Маҷаллаи Сафо
Чеҳра
Маслиҳати муфид
Номаҳо
19 май 09:34АСОСӢ / Ахбор / Саноат ва кишоварзӣ / Рушди деҳот, сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ / Ҷамъият / Фарҳанг / Иҷтимоъ / Иқтисод
Самаранок истифода бурдани замини наздиҳавлигӣ
Дар замони муосир, ки масъалаҳои амнияти озуқаворӣ ва рушди устувори деҳот аҳамияти бештар пайдо мекунанд, истифодаи самараноки ҳар порча замин, ҳатто замини наздиҳавлигӣ, метавонад нақши муҳим бозад.
Тӯли панҷ соли охир, мо бо ҳамроҳии волидайн дар замини 1–2 сотиқ дар назди ҳавлӣ ба парвариши қулфинай машғул ҳастем. Қулфинай меваи ширин, хушбӯй ва пурфоида аст. Онро дӯст медоранд ва дар бозор харидори зиёд дорад. Мо ин меваи лазизро асосан дар фасли баҳор ва аввали тобистон ҷамъоварӣ мекунем. Барои он ки ҳосили хуб гирем, заминро хуб нигоҳубин мекунем, сари вақт об медиҳем ва ба хоки он ғизо медиҳем.

Дар аввал фикр намекардем, ки чунин замини хурд метавонад фоидаи калон оварад. Вале бо заҳмату меҳнат фаҳмидем, ки ҳатто як порча заминро агар дуруст истифода кунӣ, ҳам маҳсулоти тару тоза ба даст меорӣ ва ҳам барои оилаат манфиати молиявӣ.
Ман ҳамаи ҷавононро ташвиқ мекунам, ки ба замин меҳр банданд. Зеро замин метавонад ба як манбаи даромади доимӣ табдил ёбад. Мо бояд самаранок истифода бурдани замини наздиҳавлигиро омӯзем ва таҷрибаҳои хуби якдигарро паҳн намоем.
Муҳаммад Гулзода, таҷрибаомӯз
Добавить комментарий
Ахбор
ЁВОН. МУМФАРШКУНИИ 3 КИЛОМЕТР РОҲИ МАҲАЛЛӢ ОҒОЗ ГАРДИД 15:48АҲЛИДДИН ШАРИФЗОДА: ХИЗМАТ БА МАРДУМ — РИСОЛАТИ МУҚАДДАС 15:20ДАР ХАТЛОН ИҶРОИ НАҚШАИ ДАЪВАТИ ТИРАМОҲӢ, ДУРНАМОИ ПАХТА ВА ОМОДАГӢ БА ЗИМИСТОН БАРРАСӢ ГАРДИД 15:16ЗАБОН- НЕЪМАТИ БЕБАҲОИ МИЛЛАТ 13:19Тоҷикистон аз нигоҳи 35 шаҳрванди хориҷӣ 13:14Тоҷикистон аз нигоҳи 35 шаҳрванди хориҷӣ 13:11ВАТАН ДАР ҶОН 13:07РӮЗИ ЗАБОН МУБОРАК БОД! 13:03
Серхонандаҳо
ДАЪВАТИ ТИРАМОҲӢ БА САФҲОИ ҚУВВАҲОИ МУСАЛЛАҲ ДАР ВИЛОЯТИ ХАТЛОН ДАР РӮЗИ АВВАЛ 76 ФОИЗ ИҶРО ШУД
ОЗМУНИ “РӮДАКИХОНӢ” БАРГУЗОР ГАРДИД
Қасри фарҳанги ноҳияи Ҷайҳун пурра таъмиру навсозӣ гардид
Хатлон. Дастоварди варзишгарон шоёни таҳсин аст
Дар Бохтар нақшаи ҷамъоварии ҳосили пахта иҷро шуд
“Хушдомани беҳтарин” муайян гардид
Дилрабои Ҳотамшо мураббии соли Тоҷикистон шуд
ТАҚДИМИ ТАҶҲИЗОТИ НАВ БАРОИ САНҶИШИ СИФАТИ ОБИ НӮШОКӢ
ХАТЛОН. 271 ИНШООТИ СОҲАИ МАОРИФ СОХТА МЕШАВАД
СУРУДИ МИЛЛӢ КАЙ САДО ДОД?



