Маҷаллаи Сафо
Чеҳра
Маслиҳати муфид
Номаҳо
ХАТЛОН. ҶАВОНОН–НЕРӮИ СОЗАНДАИ ВАТАН
Санаи 22 май дар шаҳри Бохтар, маркази вилояти Хатлон, бо ҳузури зиёда аз 11 ҳазор нафар ҷавонон ва намояндагони қишрҳои гуногуни ҷомеа, як чорабинии калони ҷамъиятӣ ва фарҳангӣ ба муносибати Рӯзи ҷавонони Тоҷикистон баргузор гардид.
Қисмати аввалинро роҳпаймоии умумии ҷавонон ташкил дод, ки аз терминали мусофиркашонии шаҳр оғоз гардида, то гулгашти бахшида ба 70-солагии Водии Вахш идома ёфт. Ҷавонон бо парчамҳои миллӣ, шиору овезаҳои баландовоз ва чеҳраҳои шукуфон рамзи ҳамбастагӣ, ваҳдат ва ифтихори миллӣ буданд.

Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилоят ва шаҳр, аз ҷумла муовини раиси вилоят Анзурат Абдусаломзода, раиси шаҳри Бохтар Абдулмаҷид Муминзод ва дигар шахсони расмӣ дар ин ҳамоиши бошукӯҳ иштирок намуданд. Онҳо бо суханони табрикӣ ҷавононро ба ташаббускорӣ, созандагӣ ва таҳкими арзишҳои миллӣ ҳидоят карданд. Паёми табрикии Раиси вилояти Хатлон муҳтарам Давлаталӣ Саид низ ба иштирокдорон расонида шуд.
Пас аз роҳпаймоӣ, меҳмонон ва иштирокдорон аз намоиши дастовардҳои ҷавонони фаъол ва варзишгарон дидан намуданд. Маҳсули ҳунар, эҷод ва заҳмати ин нерӯи навсозанда мояи ифтихор ва ҳавасмандии ҳамагон гардид.

Дар идомаи чорабинӣ, як гурӯҳ аз ҷавонони пешсаф бо сипосномаҳо ва туҳфаҳои хотиравӣ аз номи роҳбарияти вилоят ва сохторҳои дахлдор қадрдонӣ шуданд.
Қисмати фарҳангӣ бо баромади сарояндагон, раққосон ва гурӯҳҳои ҳунарии вилоят, ки суруду рақсҳои миллӣ ва васфи Ватанро иҷро намуданд, идомаи ёфт.
Ин ҷамъомади тантанавӣ нишон дод, ки ҷавонони Хатлон дар фазои сулҳу субот ва бо пуштибонии роҳбарияти давлату Ҳукумат, нерӯи воқеан созанда ва ояндасози кишвар ба ҳисоб мераванд.
Добавить комментарий
Ахбор
БОЗДИДИ РАИСИ ВИЛОЯТИ ХАТЛОН АЗ РАФТИ СОХТМОНИ БИНОИ НАВИ ТАЪЛИМӢ ДАР ШАҲРИ ЛЕВАКАНТ 13:44МУЖДА: ШАҲРИ ЛЕВАКАНТ ДУРНАМОИ ҶАМЪОВАРИИ ҲОСИЛИ ПАХТАРО 100 ФОИЗ ИҶРО КАРД 13:40ҶАЙҲУН. ҲОСИЛИ САБЗӢ ФАРОВОН АСТ 12:16ШИНОСОИИ РАИСИ ВИЛОЯТ АЗ МАКОНИ БУНЁДИ НИШОНИ ДАВЛАТӢ ДАР НОҲИЯИ АБДУРАҲМОНИ ҶОМӢ 16:34ДАР НОҲИЯИ АБДУРАҲМОНИ ҶОМӢ БИНОИ ИЛОВАГИИ ТАЪЛИМӢ БАРОИ 200 ХОНАНДА БА ИСТИФОДА ДОДА ШУД 15:30БОЗДИД АЗ РАВАНДИ МУМФАРШКУНИИ РОҲИ МОШИНГАРДИ ДЕҲАИ КӮШОНОБОДИ НОҲИЯИ АБДУРАҲМОНИ ҶОМӢ 14:26ИШТИРОКИ РАИСИ ВИЛОЯТ ДАР МАЪРАКАИ ПАХТАЧИНӢ ВА СУҲБАТ БО РАИСОНИ ҶАМОАТҲО ДАР НОҲИЯИ АБДУРАҲМОНИ ҶОМӢ 12:21РАИСИ ВИЛОЯТ БО РАИСОНИ ШАҲРУ НОҲИЯҲО ҶАЛАСАИ КОРИИ МАҶОЗӢ БАРГУЗОР НАМУДАНД 12:11
Серхонандаҳо
ДАЪВАТИ ТИРАМОҲӢ БА САФҲОИ ҚУВВАҲОИ МУСАЛЛАҲ ДАР ВИЛОЯТИ ХАТЛОН ДАР РӮЗИ АВВАЛ 76 ФОИЗ ИҶРО ШУД
ДАВЛАТАЛӢ САИД БО САФИРИ БЕЛАРУС МАСЪАЛАҲОИ ГУСТАРИШИ ҲАМКОРИҲОИ ТИҶОРАТИЮ ИҚТИСОДӢ ВА КИШОВАРЗИРО БАРРАСӢ КАРДАНД
Дилрабои Ҳотамшо мураббии соли Тоҷикистон шуд
ФОРУМИ БАЙНАЛМИЛАЛИИ САРМОЯГУЗОРИИ «ХАТЛОН ИНВЕСТ – 2026» ДАР ШАҲРИ БОХТАР БАРГУЗОР МЕГАРДАД
ЭМОМАЛӢ РАҲМОН
ЁВОН. МУМФАРШКУНИИ 3 КИЛОМЕТР РОҲИ МАҲАЛЛӢ ОҒОЗ ГАРДИД
Гулҳои Гулсара
5 МАҲСУЛОТИ НОДИР БАРОИ САЛОМАТӢ
ЗАБОН- НЕЪМАТИ БЕБАҲОИ МИЛЛАТ
ПАНДИ МОДАР



