Маҷаллаи Сафо
Шеъру адаб
Маслиҳати муфид
Номаҳо
28 май 15:24АСОСӢ / Ахбор / Рушди деҳот, сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ / Ҷамъият / Фарҳанг / Иҷтимоъ / Мақолаҳо / Чеҳра
Саодати зиндагӣ
Дар замони имрӯзаи пуртаҳаввулоту печидаи ҷаҳонишавӣ пойдору устувор нигоҳ доштани оилаҳо, тарбияи фарзандон дар руҳияи арҷгузорӣ ба арзишҳои оиладорӣ аз мавзуъҳои мубрами рӯз арзёбӣ мегардад. Зеро хоҳу нохоҳ равандҳои ҷаҳонишавӣ ба ҳаёти рӯзмарра ва бахусус, ба фарҳанги оиладории мо таъсири худро мерасонад. Мавриди қайд аст, ки дар фарҳанги халқи тоҷик оила як ниҳоди муқаддас ва меҳвари пешбарандаи ҳаёти мо маҳсуб меёбад.
Баргузории ҳамоишу чорабиниҳои гуногун бахшида ба Рӯзи байналмилалии оила ва Озмуни ҷумҳуриявии «Оилаи беҳтарин» бозгӯи он аст, ки имрӯз дар ҷомеаи мо оилаҳои солиму дорои фарҳанги воло хеле зиёданд. Ин оилаҳо дар баробари нақши муассир доштанашон дар пешрафту корҳои ободонии ҷомеа ва тарбияи фарзандони солеҳ, ҳамзамон намунаи ибратомӯзӣ ва мактаби бузурги омӯзанда барои оилаҳои ҷавон мебошанд.
Дар даври вилоятии Озмуни ҷумҳуриявии “Оилаи беҳтарин”, ки аз 25 шаҳру навоҳии вилоят оилаҳои беҳтарин- ғолибони даври ноҳиявию шаҳрӣ ҷамъ омада буданд, диққати моро оилаи Амирхон Саидзода аз ноҳияи Ховалинг ҷалб намуд. Зимни намоиши дастовардҳои ҳунариву эҷодии довталабони озмуни мазкур рӯи мизи оилаи Саидзодаҳо ба қавле ҷойи сузанпартоӣ набуд. Диплом, ифтихорномаву сипоснома, ҷоизаҳо аз озмунҳои ҷумҳуриявӣ ва китобҳои тозанашри эшон болои миз ба тартиб чида шудаанд. Дарвоқеъ ҳам, пушти ҳар як дастовард маҳсули эҷодии ин хонавода хело ҳам заҳмат, неру ва истеъдоди эшон ниҳон менамуд.
Исми Амирхон Саидзода (Амир Сайиди Мункӣ) дар ноҳияи Ховалинг, вилояти Хатлон ва балки фаротар аз он ошност. Ӯ омўзгор, адиб, журналист ва кишваршиносест, ки ҳамеша дар ҷустуҷӯву такопӯ аст. Аз зумраи шахсиятҳои донишманди Тоҷикистон аст, ки кӯшидааст паҳлуҳои наомӯхтаи куҳандиёри Мунк (Ховалинг)-ро таҳқиқ намуда, осори қадимаи ниёгонро ҷамъоварӣ созад.
Амирхон Саидзода ҳамчунин, аз адибони сермаҳсул ба ҳисоб меравад, ки то имрўз 45 китоби назмию насрӣ ва илмӣ – оммавӣ ба табъ расонида, соҳибҷоизаи Иттифоқи нависандагони Тоҷикистон, Вазорати фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҷоизаи адабии ба номи Носири Хусрав, узви Иттифоқи нависандагони Тоҷикистон ва ғолиби чандин озмунҳои ҷумҳуриявист.
Рамзист, ки дар шабу рӯзи баргузории Озмуни ҷумҳуриявии “Оилаи беҳтарин” Амирхон ва ҳамсараш 50 сол баҳори умри худро якҷоя истиқбол мегирифтанд. Тавре ҳамагон огоҳӣ дорем, дар солҳои пешин мардум 50-умин солгарди оиладориро “тӯйи тиллоӣ” меномиданд. Зеро дар ин муддат ҳамакнун, мушкилот ва ҳама шебу фарозро паси сар намуда, ҳамсаронро хомашон пухта шудаву дар муҳаббату вафодорӣ содиқ буданашон собит гардидааст. Ҳамсари Саидзода Амирхон қаҳрамонмодар – Одинаева Бахтинисо бо шукргузориву ифтихор аз бахту иқболи оилавӣ қисса мекунад, ки тули ним асри ҳаёт бо ҳамсараш Амирхон Саидзода рӯзгори хушу хуррамона доранд.
- Дар фарҳанги оиладории мардуми мо аз ҳама муҳим ҳурмату эҳтиром, боварӣ ба ҳамдигар ва тифоқу ҳамандеш дар руҳияи арзишҳои муқаддаси инсонӣ тарбияву ба воя расонидани фарзандон мебошад. Чаро ки вақте зану шавҳар ҳамдигарро эҳтиром мекунанд, фарзандон низ дар пайравӣ аз зодмандони хеш ҳамин гуна равишу шеваи рӯзгордориро пеша хоҳанд кард. Мусаллам аст, ки асли дудмони озодагон алфози дағалу қабеҳро истифода намекунанд ва ҳурмату эҳтиром сарчашмаи муваффақияти онҳост. Дар ҳақиқат ҳам хушнудиву муваффақиятҳои ҳаётӣ ва умуман саодати зиндагии ҳар оила аз муҳити солим ва хулқу атвори шоистаи зану шавҳар сарчашма мегирад.
Онҳо соҳиби 10 фарзанди баркамол, 40 набераву 10 абера мебошанд. Фарзандон соҳиби маълумоти олӣ ва хонаву рӯзгори алоҳидаи худ буда, ҳар яки онҳо хизмати содиқона ба халқу Ватанро рисолати ҳаётии хеш мешуморанд.
Амир Сайиди Мункӣ ҳамчун журналист бештар аз ҳазор мақола, очерк ва дигар матолиб дар мавзуъҳои мубрами рӯз дар матбуоти маҳалливу ҷумҳуриявӣ ба табъ расонидааст. Ба хотири фаъолияти пурсамараш дар ин ҷода буд, ки соли 2011 ба унвони ифтихории Аълочии матбуоти Тоҷикистон шарафёб гардид. Ҳамчунин, ӯ дар ҷодаи эҷод ба ҷоизаҳои чандин рўзномаҳои даврӣ, аз ҷумла собиқ «Роҳи ленинӣ», «Ҳақиқати Ховалинг», «Ҷумҳурият», «Омўзгор» ва ғайра сазовор гардидааст.
Амирхон Саидзода дар рушди соҳаи фарҳангу кишваршиносӣ низ нақши босазо дорад. Қобили зикр аст, ки ҳанӯз дар соли 1982 бо саъю талошҳои ӯ ва дар асоси ёдгориҳои ҷамъовардаи ӯву шогирдонаш осорхонаи таърихӣ- кишваршиносӣ ташкил карда шуд. Дар ҳудуди Ховалинг, ки бисёр таърихи бою боғановат дорад, таҳҷои шаҳри Мунки бостонӣ воқеъ гаштааст. Имрўз осорхонаи дар назди мактаби деҳаи Доробӣ ташкилкардааш бо ибтикороти вай ба осорхонаи таърихӣ – кишваршиносии ноҳиявӣ табдил дода шуда, борҳо ғолиби озмунҳои ҷумҳуриявӣ гардидааст.
Ҳамчунин, Саидзода Амирхон дар рушди соҳаи китобдорӣ ва баланд бардоштани мақоми китоб, ҳифзу нигаҳдории хазинаи гаронбаҳо, тарғиби китобу китобхонӣ саҳми босазо дорад. Вай соҳиби китобхонаи шахсӣ- “Ганҷи Мунк” буда, дар ин махзани маърифат беш аз 6500 нусха китоб ҷамъ овардааст. Барои хизмати шоён дар ин ҷода чандин маротиба ғолиби Озмуни ҷумҳуриявии “Китобдор, китобхона ва китобхонаи шахсии сол” гаштааст.
Мавриди зикр аст, ки дар маросими ҷамъбастии Озмуни ҷумҳуриявии “Оилаи беҳтарин”, ки дар Рӯзи байналмилалии оила дар шаҳри Душанбе баргузор гардид, оилаи Амирхон Саидзода сазовори ҷойи якум дониста шуда, ин хонаводаи номдори ноҳияи Ховалинг бо туҳфаҳои хотиравии Кумитаи кор бо занон ва оилаи назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон қадрдонӣ карда шуд.
Айни замон Амирхон Саидзода ба ҳайси директори Осорхонаи таърихӣ-кишваршиносии ноҳияи Ховалинг фаъолият дошта, чун ҳамеша дар баробари таҳқиқу пажӯҳишҳои муҳим дар самти фарҳангу риштаи кишваршиносӣ, ҳамзамон ба фаъолияти гуногунҷабҳаи эҷодӣ машғул аст. Тавре худ изҳор медорад тансиҳату умр боқӣ бошад ӯ дар масири рушди соҳаи фарҳангу кишваршиносӣ саҳми боз ҳам бештар гузошта бо эҷоди матлабу асарҳои гуногунмавзуъ дар баланд бардоштани донишу маърифати ҷомеа саҳму нақши дучанд хоҳад гузошт.
Латофат Чориева, ноҳияи Ховалинг
Добавить комментарий
Ахбор
Серхонандаҳо
ҲАМАДОНӢ. 12 КИЛОМЕТР РОҲ ТАЪМИРИ АСОСӢ МЕШАВАД
Бунёди филиали Агентии амнияти химиявӣ, биологӣ, радиатсионӣ ва ядроӣ дар шаҳри Бохтар
Омӯзгори ДДБ ба номи Носири Хусрав ғолиби озмуни байналмилалӣ шуд
ЁВОН. БУНЁДИ 60 СИНФХОНАИ ИЛОВАГӢ ИДОМА ДОРАД
КӮЛОБ. 1,2 КИЛОМЕТР РОҲ ТАЪМИРИ АСОСӢ ШУД
“ВАХШ” САДРНИШИНИ ҶАДВАЛИ ЛИГАИ ОЛӢ ШУД
МАВСИМИ ПОЛЕЗӢ ОҒОЗ ШУД
Кӯлоб. 324 оила соҳиби оби тозаи нӯшокӣ шуд
Таҷлили 80-солагии Рӯзи Ғалаба дар вилояти Хатлон
Ҷ. Балхӣ. Мавсими ҷамъоварии пилла оғоз гардид