Маҷаллаи Сафо
Чеҳра
Маслиҳати муфид
Номаҳо
08 май 13:53АСОСӢ / Ахбор / Саноат ва кишоварзӣ / Рушди деҳот, сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ / Ҷамъият / Фарҳанг / Иҷтимоъ / Иқтисод
Ҷ. Балхӣ. Мавсими ҷамъоварии пилла оғоз гардид
Дар ноҳияи Ҷалолиддини Балхӣ маъракаи ҷамъоварии пилла оғоз гардида, кирмакпарварони фаъол маҳсули дастранҷи хешро ба нуқтаҳои қабули пилла супоррида истодаанд.
Тавре аз мақомоти иҷроияи ҳикимияти давлатии ноҳияи мазкур ба “Сафо” иттилоъ доданд, нақшаи дурнамои ҷамъоварии пилла 30 тоннаро дар бар гирифта, аллакай беш аз 5 тоннаи он ба нуқтаҳои қабул супорида шудааст.

Ба кирмакпарварон ба сари ҳар як килограмм пиллаи истеҳсолнамуда 2 сомонӣ пардохт гардида, масуълин азм доранд ин ашёи хоми саноатиро сари вақт ва беталаф ҷамъоварӣ намоянд.
Дар идораи пиллаи ноҳия кормандони мавсимӣ ба кор ҷалб гардида, барои онҳо дар як рӯз ду маротиба хӯроки гарм дода мешавад.

Иттилоъ дода шуд, ки соли равон ба хоҷагиҳои деҳқонии ноҳияи Ҷалолиддини Балхӣ аз ҷониби ҶСП “Пиллаи тоҷик” 900 қуттии кирмак дастрас гардида, кирмакпарварон аз ҳар як қуттӣ ба андозаи 50 – 55 килограмм ҳосил ба даст оварда истодаанд.
Феълан дар ноҳияи Ҷалолиддини Балхӣ дар майдони 65 гектар тутзор арзи вуҷуд дошта, дар таъмини кирмак бо ғизои зарурӣ басандагӣ менамояд.
Дар ноҳияи Ҷалолиддини Балхӣ ба рушди соҳаи кирмакпарварӣ диққати махсус равона гардида, масъулин азм доранд, ки иҷрои нақшаи дурнаморо сари вақт таъмин намоянд.
С. СУЛТОНОВ
(Аксҳо аз саҳифаи фейсбукии МИҲД-и н. Ҷ. Балхӣ)
Добавить комментарий
Ахбор
ЁВОН. МУМФАРШКУНИИ 3 КИЛОМЕТР РОҲИ МАҲАЛЛӢ ОҒОЗ ГАРДИД 15:48АҲЛИДДИН ШАРИФЗОДА: ХИЗМАТ БА МАРДУМ — РИСОЛАТИ МУҚАДДАС 15:20ДАР ХАТЛОН ИҶРОИ НАҚШАИ ДАЪВАТИ ТИРАМОҲӢ, ДУРНАМОИ ПАХТА ВА ОМОДАГӢ БА ЗИМИСТОН БАРРАСӢ ГАРДИД 15:16ЗАБОН- НЕЪМАТИ БЕБАҲОИ МИЛЛАТ 13:19Тоҷикистон аз нигоҳи 35 шаҳрванди хориҷӣ 13:14Тоҷикистон аз нигоҳи 35 шаҳрванди хориҷӣ 13:11ВАТАН ДАР ҶОН 13:07РӮЗИ ЗАБОН МУБОРАК БОД! 13:03
Серхонандаҳо
ДАЪВАТИ ТИРАМОҲӢ БА САФҲОИ ҚУВВАҲОИ МУСАЛЛАҲ ДАР ВИЛОЯТИ ХАТЛОН ДАР РӮЗИ АВВАЛ 76 ФОИЗ ИҶРО ШУД
ОЗМУНИ “РӮДАКИХОНӢ” БАРГУЗОР ГАРДИД
Қасри фарҳанги ноҳияи Ҷайҳун пурра таъмиру навсозӣ гардид
Хатлон. Дастоварди варзишгарон шоёни таҳсин аст
Дар Бохтар нақшаи ҷамъоварии ҳосили пахта иҷро шуд
“Хушдомани беҳтарин” муайян гардид
Дилрабои Ҳотамшо мураббии соли Тоҷикистон шуд
ТАҚДИМИ ТАҶҲИЗОТИ НАВ БАРОИ САНҶИШИ СИФАТИ ОБИ НӮШОКӢ
ХАТЛОН. 271 ИНШООТИ СОҲАИ МАОРИФ СОХТА МЕШАВАД
СУРУДИ МИЛЛӢ КАЙ САДО ДОД?



