Маҷаллаи Сафо
Чеҳра
Маслиҳати муфид
Номаҳо
Бунёди филиали Агентии амнияти химиявӣ, биологӣ, радиатсионӣ ва ядроӣ дар шаҳри Бохтар
Бо маблағгузории Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар маркази маъмурии вилояти Хатлон – шаҳри Бохтар филиали Агентии амнияти химиявӣ, биологӣ, радиатсионӣ ва ядроии Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон сохта мешавад.
Корҳои сохтмонӣ дар иншооти мазкур моҳи феврали соли равон оғоз гардида, он аз маҷмӯи биноҳои 2 ва 3 ошёна бо назардошти озмоишгоҳ, ҳуҷраҳои маъмурӣ барои кормандони соҳаи таъмини бехатарии ядроӣ ва радиатсионӣ, толори маҷлисгоҳ ва синфхонаҳои муосир иборат мебошад.

Бунёди иншооти нав имкон медиҳад, ки ҳамкории илмӣ – таҳқиқотӣ байни муассисаҳои вилояти Хатлон ва Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон тақвият ёбад. Ҳамчунин дар ин филиал баргузории машғулиятҳои дарсии амалӣ ва иҷрои корҳои лаборатории донишҷӯёни ихтисосҳои химия ва биология пешбинӣ шудааст.
Баъди бунёди бино, он аз ҷониби Агентии байналмилалии неруи атомӣ бо таҷҳизоти зарурии лозимӣ таъмин хоҳад шуд.

Тавре хадамоти матбуотии раиси вилояти Хатлон иттилоъ додааст, Давлаталӣ Саид, раиси вилояти Хатлон аз ҷараёни корҳои сохтмонӣ дар иншооти болозикр боздид намуда, бунёди филлиали мазкурро муҳиму саривақтӣ унвон кардааст.
С. СУЛТОН
(Аксҳо аз хадамоти матбуотии раиси вилояти Хатлон)
Добавить комментарий
Ахбор
БОЗДИДИ РАИСИ ВИЛОЯТИ ХАТЛОН АЗ РАФТИ СОХТМОНИ БИНОИ НАВИ ТАЪЛИМӢ ДАР ШАҲРИ ЛЕВАКАНТ 13:44МУЖДА: ШАҲРИ ЛЕВАКАНТ ДУРНАМОИ ҶАМЪОВАРИИ ҲОСИЛИ ПАХТАРО 100 ФОИЗ ИҶРО КАРД 13:40ҶАЙҲУН. ҲОСИЛИ САБЗӢ ФАРОВОН АСТ 12:16ШИНОСОИИ РАИСИ ВИЛОЯТ АЗ МАКОНИ БУНЁДИ НИШОНИ ДАВЛАТӢ ДАР НОҲИЯИ АБДУРАҲМОНИ ҶОМӢ 16:34ДАР НОҲИЯИ АБДУРАҲМОНИ ҶОМӢ БИНОИ ИЛОВАГИИ ТАЪЛИМӢ БАРОИ 200 ХОНАНДА БА ИСТИФОДА ДОДА ШУД 15:30БОЗДИД АЗ РАВАНДИ МУМФАРШКУНИИ РОҲИ МОШИНГАРДИ ДЕҲАИ КӮШОНОБОДИ НОҲИЯИ АБДУРАҲМОНИ ҶОМӢ 14:26ИШТИРОКИ РАИСИ ВИЛОЯТ ДАР МАЪРАКАИ ПАХТАЧИНӢ ВА СУҲБАТ БО РАИСОНИ ҶАМОАТҲО ДАР НОҲИЯИ АБДУРАҲМОНИ ҶОМӢ 12:21РАИСИ ВИЛОЯТ БО РАИСОНИ ШАҲРУ НОҲИЯҲО ҶАЛАСАИ КОРИИ МАҶОЗӢ БАРГУЗОР НАМУДАНД 12:11
Серхонандаҳо
ДАВЛАТАЛӢ САИД БО САФИРИ БЕЛАРУС МАСЪАЛАҲОИ ГУСТАРИШИ ҲАМКОРИҲОИ ТИҶОРАТИЮ ИҚТИСОДӢ ВА КИШОВАРЗИРО БАРРАСӢ КАРДАНД
ФОРУМИ БАЙНАЛМИЛАЛИИ САРМОЯГУЗОРИИ «ХАТЛОН ИНВЕСТ – 2026» ДАР ШАҲРИ БОХТАР БАРГУЗОР МЕГАРДАД
Дилрабои Ҳотамшо мураббии соли Тоҷикистон шуд
ЁВОН. МУМФАРШКУНИИ 3 КИЛОМЕТР РОҲИ МАҲАЛЛӢ ОҒОЗ ГАРДИД
Гулҳои Гулсара
ЗАБОН- НЕЪМАТИ БЕБАҲОИ МИЛЛАТ
ПАНДИ МОДАР
АҲЛИДДИН ШАРИФЗОДА: ХИЗМАТ БА МАРДУМ — РИСОЛАТИ МУҚАДДАС
Тоҷикистон аз нигоҳи 35 шаҳрванди хориҷӣ
ВАТАН ДАР ҶОН



