Бойгонӣ
Май 2025 (74)
Апрель 2025 (36)
Март 2025 (31)
Февраль 2025 (1)
Декабрь 2024 (12)
Ноябрь 2024 (24)

ОРЗУРО КАНОРУ АМАЛРО ПЕША КУН!

“Ман борҳо таъкид карда будам ва ҳоло бори дигар хотиррасон менамоям, ки дар шароити муосир ноил гардидан ба дастовардҳои илму техника ва технологияҳои нав ва баробар бо ҷомеаи пешрафтаи башар қадам гузоштан бидуни аз худ кардану хуб донистани забонҳои хориҷӣ бисёр мушкил ва ҳатто ғайриимкон мебошад”.
Эмомалӣ Раҳмон

Аксарият мехоҳанд забондон бошанд, ҷаҳонро бинанд, асбобҳои гуногуни мусиқӣ навохта тавонанд, шеър эҷод кунанд, олим ва донишманд гарданд, ихтироъ кунанд ва ба ин монанд садҳо орзуҳои ширинро дар дил мепарваранд. Вале танҳо шахсоне ба ин ҳама даст меёбанд, ки орзу карданро канор гузошта, амал намоянд. Агар барои шумо ин мавзуъ писанд аст, пас мусоҳибаи ихтисосии моро бо Шамшод Ҳусейнови забондон мутолиа намоед. Шамшод Ҳусейнов зодаи шаҳри Душанбе аст. Ӯ 24 сол дошта, ҳанӯз дар синни хурдсолӣ ба ИМА муҳоҷир гаштааст.

– ШАМШОД, СИПОС ҶИҲАТИ ПАЗИРУФТАНИ ДАЪВАТ БАРОИ СУҲБАТ. АВВАЛАН МЕГУФТЕД, КИ КИҲО МЕТАВОНАНД ЗАБОНИ АНГЛИСИРО АЗ ХУД КУНАНД? Ё БАРОИ КӢ АЗ ХУД КАРДАНИ ЗАБОН ҚУЛАЙ АСТ?
– Якум, кӯдакону наврасон, ки бояд фарҳанги забономӯзиро аз хурдӣ дар дили онҳо ҷой намуд. Дуюм, онҳое, ки забони давлатии худро нағз медонанд. Сеюм, нафароне, ки бештар филм тамошо ва мусиқӣ гӯш мекунанд.
Шарҳ медиҳам, чи хел? Шахсан ман, дар муддати 4 моҳ аллакай сухан гуфтанро омӯхтам. Яъне ман хурд будам. Кӯдакон ҳофизаи қавӣ доранд, дилхоҳ забонро нисбат ба насли калон тезтар аз худ мекунанд, дар сурате, ки вориди муҳити забономӯзӣ бошанд.
Дилхоҳ забон, исму сифат, феълу шумора, зарф ва грамматикаю услубу замон дорад. Дар сурати забони худро нағз донистан, албатта, ин ҳама барои ту кумак мекунад, то замону услуби баён ва исму сифату феъли забонҳои дигарро ҳазм кард.
– ГУФТАНИЕД, ДОРУ Ё УСУЛЕ ВУҶУД НАДОРАД, ТО ДАР ЯК РӮЗ КАС БО ИСТИФОДА АЗ ОН ЗАБОНДОН ШАВАД?
– (Ӯ механдад). Чаро набудааст? Ҳоло, ки илму техника тараққӣ кардааст, пас ҳарчӣ шуданаш мумкин?
– Таркиби ин дору як аст, аммо бо номҳои гуногун - шавқ, завқ, ҳавас, хоҳиш ва талош! Аммо таъсираш ба ҳар нафар ҳаргуна аст.
– АЗ ТАҶРИБА БИГӮЕД, РОҲҲОИ ОСОН ВА ҚУЛАЙИ ЗАБОНОМӮЗӢ КАДОМҲОЯНД, ЧӢ ХЕЛ БОЯД ЗАБОНДОН ШУД?
– Малколм Гладувэл (Malcolm Gladwell) журналисти машҳури канадагӣ мегӯяд, ки “Барои дар ҳар чизе кордон шудан, тақрибан 10 ҳазор соат лозим аст”. Яъне ин 10 ҳазор соат то кадом ҳад дар он кор содиқ будани касро нишон медиҳад. Аз ин бармеояд, ки садоқат ба кор туро муваффақ мегардонад.
Метавон гуфт, ки ҳеҷ гуна роҳе барои тез ва зуд аз худ кардани забон вуҷуд надорад. Забондон шудан вақт ва машаққати мунтазамро аз кас талаб мекунад. Аммо беҳтарин роҳ барои омӯзиши забон, махсусан, англисӣ онро қисми ҳаёти ҳаррӯзаи худ кардан аст.
– Дуруст аст, ки рушди технология ва интернет кори инсонҳоро осон гардонидааст. Ҳатто онҳое низ ҳастанд, ки бо истифода аз барномаҳои махсуси дар телефони ҳушманд насбкардаи худ ба давлатҳои гуногун сафар мекунанду молу маҳсулоти гуногунро мехаранд. Яъне то ҷое, истифодаи технология ва интернет ба сокинон имконият фароҳам овардааст, ки бидуни кумаки тарҷумон ё забондоне ба хориҷ сафар кунанд.
ДАР ИН МАВРИД ЧӢ МЕГӮЕД? ОЁ ДОНИСТАНИ ТЕХНОЛОГИЯ ВА ИСТИФОДА БУРДА ТАВОНИСТАНИ ИНТЕРНЕТ МЕТАВОНАД ЭҲТИЁҶОТИ МОРО БА ЗАБОНДОНӢ БАРОВАРДА СОЗАД?
– Не! Технология ё умуман интернет, ки барои инсоният сабукиҳоро пеш овардааст, гунаи китоб аст. Тасаввур кунед, шумо дар даст китобе доред, ки ба тамоми суолҳо дар он посух ҳаст, аммо ҷое меравед ки китоб дар дастатон нест. Он гоҳ нафаре ба шумо суол кунад, барои посух гуфтан, албатта оҷиз мемонед, агар он китобро аз бар накарда бошед.
Технология, махсусан интернет ҳам ҳамин гуна аст. Дар мавзеъ ё маконе аз кор мемонад, ки шумо ба он ниёз доред. Дар ин сурат, шумо лол мегардед. Ана барои чӣ забонро донистан муҳим аст. Агар инсон забонро донад, дар дилхоҳ давлат, дилхоҳ ҷою макон барои ӯ мушкил эҷод намешавад. Интернетро метавон ёрдамчии худ қарор дод, на роҳбалад. Зеро интернет ва тамоми технологияро худи инсон офаридаасту кашф кардааст. Ҳеҷ чиз ба дониш ва илм баробар шуда наметавонад. Аз ин рӯ, беҳтар аст забондон бошем.
– ШАМШОД, АГАР ИШТИБОҲ НАКУНАМ, ҲАНӮЗ 8 СОЛ ДОШТӢ, КИ БА ИМА САФАР КАРДӢ. КАЙ ВА ЧӢ ХЕЛ ШУД, КИ МУҚИМИИ АМРИКО ГАШТА, ШАҲРВАНДИИ ОНҶОРО ҚАБУЛ КАРДӢ?
– Модари ман омӯзгор аст. Ӯ соли 2009 барои идомаи таҳсили доктори илмҳои иқтисод дар Донишгоҳи давлатии Вашингтон, идрорпулӣ гирифт. Ману хоҳарам хурд будем, ки бо волидон ба Амрико сафар кардем. Яъне тамоми хурдсолӣ ва айёми наврасии мо дар хориҷ гузаштааст. Чун модарам кори докторантураашро дар Вашингтон ҳимоя кардаю ба кор шуруъ кард, мо муқими онҷо шудем.
– МО ИТТИЛОЪ ДОРЕМ, КИ ШУМО АЗ БАЙНИ 160 ДАВЛАТИ ДУНЁ ТОҶИКИСТОНРО ИНТИХОБ КАРДЕД?
– Бибиям ҳамеша насиҳат мекунанд, ки “Ҳар куҷое ҳастӣ, фаромӯш накун, ки хуни нофат дар куҷо рехтааст”. Ё Сарвари давлатамон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар ҳар як баромадҳои худ таъкид месозанд, ки “Ватани моро ба ҷуз мо, касе обод намекунад”. Ман, ҳамчун як тоҷики муқими мулки бегона метавонам эҳсоси худ ва тоҷикони бурунмарзиро нисбати Ватан баён кунам.
Мо ҳама Тоҷикистонро дӯст медорем, ба қадру қимати миллати худ, Ватани биҳиштосои худ мерасему хоки онро гиромӣ медорем. Кору фаъолият кардани мо дар кишварҳои дигар маънои онро надорад, ки мо аз Тоҷикистон нестем. Ҳар як тоҷике, ки берун аз кишвар кор мекунад, ҳар лаҳза дар ёди ёру диёр ва Ватан мебошад.
Аз 160 кишвари ҷаҳон дубора Тоҷикистонро интихоб кардани ман дар он буд, ки мехоҳам ба ҳамватану ҳамзабони худ, ҳадди ақал роҳҳои забономӯзию забондон гаштанро омӯзам. Омадани ман ба Тоҷикистон шароит фароҳам меоварад то 1 сол ба ҷавонону наврасон забони англисиро ройгон омӯзонам.
– БИЁЕД КАМЕ ДАР БОРАИ БАРНОМАЕ, КИ ТАВАССУТИ ОН ДУБОРА БА ВАТАН БАРГАШТӢ, РАВШАНӢ АНДОЗ.
– Фулбрайт – Fulbright барномаест, ки барои ман имконият дод, ба Тоҷикистон биёям. Барномаи мазкур, ки аз тарафи Вазорати давлатии ИМА дастгирии молиявӣ меёбад, дар 160 кишвари ҷаҳон амал мекунад. Иштирокчиёни ин барнома донишҷӯ ё таҷрибаомӯзанд. Бо супоридани имтиҳону ғолиб гаштан, донишҷӯёни барномаи Фулбрайт ба давлатҳои гуногун рафта, забони англисиро дарс меомӯзанд.
– ШАМШОД, ШУМО АЛЛАКАЙ ҶАҲОНДИДАВУ ЗАБОНДОН ШУДАЕД. АЗ ИН РӮ, ДАР ФАРОВАРДИ МУСОҲИБА БАРОИ ОНҲОЕ, КИ МЕХОҲАНД ЗАБОНДОН БОШАНД, ЧӢ ГУФТАНИЕД?
– Забон дарҳои ҷаҳонро барои кас боз мекунад. Нафаре, ки забон медонад, мисли хазинадор аст. Ё нафарест, ки калиди тамоми қулфҳоро бо худ дорад.
– Ташаккур барои суҳбат!
– Саломат бошед!

Мусоҳиб Низоми ИСО
Похожие новости:
Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон «Дар бораи самтҳои асосии сиёсати дохилӣ ва хориҷии ҷумҳурӣ» Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон «Дар бораи самтҳои асосии сиёсати дохилӣ ва хориҷии ҷумҳурӣ» АСОСӢ / Ахбор / Саноат ва кишоварзӣ / Сиёсат / Ҳуқуқ ва амният / Рушди деҳот, сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ / Ҷамъият / Фарҳанг / Варзиш / Ҷавонон / Маориф / Иҷтимоъ / Мақомот / Иқтисод / Сохтмон ва меъморӣ АМРИ ПРЕЗИДЕНТИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН АМРИ ПРЕЗИДЕНТИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН АСОСӢ / Ахбор / Ҷамъият / Фарҳанг / Ҷавонон / Иҷтимоъ / Мақомот Суханронии Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон дар мулоқот бо роҳбарон ва фаъолони вилояти Хатлон 24.02.2022, шаҳри Бохтар Суханронии Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон дар мулоқот бо роҳбарон ва фаъолони вилояти Хатлон 24.02.2022, шаҳри Бохтар АСОСӢ / Ахбор / Саноат ва кишоварзӣ / Ҳуқуқ ва амният / Рушди деҳот, сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ / Маориф / Мақомот / Сохтмон ва меъморӣ Сафари кории Пешвои миллат ба вилояти Хатлон Сафари кории Пешвои миллат ба вилояти Хатлон АСОСӢ / Ахбор / Саноат ва кишоварзӣ / Сиёсат / Ҳуқуқ ва амният / Рушди деҳот, сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ / Мақомот / Иқтисод / Сохтмон ва меъморӣ ПАЁМИ ПРЕЗИДЕНТИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН, ПЕШВОИ МИЛЛАТ, МУҲТАРАМ ЭМОМАЛӢ РАҲМОН БА МАҶЛИСИ ОЛӢ ПАЁМИ ПРЕЗИДЕНТИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН, ПЕШВОИ МИЛЛАТ, МУҲТАРАМ ЭМОМАЛӢ РАҲМОН БА МАҶЛИСИ ОЛӢ АСОСӢ / Сиёсат / Мақомот
Добавить комментарий