Маҷаллаи Сафо
Чеҳра
Маслиҳати муфид
Номаҳо
29 май 08:20АСОСӢ / Ахбор / Рушди деҳот, сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ / Ҷамъият / Фарҳанг / Ҷавонон / Иҷтимоъ
МО ҒАМХОРИ ЯТИМОНЕМ
Иқдоми хайрхоҳонаи Муассисаи давлатии Театри вилоятии мусиқӣ-мазҳакавии ба номи Ато Муҳаммадҷонови шаҳри Бохтар бахшида ба Рӯзи байналмилалии ҳифзи кӯдакон.
Бо мақсади татбиқи ҳидоятҳои башардӯстонаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва дар асоси нақша-чорабиниҳои тасдиқнамудаи раиси вилояти Хатлон муҳтарам Давлаталӣ Саид, кормандони Театри вилоятии мусиқӣ-мазҳакавии ба номи Ато Муҳаммадҷонови шаҳри Бохтар ба мактаб-интернати ятимони ноҳияи Вахш сафари ҳунарӣ анҷом доданд.
Ин иқдом дар доираи “40 рӯзи ҳаёти кӯдакон” ва ба ифтихори Рӯзи байналмилалии ҳифзи кӯдакон сурат гирифта, ҳадаф аз он дастгирии маънавии кӯдакони ятим ва болида гардонидани рӯҳияи онҳо мебошад.
Дар ҳамин замина, ҳайати ҳунарии театр намоишномаи «Бозгашт»-ро пешкаши тарбиятгирандагони интернат намуданд. Дар намоиш ҳунармандони шинохта аз ҷумла Кароматулло Сафаров, Фирдавси Турдиали, Бибинисо Боқиева, Дилафрӯз Саидова, Комилҷон Бибиев ва Ҳикматулло Мирзоев ҳунарнамоӣ карданд.
Сипас, барномаи фарҳангии идона бо иштироки сарояндагони маъруфи кишвар баргузор гардид. Дар он ҳунарпешаи халқии Тоҷикистон Муҳаммадалӣ Аюбӣ, Хушвахт Гулов, Гулнора Сайдалиева, Мадина Давлатова, Рамазони Абдуҷалил, Шаҳбоз Шарипов ва Гулдаста Қудусова баромад карданд.
Аз ҷониби роҳбарият ва кормандони театр ба кӯдакон тӯҳфаҳои идона тақдим гардид, ки фазои идонаро пурра намуд ва лабхандро бар чеҳраи тифлакон овард.
Дар охир, роҳбарияти мактаб-интернат ва мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатии ноҳияи Вахш барои дастгирии ташаббуси мазкур ба ҳунармандон Сипоснома тақдим намуданд.
Таъкид кардан зарур аст, ки чунин иқдомҳои хайрхоҳона нишонаи равшани сиёсати инсонпарваронаи давлат ва Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон буда, дар тарбияи инсони солим ва рӯҳан нерӯманд саҳми арзанда мегузоранд.
Добавить комментарий
Ахбор
БОЗДИДИ РАИСИ ВИЛОЯТИ ХАТЛОН АЗ РАФТИ СОХТМОНИ БИНОИ НАВИ ТАЪЛИМӢ ДАР ШАҲРИ ЛЕВАКАНТ 13:44МУЖДА: ШАҲРИ ЛЕВАКАНТ ДУРНАМОИ ҶАМЪОВАРИИ ҲОСИЛИ ПАХТАРО 100 ФОИЗ ИҶРО КАРД 13:40ҶАЙҲУН. ҲОСИЛИ САБЗӢ ФАРОВОН АСТ 12:16ШИНОСОИИ РАИСИ ВИЛОЯТ АЗ МАКОНИ БУНЁДИ НИШОНИ ДАВЛАТӢ ДАР НОҲИЯИ АБДУРАҲМОНИ ҶОМӢ 16:34ДАР НОҲИЯИ АБДУРАҲМОНИ ҶОМӢ БИНОИ ИЛОВАГИИ ТАЪЛИМӢ БАРОИ 200 ХОНАНДА БА ИСТИФОДА ДОДА ШУД 15:30БОЗДИД АЗ РАВАНДИ МУМФАРШКУНИИ РОҲИ МОШИНГАРДИ ДЕҲАИ КӮШОНОБОДИ НОҲИЯИ АБДУРАҲМОНИ ҶОМӢ 14:26ИШТИРОКИ РАИСИ ВИЛОЯТ ДАР МАЪРАКАИ ПАХТАЧИНӢ ВА СУҲБАТ БО РАИСОНИ ҶАМОАТҲО ДАР НОҲИЯИ АБДУРАҲМОНИ ҶОМӢ 12:21РАИСИ ВИЛОЯТ БО РАИСОНИ ШАҲРУ НОҲИЯҲО ҶАЛАСАИ КОРИИ МАҶОЗӢ БАРГУЗОР НАМУДАНД 12:11
Серхонандаҳо
ДАЪВАТИ ТИРАМОҲӢ БА САФҲОИ ҚУВВАҲОИ МУСАЛЛАҲ ДАР ВИЛОЯТИ ХАТЛОН ДАР РӮЗИ АВВАЛ 76 ФОИЗ ИҶРО ШУД
ДАВЛАТАЛӢ САИД БО САФИРИ БЕЛАРУС МАСЪАЛАҲОИ ГУСТАРИШИ ҲАМКОРИҲОИ ТИҶОРАТИЮ ИҚТИСОДӢ ВА КИШОВАРЗИРО БАРРАСӢ КАРДАНД
Дилрабои Ҳотамшо мураббии соли Тоҷикистон шуд
ФОРУМИ БАЙНАЛМИЛАЛИИ САРМОЯГУЗОРИИ «ХАТЛОН ИНВЕСТ – 2026» ДАР ШАҲРИ БОХТАР БАРГУЗОР МЕГАРДАД
ЭМОМАЛӢ РАҲМОН
ЁВОН. МУМФАРШКУНИИ 3 КИЛОМЕТР РОҲИ МАҲАЛЛӢ ОҒОЗ ГАРДИД
Гулҳои Гулсара
5 МАҲСУЛОТИ НОДИР БАРОИ САЛОМАТӢ
ЗАБОН- НЕЪМАТИ БЕБАҲОИ МИЛЛАТ
ПАНДИ МОДАР



