Маҷаллаи Сафо
Чеҳра
Маслиҳати муфид
Номаҳо
ТАШАББУСИ МУҲИМУ САРИВАҚТӢ
Футбол яке аз намудҳои рушдёфтаи варзиш дар тамоми дунё ба ҳисоб рафта, дар миёни аҳолӣ нисбат ба дигар намудҳои варзиш маҳбубияти зиёд дорад. Ҷумҳурии Тоҷикистон низ дар қатори дигар давлатҳо барои рушди ин намуди варзиш тамоми имкониятҳоро фароҳам оварда, дастовардҳои футболбозони тоҷик ҳамасола зиёд шуда истодааст.
Ҳамасола санаи 25-уми май таҷлил намудани Рӯзи ҷаҳонии футбол, ки соли 2024 бо пешниҳоди Президенти Федератсияи футболи Тоҷикистон муҳтарам Рустами Эмомалӣ бо қатъномаи махсуси Созмони Милали Муттаҳид қабул гардид, ин мужда аз ҷониби мухлисони футбол ва дар умум мардуми ҷаҳон хуш пазируфта шуда, ба рушди футболи касбӣ мусоидат намуда истодааст.
Дар вилояти Хатлон, аз ҷумла дар ноҳияи Кӯшониён низ таваҷҷуҳ ба рушди футбол зиёд буда, баҳри пешрафту оммавигардонии ин намуди варзиш тамоми шароити лозимӣ фароҳам оварда шудааст.
Тавре зимни суҳбат директори Мактаби варзишии ноҳияи Кӯшониён Парвиз Азимзода иброз намуд, соҳаи варзиш, аз ҷумла футбол дар сиёсати имрӯзаи Ҳукумати мамлакат яке аз самтҳои муҳимму афзалиятнок ба шумор рафта, мусоидати ҳамаҷонибаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва Президенти Федератсияи футболи Тоҷикистон муҳтарам Рустами Эмомалӣ ба рушди соҳаи варзиш, оммавигардонӣ, инкишоф ва амалӣ шудани барномаҳои давлатӣ дар ин соҳа нақши муносиб гузошта истодааст.
Феълан дар ноҳияи Кӯшониён як варзишгоҳи марказӣ ва 68 майдончаҳои варзишӣ мавҷуд аст, ки ҳамарӯза дар онҳо ҷавонону хоҳишмандони зиёде ба машқу тамрин машғул мебошанд.
Ҳамчунин, дар ноҳия дастаи “Кӯшон”-и ноҳияи Кӯшониён фаъолият менамояд, ки дар Чемпионати Тоҷикистон байни дастаҳои Лигаи дуюм ҳунарнамоӣ мекунад.
Парвиз Азимзода мегӯяд, дар доираи нақша – чорабиниҳои мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Кӯшониён дар ҳама деҳаю маҳаллаҳои ҳудуди ноҳия мунтазам мусобиқаҳои футбол гузаронида мешавад. Аз ҷумла, ҳамасола мусобиқаи футболи “Деҳа ба деҳа” дар сатҳи хуб баргузор мешавад, ки дастаи ғолиб дар сатҳи вилоятӣ ва ҷумҳуриявӣ иштирок мекунад.
– Дар заминаи роҳандозӣ гардидани мусобиқаи футболи “Деҳа ба деҳа” дастаи “Деҳварз”-и деҳаи Ҳосилоти Ҷамоати деҳоти Заргари ноҳия хуб ҳунарнамоӣ карда, дар сатҳи ҷумҳуриявии ин мусобиқот чор маротиба иштирок намудааст ва ду маротиба, солҳои 2020 ва 2024 ҷойи аввалро сазовор гардидааст, – мегӯяд П. Азимзода.
Дастаи “Деҳварз” соли 2020 зери роҳбарии Қудратзода Саидраҳмон таъсис ёфта, дар ҳайати худ беҳтарин футболбозонро аз қабили Ҷамшед Шарифов, Маҳмадсолеҳ Шарифзода ва Асадулло Шарифзода фаро гирифтааст, ки шаъну шарафи футболи ноҳияи Кӯшониён ва вилояти Хатлонро дар сатҳи ҷумҳуриявӣ баланд бардошта истодааст. Феълан, даста дар сатҳи хуби варзишӣ қарор дошта, масъулин нақша доранд дар соли равон низ дар сатҳи ҷумҳуриявии мусобиқаи футболи “Деҳа ба деҳа” хуб ҳунарнамоӣ намоянд.
Парвиз Азимзода дар идомаи суҳбат афзуд, ки воқеан ҳам ташаббуси эълони Рӯзи ҷаҳонии футбол аз ҷониби Президенти Ассотсиатсияи футболи Осиё, раиси Федератсияи футболи Тоҷикистон муҳтарам Рустами Эмомалӣ муҳимму саривақтӣ мебошад.
– Қабул гардидани пешниҳоди Тоҷикистон ҳамчун рушди дипломатияи варзишӣ бори дигар далели он аст, ки ҷомеаи ҷаҳонӣ нақши боризи Тоҷикистонро ҳамчун давлати пешбарандаи усулҳои тарзи ҳаёти солим ва вусъатдиҳандаи ҳамкории байналмилалии варзишӣ барои оммавӣ гардонидани он дар арсаи байналмилалӣ муҳим ва зарур мешуморад. Дар натиҷаи ин ҳама ғамхориҳо умед аст, ки футболи Тоҷикистон аз ин ҳам зиёдтар рушд карда, шаъну шарафи Тоҷикистонро дар арсаи байналмилалӣ баланд мебардорад, – гуфт дар фарҷоми суҳбат Парвиз Азимзода.
Сулаймон СУЛТОНОВ,
ноҳияи Кӯшониён
Добавить комментарий
Ахбор
БОЗДИДИ РАИСИ ВИЛОЯТИ ХАТЛОН АЗ РАФТИ СОХТМОНИ БИНОИ НАВИ ТАЪЛИМӢ ДАР ШАҲРИ ЛЕВАКАНТ 13:44МУЖДА: ШАҲРИ ЛЕВАКАНТ ДУРНАМОИ ҶАМЪОВАРИИ ҲОСИЛИ ПАХТАРО 100 ФОИЗ ИҶРО КАРД 13:40ҶАЙҲУН. ҲОСИЛИ САБЗӢ ФАРОВОН АСТ 12:16ШИНОСОИИ РАИСИ ВИЛОЯТ АЗ МАКОНИ БУНЁДИ НИШОНИ ДАВЛАТӢ ДАР НОҲИЯИ АБДУРАҲМОНИ ҶОМӢ 16:34ДАР НОҲИЯИ АБДУРАҲМОНИ ҶОМӢ БИНОИ ИЛОВАГИИ ТАЪЛИМӢ БАРОИ 200 ХОНАНДА БА ИСТИФОДА ДОДА ШУД 15:30БОЗДИД АЗ РАВАНДИ МУМФАРШКУНИИ РОҲИ МОШИНГАРДИ ДЕҲАИ КӮШОНОБОДИ НОҲИЯИ АБДУРАҲМОНИ ҶОМӢ 14:26ИШТИРОКИ РАИСИ ВИЛОЯТ ДАР МАЪРАКАИ ПАХТАЧИНӢ ВА СУҲБАТ БО РАИСОНИ ҶАМОАТҲО ДАР НОҲИЯИ АБДУРАҲМОНИ ҶОМӢ 12:21РАИСИ ВИЛОЯТ БО РАИСОНИ ШАҲРУ НОҲИЯҲО ҶАЛАСАИ КОРИИ МАҶОЗӢ БАРГУЗОР НАМУДАНД 12:11
Серхонандаҳо
ДАЪВАТИ ТИРАМОҲӢ БА САФҲОИ ҚУВВАҲОИ МУСАЛЛАҲ ДАР ВИЛОЯТИ ХАТЛОН ДАР РӮЗИ АВВАЛ 76 ФОИЗ ИҶРО ШУД
ДАВЛАТАЛӢ САИД БО САФИРИ БЕЛАРУС МАСЪАЛАҲОИ ГУСТАРИШИ ҲАМКОРИҲОИ ТИҶОРАТИЮ ИҚТИСОДӢ ВА КИШОВАРЗИРО БАРРАСӢ КАРДАНД
Дилрабои Ҳотамшо мураббии соли Тоҷикистон шуд
ФОРУМИ БАЙНАЛМИЛАЛИИ САРМОЯГУЗОРИИ «ХАТЛОН ИНВЕСТ – 2026» ДАР ШАҲРИ БОХТАР БАРГУЗОР МЕГАРДАД
ЭМОМАЛӢ РАҲМОН
ЁВОН. МУМФАРШКУНИИ 3 КИЛОМЕТР РОҲИ МАҲАЛЛӢ ОҒОЗ ГАРДИД
Гулҳои Гулсара
5 МАҲСУЛОТИ НОДИР БАРОИ САЛОМАТӢ
ЗАБОН- НЕЪМАТИ БЕБАҲОИ МИЛЛАТ
ПАНДИ МОДАР



