чашм мерасад. Соли гузашта бекор кардани ақди никоҳ 18 ҳолат ва дар семоҳаи аввали соли равон нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта 5 ҳолат кам шудааст. Боварии комил дорем, ки баробари мо кормандони бахши сабти асноди ҳолати шаҳрвандӣ ҳар фарди фаъоли ҷомеа низ бо истифодаи ақлу заковат, таҳаммулпазирӣ ва маърифати воло барои пойдории оила талош хоҳанд кард.
– Ташаккур барои суҳбати самимию пурмуҳтаво!
– Саломат бошед.

Аъзам Бобоев, ноҳияи Кӯшониён
Похожие новости:
Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон «Дар бораи самтҳои асосии сиёсати дохилӣ ва хориҷии ҷумҳурӣ» Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон «Дар бораи самтҳои асосии сиёсати дохилӣ ва хориҷии ҷумҳурӣ» АСОСӢ / Ахбор / Саноат ва кишоварзӣ / Сиёсат / Ҳуқуқ ва амният / Рушди деҳот, сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ / Ҷамъият / Фарҳанг / Варзиш / Ҷавонон / Маориф / Иҷтимоъ / Мақомот / Иқтисод / Сохтмон ва меъморӣ АМРИ ПРЕЗИДЕНТИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН АМРИ ПРЕЗИДЕНТИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН АСОСӢ / Ахбор / Ҷамъият / Фарҳанг / Ҷавонон / Иҷтимоъ / Мақомот Суханронии Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон дар мулоқот бо роҳбарон ва фаъолони вилояти Хатлон 24.02.2022, шаҳри Бохтар Суханронии Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон дар мулоқот бо роҳбарон ва фаъолони вилояти Хатлон 24.02.2022, шаҳри Бохтар АСОСӢ / Ахбор / Саноат ва кишоварзӣ / Ҳуқуқ ва амният / Рушди деҳот, сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ / Маориф / Мақомот / Сохтмон ва меъморӣ Сафари кории Пешвои миллат ба вилояти Хатлон Сафари кории Пешвои миллат ба вилояти Хатлон АСОСӢ / Ахбор / Саноат ва кишоварзӣ / Сиёсат / Ҳуқуқ ва амният / Рушди деҳот, сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ / Мақомот / Иқтисод / Сохтмон ва меъморӣ ПАЁМИ ПРЕЗИДЕНТИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН, ПЕШВОИ МИЛЛАТ, МУҲТАРАМ ЭМОМАЛӢ РАҲМОН БА МАҶЛИСИ ОЛӢ ПАЁМИ ПРЕЗИДЕНТИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН, ПЕШВОИ МИЛЛАТ, МУҲТАРАМ ЭМОМАЛӢ РАҲМОН БА МАҶЛИСИ ОЛӢ АСОСӢ / Сиёсат / Мақомот
Добавить комментарий