Маҷаллаи Сафо
Чеҳра
Маслиҳати муфид
Номаҳо
02 май 15:03АСОСӢ / Ахбор / Рушди деҳот, сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ / Ҷамъият / Иҷтимоъ / Сохтмон ва меъморӣ
ГУЛГАШТҲОИ ҲУЛБУК ОСОИШИ ҶОН
Ҳангоми гаштугузор дар кӯчаю роҳравҳо ва гулгаштҳои маркази ноҳияи Восеъ - шаҳраки Ҳулбук кас худро болидаруҳ эҳсос менамояд. Гулҳои рангоранг, ниҳолҳои ороишӣ ва дарахтони сербарги мевадору сояафкани қад-қади кӯчаҳои васеъ дар баробари зебоӣ ба оромии равону осоиши қалб ва тарбияи маънавии бошандагон таъсири мусбӣ мерасонад. Чун вориди боғи фарҳангӣ- истироҳатӣ мегардӣ, ҳусну тароват ва накҳати хушу дилангез таваҷҷуҳи бештарро ҷалб месозад. Солҳои пешин ҳам боғи фарҳангӣ-истироҳатии маркази ноҳияи Восеъ бо зебоию шаҳомати худ шуҳрати баланд дошт. Дар варзишгоҳи гӯштингирии ба номи ҷаҳонпаҳлавон Саидмуъмин Раҳимов дар ҷашну идҳо садҳо нафар паҳлавонону мухлисон ҷамъ меомаданд.
Дар замони соҳибистиқлолии кишвар боғи фарҳангӣ азнавсозӣ гардида, шуҳрати худро дучанд намудааст. Дар даромадгоҳи асосии он дар лавҳаи мармарини зебое чунин суханон ҳаккокӣ шудааст: «Боғи марказии ноҳияи Восеъ бо ташаббуси Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон навсозӣ гардида, рӯзи 4-уми октябри соли 2021 мавриди баҳрабардорӣ қарор гирифт».
Боғи фарҳангӣ - истироҳатии шаҳраки Ҳулбук масоҳати 3,3 гектарро дар бар мегирад.
Дар ҳудуди боғ гулу буттаҳо, дарахтони мевадиҳандаву сояафкан шинонида шудааст ва ҳар сол шумораи онҳо меафзояд. Дар растаҳои марказии боғ гулҳои рангоранги ороишӣ дар нашъунамо буда, ҳусни манзараҳои зебои боғро дучанд менамояд. Боғи фарҳангӣ – истироҳатӣ дорои амфитеатр барои 950 ҷой мебошад, ки чанде пештар бо дастгирии соҳибкорони маҳаллӣ азнавсозӣ гардид. Дар ду майдончаи футболи хурд мунтазам мусобиқаҳои варзишӣ баргузор мегардад. Соли гузашта дар майдончаҳои варзишӣ ва толорҳои варзишии ҳудуди боғ беш аз 28 мусобиқаву чорабиниҳои ноҳиявию вилоятӣ гузаронида шудааст. Инчунин, 4 маҳфили китобхонӣ, 7 аксия таҳти унвони «Тозагии маҳал мароми мост» ва «Боғамонро ба «Боғи дилкушои Ирам» баробар менамоем» баргузор карда шудааст.

Ҳамаи роҳравҳои боғ сафолакчинӣ гардидааст. Беш аз 2000 гулҳои рангоранги ороишӣ ва 18000 гулҳои сурху сафеди садбарг, ки дар шафати роҳравҳо шинонида шудааст, ба ин мавзеъ ҳусну таровати тоза зам менамояд.
Боғ ҷойи дӯстдоштаи мардум буда, ҳатто шабонгоҳ ҳам сайругашти онҳо ба мушоҳида мерасад.
Дар ҳудуди боғ 70 сутунпояҳои чароғакҳои хурд ва 37 чароғҳои деворӣ насб гардида, гирду атрофро равшану мунаввар менамоянд.
Дар ҳудуди боғ бо дастгирии соҳибкори ватанӣ барои истироҳату фароғат ва дилхушии кӯдакон атраксион, майдончаи мошинронии барқӣ, қатора ва дигар таҷҳизот насб карда шудааст.
Вақте ки бо директори боғ Эмомалӣ Исмоилов баъд аз сайру гашти гӯшаю канор ба майдони марказии боғи фарҳангӣ - истироҳатӣ расидем, 4- 5 нафар занон, ки кормандони боғ буданд, ба гулу буттаҳои ороишӣ об мемонданд. Ин лаҳза мисраъҳои шеърии шоири ширинкалом Аминҷон Шукӯҳӣ ба хотир омад:
Гул ба оби ҷӯй вақте ки хуморӣ мешавад,
Барги ҳар як ғунча чашми интизорӣ мешавад.
Об ояд тӯй хоҳам кард гӯяд боғи нав,
Ҳар қарори ошиқон аз беқарорӣ мешавад.
Аъзам Бобоев, ноҳияи Восеъ
Добавить комментарий
Ахбор
БОЗДИДИ РАИСИ ВИЛОЯТИ ХАТЛОН АЗ РАФТИ СОХТМОНИ БИНОИ НАВИ ТАЪЛИМӢ ДАР ШАҲРИ ЛЕВАКАНТ 13:44МУЖДА: ШАҲРИ ЛЕВАКАНТ ДУРНАМОИ ҶАМЪОВАРИИ ҲОСИЛИ ПАХТАРО 100 ФОИЗ ИҶРО КАРД 13:40ҶАЙҲУН. ҲОСИЛИ САБЗӢ ФАРОВОН АСТ 12:16ШИНОСОИИ РАИСИ ВИЛОЯТ АЗ МАКОНИ БУНЁДИ НИШОНИ ДАВЛАТӢ ДАР НОҲИЯИ АБДУРАҲМОНИ ҶОМӢ 16:34ДАР НОҲИЯИ АБДУРАҲМОНИ ҶОМӢ БИНОИ ИЛОВАГИИ ТАЪЛИМӢ БАРОИ 200 ХОНАНДА БА ИСТИФОДА ДОДА ШУД 15:30БОЗДИД АЗ РАВАНДИ МУМФАРШКУНИИ РОҲИ МОШИНГАРДИ ДЕҲАИ КӮШОНОБОДИ НОҲИЯИ АБДУРАҲМОНИ ҶОМӢ 14:26ИШТИРОКИ РАИСИ ВИЛОЯТ ДАР МАЪРАКАИ ПАХТАЧИНӢ ВА СУҲБАТ БО РАИСОНИ ҶАМОАТҲО ДАР НОҲИЯИ АБДУРАҲМОНИ ҶОМӢ 12:21РАИСИ ВИЛОЯТ БО РАИСОНИ ШАҲРУ НОҲИЯҲО ҶАЛАСАИ КОРИИ МАҶОЗӢ БАРГУЗОР НАМУДАНД 12:11
Серхонандаҳо
ДАЪВАТИ ТИРАМОҲӢ БА САФҲОИ ҚУВВАҲОИ МУСАЛЛАҲ ДАР ВИЛОЯТИ ХАТЛОН ДАР РӮЗИ АВВАЛ 76 ФОИЗ ИҶРО ШУД
ДАВЛАТАЛӢ САИД БО САФИРИ БЕЛАРУС МАСЪАЛАҲОИ ГУСТАРИШИ ҲАМКОРИҲОИ ТИҶОРАТИЮ ИҚТИСОДӢ ВА КИШОВАРЗИРО БАРРАСӢ КАРДАНД
Дилрабои Ҳотамшо мураббии соли Тоҷикистон шуд
ФОРУМИ БАЙНАЛМИЛАЛИИ САРМОЯГУЗОРИИ «ХАТЛОН ИНВЕСТ – 2026» ДАР ШАҲРИ БОХТАР БАРГУЗОР МЕГАРДАД
ЭМОМАЛӢ РАҲМОН
ЁВОН. МУМФАРШКУНИИ 3 КИЛОМЕТР РОҲИ МАҲАЛЛӢ ОҒОЗ ГАРДИД
Гулҳои Гулсара
5 МАҲСУЛОТИ НОДИР БАРОИ САЛОМАТӢ
ЗАБОН- НЕЪМАТИ БЕБАҲОИ МИЛЛАТ
ПАНДИ МОДАР



