Маҷаллаи Сафо
Чеҳра
Маслиҳати муфид
Номаҳо
ХАТЛОН: ТАҶЛИЛИ РӮЗИ БАЙНАЛМИЛАЛИИ ОСОРХОНАҲО
Ҳамасола, 18-уми май дар саросари мамлакат Рузи Байналмилалии осорхонаҳо бо шукӯҳу шаҳомати хоса таҷлил карда мешавад.
Ба ин муносибат санаи 19- уми май соли равон бо иштироки муовини раиси вилояти Хатлон Абдусаломзода Анзурат, дар Муассисаи давлатии осорхонаи таъриху кишваршиносии вилояти Хатлон ба номи «Авасто» чорабинии идона доир гардид.
Дар ин рӯз меҳмонон аз намоиши ҳунарҳои мардумӣ ва асарҳои рассомони вилоят боздид ба амал оварда, ба дастандаркорони он баҳои баланд дода шуд.

Дар оғози чорабинӣ, муовини раиси вилояти Хатлон Анзурат Абдусаломзода ба сухан баромада, иброз аз он дошт, ки фаъолияти осорхонаҳо ҳамеша дар мадди назари Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, хосса Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон қарор доранд. Зеро осорхона маконе аст, ки ба воситаи ёдгориҳояш метавонад ба ҳиссиёти тамошобин таъсир гузошта, шахсро дар руҳияи ватандӯстӣ, ифтихори миллӣ, арҷгузорӣ ба осори таърихӣ, зебоипарастӣ ва дарки олами нафосат тарбият намояд.

Дар идомаи чорабинии идона директори Муассисаи давлатии осорхонаи таъриху кишваршиносии вилояти Хатлон ба номи «Авасто» Орифзода Муҳаммад низ ба сухан баромад намуда, иброз дошт, ки агар як паҳлӯи муҳими фаъолияти осорхона ҷамъоварӣ, нигоҳдорӣ ва муаррифии осори таърихию фарҳангӣ бошад, пас паҳлӯи дигари фаъолияти осорхона-пеш бурдани амалҳои оммавӣ-маърифатӣ мебошад.

Дар ин рӯз барои саҳми арзанда гузоштан дар татбиқи сиёсати фарҳангпарваронаи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, махсусан дар самти рушди соҳаи фарҳанг, ҳифз, нигаҳдошту посдории арзишҳои таърихиву фарҳангӣ ва хизматҳои беназир дар рушди осорхонаю фарҳангшиносӣ ба муносибати Рӯзи байналмилалии осорхонаҳо як қатор рассомон, роҳбарони осорхонаҳои шаҳру навоҳии вилоят ва ҳамчунин кормадони осорхона бо Сипосномаи Муассисаи давлатии осорхонаи таъриху кишваршиносии вилояти Хатлон ба номи «Авасто» сарфароз гардонида шуд.
"Сафо"
Добавить комментарий
Ахбор
БОЗДИДИ РАИСИ ВИЛОЯТИ ХАТЛОН АЗ РАФТИ СОХТМОНИ БИНОИ НАВИ ТАЪЛИМӢ ДАР ШАҲРИ ЛЕВАКАНТ 13:44МУЖДА: ШАҲРИ ЛЕВАКАНТ ДУРНАМОИ ҶАМЪОВАРИИ ҲОСИЛИ ПАХТАРО 100 ФОИЗ ИҶРО КАРД 13:40ҶАЙҲУН. ҲОСИЛИ САБЗӢ ФАРОВОН АСТ 12:16ШИНОСОИИ РАИСИ ВИЛОЯТ АЗ МАКОНИ БУНЁДИ НИШОНИ ДАВЛАТӢ ДАР НОҲИЯИ АБДУРАҲМОНИ ҶОМӢ 16:34ДАР НОҲИЯИ АБДУРАҲМОНИ ҶОМӢ БИНОИ ИЛОВАГИИ ТАЪЛИМӢ БАРОИ 200 ХОНАНДА БА ИСТИФОДА ДОДА ШУД 15:30БОЗДИД АЗ РАВАНДИ МУМФАРШКУНИИ РОҲИ МОШИНГАРДИ ДЕҲАИ КӮШОНОБОДИ НОҲИЯИ АБДУРАҲМОНИ ҶОМӢ 14:26ИШТИРОКИ РАИСИ ВИЛОЯТ ДАР МАЪРАКАИ ПАХТАЧИНӢ ВА СУҲБАТ БО РАИСОНИ ҶАМОАТҲО ДАР НОҲИЯИ АБДУРАҲМОНИ ҶОМӢ 12:21РАИСИ ВИЛОЯТ БО РАИСОНИ ШАҲРУ НОҲИЯҲО ҶАЛАСАИ КОРИИ МАҶОЗӢ БАРГУЗОР НАМУДАНД 12:11
Серхонандаҳо
ДАЪВАТИ ТИРАМОҲӢ БА САФҲОИ ҚУВВАҲОИ МУСАЛЛАҲ ДАР ВИЛОЯТИ ХАТЛОН ДАР РӮЗИ АВВАЛ 76 ФОИЗ ИҶРО ШУД
ДАВЛАТАЛӢ САИД БО САФИРИ БЕЛАРУС МАСЪАЛАҲОИ ГУСТАРИШИ ҲАМКОРИҲОИ ТИҶОРАТИЮ ИҚТИСОДӢ ВА КИШОВАРЗИРО БАРРАСӢ КАРДАНД
Дилрабои Ҳотамшо мураббии соли Тоҷикистон шуд
ФОРУМИ БАЙНАЛМИЛАЛИИ САРМОЯГУЗОРИИ «ХАТЛОН ИНВЕСТ – 2026» ДАР ШАҲРИ БОХТАР БАРГУЗОР МЕГАРДАД
ЭМОМАЛӢ РАҲМОН
ЁВОН. МУМФАРШКУНИИ 3 КИЛОМЕТР РОҲИ МАҲАЛЛӢ ОҒОЗ ГАРДИД
Гулҳои Гулсара
5 МАҲСУЛОТИ НОДИР БАРОИ САЛОМАТӢ
ЗАБОН- НЕЪМАТИ БЕБАҲОИ МИЛЛАТ
ПАНДИ МОДАР



