Маҷаллаи Сафо
Шеъру адаб
Маслиҳати муфид
Номаҳо
29 май 08:33АСОСӢ / Ахбор / Рушди деҳот, сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ / Ҷамъият / Фарҳанг / Маориф / Иҷтимоъ / Мақолаҳо / Чеҳра
Омӯзгори асил
Агар дастам расад, имрўзу фардо,
Ба устодон кунам, ҷое муҳайё.
Шинонам ҳар яке дар боғи Фирдавс,
Кунад хизмат ба онҳо халқи дунё.
Ин мақом, ин мартабаро Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон барои муаллим муҳайё намудааст. Мақому мартабаи омўзгор дар ҷомеаи мо дар садр қарор дорад, зеро муаллим машъалафрўзи роҳи фардо буда, рисолати ў тарбияи наслҳои сазовору арзанда мебошад. Муаллими фанҳои забон ва адабиёти тоҷики Литсейи давлатии рақами 1 – и ноҳияи Абдураҳмони Ҷомӣ Насиба Назирова аз қабили он гуна устодоне маҳсуб меёбад, ки тамоми ҳастияшро ба таълиму тарбияи наслҳои ояндасози ҷомеа бахшидааст.
- Соле нест, ки Аълочии маориф ва илми ҷумҳурӣ Насиба Назирова тавассути иштироки фаъолонаи шогирдон дар озмунҳои сатҳи вилояту ҷумҳурӣ ҷойи сазоворро ишғол накарда бошанд. Ў беҳтарин инсон, беҳтарин зан ва беҳтарин тарбиятгар буда, обрў ва мақоми ноҳияи Абдураҳмони Ҷомӣ ва вилоятро дар ҷумҳурӣ баланд бардоштааст.

Ба зиндагиномаи ин зани ҳалиму меҳрубон устоди фанҳои забон ва адабиёти тоҷики Литсейи давлатии рақами 1 – и ноҳияи Абдураҳмони Ҷомӣ Насиба Назирова аз даричаи ошноӣ дида медўзем. Ў зодаи шаҳри Панҷакенти бостонии вилояти Суғд буда, соли 1986 дабистони рақами 29-и шаҳрро муваффақона хатм карда, донишҷўи факултаи филологияи тоҷики Донишгоҳи миллии Тоҷикистон гардид ва ин махзани маърифатро соли 1991 хатм кард.
Падару модари Насиба ҳарду ҳам омўзгор буданд. Насиба аз падару модар, устоди нахустинаш Давлатшоҳ Тоҳирӣ ва устодонаш дар Донишгоҳи миллии Тоҷикистон бо некӣ ёд мекунад.
- Ҳар рўз муаллим Насиба Назирова бо дасту дили пок ва нияти нек ба дарс меоянд, то шогирдонашро бо роҳи рости зиндагӣ ҳидоят намояд ва дар қалби онҳо меҳру муҳаббат ба Ватан – Модар, эҳтироми арзишҳои миллию фарҳангӣ ва умумибашариро бедор намояд. Чун нияту ҳадафи эшон нек аст, ба куллаи мақсуд расидан ҳам барояш арзиш дорад,- арзи матлаб намуд Зокирҷон Назаров, муаллими литсей, шогирди ӯ.
Ҳар як дарси муаллима хеле шавқовару диққатҷалбкунанда мегузарад. Ў фанни забону адабиёти тоҷикро дўст медорад. Аз ин фанҳо дониши васеъ дорад. Садоқат ва муҳаббат ба касб Насиба Назироваро миёни аҳли ҷомеа, устодону толибилмони ин боргоҳи маърифат сарбаланд гардонидааст. Дар навбати худ шогирдонаш аз ин фанҳо дониши мукаммал дошта, шеърҳои зиёдеро дар васфи Тоҷикистон, забон, модар азёд медонанд.

«Забон моли халқ, мероси миллат ва сармояи маънавии давлати соҳибистиқлол аст». Ин таъкиди Пешвои муаззами миллатро вай дар қалби шогирдон ҷой дода, худ бо забони шевою буррои тоҷикӣ дар дарс диққати шогирдонро ба худ ҷалб карда метавонад. Ин нишони эњтиром ба забони миллат, эҳтиром ба давлату миллати тоҷик аст. Омӯзгори забон ва адабиёти тоҷики Литсейи давлатии рақами 1 – и ноњияи Абдураҳмони Ҷомӣ Насиба Назирова аз ҳамин ганҷина ба обрўву мартабаҳои бузург расидааст. Баъди хатми Донишгоҳи миллии Тоҷикистон солҳои 1991 – 1995 ӯ дар дабистони рақами 10 – и ноҳияи Хуросон ва солҳои 1995 – 2000 – ум ба сифати омўзгори муассисаи тањсилоти миёнаи умумии рақами 34 – и шаҳри Панҷакент, аз соли 2000 – ум инҷониб ба ҳайси омўзгори Литсейи давлатии рақами 1 – и ноҳияи Абдураҳмони Ҷомӣ фаъолият намуд. Тули тамоми фаъолияташ ў садоқати худро ба касб нишон дод.
Насиба Назирова ҳама вақт дар талошу омўзиш аст, месўзад то бисозад, тарбия кунад наслеро, ки фардо парчамбардори давлату миллати тоҷик бошанд. Хизмат ба миллат ба тарбияи шогирдони баркамолу арзандаи миллат, орзуи ҳамешагии соҳибватани мо мебошад.
Заҳмати ҳампешаро ҳампеша медонад, ки чист,
Захми дасти кўҳканро теша медонад, ки чист.
Ҳампешагон заҳмати ўро меписанданд, ба ҳунару маҳорати омўзгории ў қоиланд. Ў шогирдонеро ба камол расонида истодааст, ки дар озмунҳои сатҳи ҷумҳуриявӣ, бахусус, озмуни «Фурўғи субҳи доноӣ китоб аст» фаъолона ширкат дошта, пайваста сазовори ҷойҳои ифтихорӣ шуда истодаанд. Ҳама дастоварду пешравиҳои худро ғолибони ин озмун аз заҳмату шабзиндадориҳои устоди худ Насиба Назирова арзёбӣ медоранд.
Дар баробари устоди касби хеш будан муаллим дорои беҳтарин фазилатҳои неки инсонӣ мебошад. Ў зани ҳалим, меҳрубон, хоксор ва ботамкин буда, эҳтирому обрўи баландро сазовор гардидааст.
Насиба Назирова оиладор, соҳиби се фарзанди дорои маълумоти олӣ буда, фарзандонаш Манучеҳр, Маҳпора ва Манижа дар вазифаҳои масъул- яке тарҷумон, дигаре журналист ва сеюмӣ табиби ҷарроҳ буда, дар хизмати халқу ватан қарор доранд. Зиндагии якҷоя бо шавҳари бомаърифат Рустам Каримов аз соли 1991 инҷониб, фарзандони солеҳ ва дўстдори меҳан ин оиларо хушбахт ва пирўзу сарбаланд гардонидааст. Баракати кору рўзгор ва умри инсон аз оила маншаъ гирифтааст, ки ин боиси иқболу саодатмандист. Аз ин нигоҳ ин ватан, ин обу хок ва ин кишварро самимона бояд дўст дошт, зеро «дўстдории Ватан аз гўшаи имон аст».
Саодатмандии рўзгор, хушиҳои ҳаёт ва беҳтарин орзую таманниёти инсониро ба ин оилаи аҳлу тифоқ таманно мекунем.
Саидзода Шералӣ
ноҳияи Абдураҳмони Ҷомӣ
Добавить комментарий
Ахбор
Серхонандаҳо
Бунёди филиали Агентии амнияти химиявӣ, биологӣ, радиатсионӣ ва ядроӣ дар шаҳри Бохтар
Омӯзгори ДДБ ба номи Носири Хусрав ғолиби озмуни байналмилалӣ шуд
КӮЛОБ. 1,2 КИЛОМЕТР РОҲ ТАЪМИРИ АСОСӢ ШУД
ЁВОН. БУНЁДИ 60 СИНФХОНАИ ИЛОВАГӢ ИДОМА ДОРАД
МАВСИМИ ПОЛЕЗӢ ОҒОЗ ШУД
Кӯлоб. 324 оила соҳиби оби тозаи нӯшокӣ шуд
Таҷлили 80-солагии Рӯзи Ғалаба дар вилояти Хатлон
Ҷ. Балхӣ. Мавсими ҷамъоварии пилла оғоз гардид
Хатлон. Ташрифи сайёҳон зиёд шудааст
Рӯзгори ибратомӯз