Маҷаллаи Сафо
Чеҳра
Маслиҳати муфид
Номаҳо
29 май 08:48АСОСӢ / Ахбор / Рушди деҳот, сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ / Ҷамъият / Варзиш / Ҷавонон / Маориф / Иҷтимоъ / Мақолаҳо
Ояндасозони кишвар
Сиёсати давлатии ҷавонон яке аз масъалаҳои муҳими ҷомеаи муосир маҳсуб меёбад. Хушбахтона, Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон таҳти роҳбарии Пешвои миллат, Президенти мамлакат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон нисбати ин масъала аҳамияти хоса медаҳанд.
Бахши кор бо ҷавонон ва варзиши Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Данғара ҳам бо баргузории чорабиниҳои сиёсию маърифатӣ, таблиғотию илмӣ ва фарҳангию варзишӣ дар иҷрои барномаҳои соҳавӣ саҳми арзанда дорад.
- Барои дар сатҳи баланд ва сазовор истиқбол намудани ҷашни 35- солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон мо имрӯз силсилачорабиниҳои зиёдеро роҳандозӣ намуда истодаем, -гуфт дар оғози суҳбат мудири бахши кор бо ҷавонон ва варзиши ноҳия Фаридун Раҳимзода.
Бо ташаббуси кормандони бахш зери унвони “Ин ватанро мо ҷавонон гулистон мекунем” корҳои ободонӣ ҳашарҳои ниҳолшинонӣ ва шанбегиҳо ба роҳ монда шудааст. Натиҷаи ҳамин ташаббусҳои наҷибу ватандӯстона аст, ки мавсими имсолаи баҳорӣ дар кӯчаю гулгаштҳо, хиёбонҳои маркази ноҳия ва атрофи боғи Парчам зиёда аз 3800 бех ниҳолҳои ороишӣ ва гулҳои рангоранги мавсимию бисёрсола шинонда шуд. Ҳамасола бахши кор бо ҷавонон ва варзиши ноҳия доир ба самтҳои гуногун аксияҳои зиёдеро ба роҳ мемонад, ки яке аз онҳо аксияи “Мо ҷавонон ин Ватанро сабзу хуррам менамоем” мебошад.
Дар доираи амалӣ гардидани “Барномаи рушди тарбияи ҷисмонӣ ва варзиш барои солҳои 2022-2026” дар ноҳия соҳаи варзиш хеле пеш рафтааст. Имрӯз дар ноҳия як мактаби варзишӣ , як маҷмааи варзишӣ, 64 майдончаҳои варзишӣ, 31 толорҳои варзишӣ, 1 майдони варзиши дорои 10 000 ҷойҳои нишаст, 2 майдони варзишии дорои 2500 нишаст ва 5 майдони футболи хурди сунъӣ дар хизмати ҷавонон қарор дорад.
Соли сипаригардида дастпарварони мактаби варзишӣ ва маҷмааи варзишии ноҳияи дар якчанд мусобиқаҳои минтақавию вилоятӣ ва ҷумҳуриявию байналмилалӣ иштирок карда, сазовори 509 медалҳои тиллою нуқра ва биринҷӣ гардиданд.
Ду сол қабл дар ноҳия дастаи футболи “Сомон” таъсис дода шуд. Футболбозони ҷавони ноҳия дар лигаи дуюми Чемпионати Тоҷикистон бо маҳорати баланд баромад карда, соҳиби ҷойи аввал гардиданд. Соли 2024 барои футболбозони ноҳия соли фаромӯшнашаванда буд. Дастаи футболи “Сомон”соҳиби Ҷоми раиси вилояти Хатлон гардид.
Дастаи волейболбозони духтаронаи мактаби варзишии ноҳия бошад қариб дар ҳамаи мусобиқаҳои вилоятиву ҷумҳуриявӣ фаъолона иштирок намуда, сазовори ҷойҳои ифтихорӣ мегарданд.
Дар доираи тадбиқи “Барномаи давлатии тарбияи ватандӯстӣ, эҳсоси масъулияти шаҳрвандӣ ва таҳкими ҳувияти миллии ҷавонони Тоҷикистон барои солҳои 2023-2027 ва “Барномаи миллии рушди иҷтимоии ҷавонон дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2022-2026” кормандони бахши кор бо ҷавонон ва варзишии ноҳия корҳои зиёдеро ба сомон расонидаанд.
Дар арафаи таҷлили Рӯзи ҷавонони Тоҷикистон чорабиниҳои фарҳангӣ-фароғатии моҳвораи ҷавонӣ дар майдони Парчами давлатӣ таҳти унвони “Шоми ҷавонӣ” дар сатҳи баланд ва хотирмон баргузор гардид.
Боиси ифтихор аст, ки моҳи сентябри соли гузашта дар маркази ноҳия Пешвои миллат, Президенти кишвар муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба сохтмони бинои маъмурии Маркази ҷавонон санги асос гузоштанд. Дар назар аст, ки ин бинои замонавии 7 ошёна дар арафаи ҷашни 35- солагии Истиқлоли давлатии Тоҷикистон мавриди баҳрабардорӣ қарор мегирад.
Мо, ҷавонон бо пайравӣ аз сиёсати хирадмандона ва бунёдкоронаи Пешвои миллат кӯшиш ба харҷ медиҳем, ки бо донишу маърифат, заковати баланди худшиносию ватанпарастӣ ва меҳнати пайгирона дар таҳкими соҳибистиқлолӣ, пойдории сулҳу ваҳдат ва пешрафту тараққиёти кишвари азизамон саҳмгузор бошем, - гуфт дар фарҷоми суҳбат Фаридун Раҳимзода.
Аъзам Бобоев, ноҳияи Данғара
Добавить комментарий
Ахбор
БОЗДИДИ РАИСИ ВИЛОЯТИ ХАТЛОН АЗ РАФТИ СОХТМОНИ БИНОИ НАВИ ТАЪЛИМӢ ДАР ШАҲРИ ЛЕВАКАНТ 13:44МУЖДА: ШАҲРИ ЛЕВАКАНТ ДУРНАМОИ ҶАМЪОВАРИИ ҲОСИЛИ ПАХТАРО 100 ФОИЗ ИҶРО КАРД 13:40ҶАЙҲУН. ҲОСИЛИ САБЗӢ ФАРОВОН АСТ 12:16ШИНОСОИИ РАИСИ ВИЛОЯТ АЗ МАКОНИ БУНЁДИ НИШОНИ ДАВЛАТӢ ДАР НОҲИЯИ АБДУРАҲМОНИ ҶОМӢ 16:34ДАР НОҲИЯИ АБДУРАҲМОНИ ҶОМӢ БИНОИ ИЛОВАГИИ ТАЪЛИМӢ БАРОИ 200 ХОНАНДА БА ИСТИФОДА ДОДА ШУД 15:30БОЗДИД АЗ РАВАНДИ МУМФАРШКУНИИ РОҲИ МОШИНГАРДИ ДЕҲАИ КӮШОНОБОДИ НОҲИЯИ АБДУРАҲМОНИ ҶОМӢ 14:26ИШТИРОКИ РАИСИ ВИЛОЯТ ДАР МАЪРАКАИ ПАХТАЧИНӢ ВА СУҲБАТ БО РАИСОНИ ҶАМОАТҲО ДАР НОҲИЯИ АБДУРАҲМОНИ ҶОМӢ 12:21РАИСИ ВИЛОЯТ БО РАИСОНИ ШАҲРУ НОҲИЯҲО ҶАЛАСАИ КОРИИ МАҶОЗӢ БАРГУЗОР НАМУДАНД 12:11
Серхонандаҳо
ДАЪВАТИ ТИРАМОҲӢ БА САФҲОИ ҚУВВАҲОИ МУСАЛЛАҲ ДАР ВИЛОЯТИ ХАТЛОН ДАР РӮЗИ АВВАЛ 76 ФОИЗ ИҶРО ШУД
ДАВЛАТАЛӢ САИД БО САФИРИ БЕЛАРУС МАСЪАЛАҲОИ ГУСТАРИШИ ҲАМКОРИҲОИ ТИҶОРАТИЮ ИҚТИСОДӢ ВА КИШОВАРЗИРО БАРРАСӢ КАРДАНД
Дилрабои Ҳотамшо мураббии соли Тоҷикистон шуд
ФОРУМИ БАЙНАЛМИЛАЛИИ САРМОЯГУЗОРИИ «ХАТЛОН ИНВЕСТ – 2026» ДАР ШАҲРИ БОХТАР БАРГУЗОР МЕГАРДАД
ЭМОМАЛӢ РАҲМОН
ЁВОН. МУМФАРШКУНИИ 3 КИЛОМЕТР РОҲИ МАҲАЛЛӢ ОҒОЗ ГАРДИД
Гулҳои Гулсара
5 МАҲСУЛОТИ НОДИР БАРОИ САЛОМАТӢ
ЗАБОН- НЕЪМАТИ БЕБАҲОИ МИЛЛАТ
ПАНДИ МОДАР



