Маҷаллаи Сафо
Чеҳра
Маслиҳати муфид
Номаҳо
24 май 11:15АСОСӢ / Ахбор / Ҳуқуқ ва амният / Рушди деҳот, сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ / Ҷамъият / Иҷтимоъ / Мақомот / Маърифат ва тандурустӣ / Иқтисод / Сохтмон ва меъморӣ
ҚАБУЛИ САЙЁРИ РАИСИ ВИЛОЯТИ ХАТЛОН ДАР НОҲИЯИ ФАРХОР
24 май, дар маҷлисгоҳи Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Фархор аз ҷониби раиси вилояти Хатлон Давлаталӣ Саид қабули сайёри шаҳрвандон баргузор гардид.

Дар қабули сайёр 11 нафар шаҳрвандон оид ба тоза намудани заҳбуру заҳкашҳо, ҷудо намудани қитъаи замини наздиҳавлигӣ, дарёфти гранти раиси вилоят, расонидани кӯмак модди, таъмини аробачаи маъюбӣ, мусоидати кашидани хатти оби нӯшокӣ, гирифтани қитъаи замин барои таъсиси хоҷагии деҳқонӣ дархости мусоидати раиси вилоятро намуданд.

Раиси вилоят Давлаталӣ Саид ба масъулини идораҳои вилоятӣ ва ноҳиявӣ ҷиҳати баррасии саривақтӣ ва расидагӣ ба арзу муроҷиати шаҳрвандон дастуру супоришҳои мушаххас доданд.
Ҳамчунин, ба ниёзмандон кӯмаки пулӣ ва ба беморе, ки ба аробача маъюбӣ ниёз дошт, аз ҷониби раиси вилоят аробача тақдим гардид.

Раиси вилоят таъкид намуданд, ки ҳалли мушкилоти мардум яке аз вазифаҳои авлавиятноки мақомоти маҳаллӣ мебошад ва дар ин замина тамоми кӯшишҳо ба харҷ дода мешаванд.
Сокинон аз ин иқдоми раиси вилоят изҳори қаноатмандӣ намуда, иброз доштанд, ки чунин қабули шаҳрвандон имконият медиҳад, ки масъалаҳои онҳо мустақиман ба роҳбарияти вилоят расонида шаванд.

Бо итминон изҳор гардид, ки масъалаҳои пешниҳодшуда таҳти назорати ҷиддӣ қарор гирифта, барои ҳалли онҳо кӯшишҳои ҳамаҷониба ба роҳ монда мешаванд.
Инчунин, раиси вилоят бо фаъолон ва роҳбарони сохторҳои мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳия суҳбат намуда, оид ба натиҷаҳои рушди иҷтимоиву иқтисодии ноҳия, вусъати корҳои ободониву хуррамгардонӣ, бунёду азнавсозии муассисаҳои таълимӣ, тиббӣ ва варзишӣ, баланд бардоштани сатҳу сифати таълим, хизматрасонии тиббӣ, дохилшавии хатмкунандагон ба макотиби олӣ, тарбияи фарзанд дар рӯҳияи ватандӯстӣ, вусъати киштукори баҳорӣ, бунёди боғҳои интенсивӣ, маданияти истифодабарии замин, коркарди маҳсулоти кишварзӣ, таҳкими корҳои идеологӣ, ҳамкорӣ бо бахши хусусӣ барои ҳалли масъалаҳои иҷтимоии мардум, корҳои фаҳмондадиҳӣ бо усули “Хона ба хона”, шомилшавии ҷавонон ба ҳизбу ҳаракатҳои террористиву экстремистӣ, таълимоти ғайриқонунии динӣ ва дигар масъалаҳои мубрам суханронӣ карданд ва ҷиҳати ҳалли масъалаҳои мазкур ба масъулин дастуру супоришҳои мушаххас доданд.
Хадамоти матбуоти раиси вилояти Хатлон
Добавить комментарий
Ахбор
Гулҳои Гулсара 12:47ПАНДИ МОДАР 12:43Гавҳари зиндагӣ 12:39Як хиёбон дард 12:34ЁВОН. МУМФАРШКУНИИ 3 КИЛОМЕТР РОҲИ МАҲАЛЛӢ ОҒОЗ ГАРДИД 15:48АҲЛИДДИН ШАРИФЗОДА: ХИЗМАТ БА МАРДУМ — РИСОЛАТИ МУҚАДДАС 15:20ДАР ХАТЛОН ИҶРОИ НАҚШАИ ДАЪВАТИ ТИРАМОҲӢ, ДУРНАМОИ ПАХТА ВА ОМОДАГӢ БА ЗИМИСТОН БАРРАСӢ ГАРДИД 15:16ЗАБОН- НЕЪМАТИ БЕБАҲОИ МИЛЛАТ 13:19
Серхонандаҳо
ДАЪВАТИ ТИРАМОҲӢ БА САФҲОИ ҚУВВАҲОИ МУСАЛЛАҲ ДАР ВИЛОЯТИ ХАТЛОН ДАР РӮЗИ АВВАЛ 76 ФОИЗ ИҶРО ШУД
ОЗМУНИ “РӮДАКИХОНӢ” БАРГУЗОР ГАРДИД
Дилрабои Ҳотамшо мураббии соли Тоҷикистон шуд
“Хушдомани беҳтарин” муайян гардид
Дар Бохтар нақшаи ҷамъоварии ҳосили пахта иҷро шуд
ЁВОН. МУМФАРШКУНИИ 3 КИЛОМЕТР РОҲИ МАҲАЛЛӢ ОҒОЗ ГАРДИД
ЭМОМАЛӢ РАҲМОН
МАРДИ МЕҲНАТ
МАВЛОНО ВА ВАҲДАТИ БАШАРӢ
РӮЗИ ЗАБОН МУБОРАК БОД!



