Маҷаллаи Сафо
Чеҳра
Маслиҳати муфид
Номаҳо
06 май 15:03АСОСӢ / Ахбор / Рушди деҳот, сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ / Ҷамъият / Маориф / Иҷтимоъ / Сохтмон ва меъморӣ
ЁВОН. БУНЁДИ 60 СИНФХОНАИ ИЛОВАГӢ ИДОМА ДОРАД
Дар доираи ҷашни 35 – солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар назди 64 муассисаи таълимии ноҳияи Ёвон сохтмони бино ва синфхонаҳои иловагӣ ба нақша гирифта шудааст. Баъди бунёди ин ҳама иншоот 6 ҳазор ҷои нишаст барои хонандагон муҳайё хоҳад шуд.
Тавре зимни суҳбат мудири шуъбаи маорифи ноҳияи мазкур Раҷабмурод Муродализода иброз намуд, феълан дар назди 7 муассисаи таълимӣ сохтмони бинои иловагӣ иборат аз 60 синфхона барои ба таҳсил фаро гирифтани 3000 нафар хонанда дар ду баст бо маром идома дорад. Иқдоми мазкур бо ташаббуси роҳбарияти мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Ёвон ва соҳибкорону шахсони саховатпешша роҳандозӣ гардида, марҳила ба марҳила ба истифода дода мешаванд.
-Корҳои сохтмонӣ дар иншооти мавриди назар бо санъати баланди меъморӣ, сифати баланд ва ҷавобгу ба талаботи замон идома дошта, баъди мавриди баҳрабардорӣ қарор гирифтани онҳо шароити таълиму тарбияи хонандагон беҳтар хоҳад шуд, - гуфт Р. Муродализода.
Иттилоъ дода шуд, ки соли гузашта дар назди 8 муассисаи таълимӣ 48 синфхонаи иловагӣ бунёд гардид, ки дар онҳо 2400 нафар хонандагон бо ҷойи нашст таъмин шуданд.
С. СУЛТОНОВ
Добавить комментарий
Ахбор
БОЗДИДИ РАИСИ ВИЛОЯТИ ХАТЛОН АЗ РАФТИ СОХТМОНИ БИНОИ НАВИ ТАЪЛИМӢ ДАР ШАҲРИ ЛЕВАКАНТ 13:44МУЖДА: ШАҲРИ ЛЕВАКАНТ ДУРНАМОИ ҶАМЪОВАРИИ ҲОСИЛИ ПАХТАРО 100 ФОИЗ ИҶРО КАРД 13:40ҶАЙҲУН. ҲОСИЛИ САБЗӢ ФАРОВОН АСТ 12:16ШИНОСОИИ РАИСИ ВИЛОЯТ АЗ МАКОНИ БУНЁДИ НИШОНИ ДАВЛАТӢ ДАР НОҲИЯИ АБДУРАҲМОНИ ҶОМӢ 16:34ДАР НОҲИЯИ АБДУРАҲМОНИ ҶОМӢ БИНОИ ИЛОВАГИИ ТАЪЛИМӢ БАРОИ 200 ХОНАНДА БА ИСТИФОДА ДОДА ШУД 15:30БОЗДИД АЗ РАВАНДИ МУМФАРШКУНИИ РОҲИ МОШИНГАРДИ ДЕҲАИ КӮШОНОБОДИ НОҲИЯИ АБДУРАҲМОНИ ҶОМӢ 14:26ИШТИРОКИ РАИСИ ВИЛОЯТ ДАР МАЪРАКАИ ПАХТАЧИНӢ ВА СУҲБАТ БО РАИСОНИ ҶАМОАТҲО ДАР НОҲИЯИ АБДУРАҲМОНИ ҶОМӢ 12:21РАИСИ ВИЛОЯТ БО РАИСОНИ ШАҲРУ НОҲИЯҲО ҶАЛАСАИ КОРИИ МАҶОЗӢ БАРГУЗОР НАМУДАНД 12:11
Серхонандаҳо
ДАЪВАТИ ТИРАМОҲӢ БА САФҲОИ ҚУВВАҲОИ МУСАЛЛАҲ ДАР ВИЛОЯТИ ХАТЛОН ДАР РӮЗИ АВВАЛ 76 ФОИЗ ИҶРО ШУД
ДАВЛАТАЛӢ САИД БО САФИРИ БЕЛАРУС МАСЪАЛАҲОИ ГУСТАРИШИ ҲАМКОРИҲОИ ТИҶОРАТИЮ ИҚТИСОДӢ ВА КИШОВАРЗИРО БАРРАСӢ КАРДАНД
Дилрабои Ҳотамшо мураббии соли Тоҷикистон шуд
ФОРУМИ БАЙНАЛМИЛАЛИИ САРМОЯГУЗОРИИ «ХАТЛОН ИНВЕСТ – 2026» ДАР ШАҲРИ БОХТАР БАРГУЗОР МЕГАРДАД
ЭМОМАЛӢ РАҲМОН
ЁВОН. МУМФАРШКУНИИ 3 КИЛОМЕТР РОҲИ МАҲАЛЛӢ ОҒОЗ ГАРДИД
Гулҳои Гулсара
5 МАҲСУЛОТИ НОДИР БАРОИ САЛОМАТӢ
ЗАБОН- НЕЪМАТИ БЕБАҲОИ МИЛЛАТ
ПАНДИ МОДАР



