Маҷаллаи Сафо
Чеҳра
Маслиҳати муфид
Номаҳо
25 апр 10:13АСОСӢ / Ахбор / Рушди деҳот, сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ / Ҷамъият / Иҷтимоъ / Маърифат ва тандурустӣ / Сохтмон ва меъморӣ
Панҷ. Бунёди панҷ бунгоҳи тиббӣ дар нақша
Дар доираи таҷлили ҷашни 35 – солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон, соли равон дар ноҳияи Панҷ бунёди панҷ бунгоҳи тиббӣ ба нақша гирифта шудааст.
Тавре зимни суҳбат роҳбари Шабакаҳои кӯмаки аввалияи тиббию санитарии ноҳияи болизикр Саидҷамол Хоҷаев иброз намуд, аз иншооти дар нақшабуда, ду адади он аллакай мавриди баҳрабардорӣ қарор дода шуда, дар се иншооти дигар корҳои сохтмонӣ бо маром идома доранд.
Аз ин шумора се бунгоҳи тиббӣ аз ҳисоби барномаҳои давлатӣ ва ду адади дигар аз ҳисоби аҳолӣ бунёд гардида, дар ҳар як иншоот се нафари мутахассисони соҳибтахассус бо ҷои кори доимӣ ва маоши хуб таъмин хоҳанд шуд.
Дар баробари бунёди панҷ бунгоҳи тиббӣ соли равон дар нақша аст, ки боз панҷ маркази саломатии деҳотӣ дар ҳудуди ноҳияи Панҷ пурра бозсозӣ карда шаванд.
Бунёду бозсозии ин ҳама иншоот имкон медиҳад, ки шарту шароити хизматрасонии тиббӣ ба аҳолӣ беҳтар гардида, сокинон дар ҷойи зисти хеш ба табобат фаро гирифта шаванд.
С. СУЛТОНОВ
Добавить комментарий
Ахбор
Гулҳои Гулсара 12:47ПАНДИ МОДАР 12:43Гавҳари зиндагӣ 12:39Як хиёбон дард 12:34ЁВОН. МУМФАРШКУНИИ 3 КИЛОМЕТР РОҲИ МАҲАЛЛӢ ОҒОЗ ГАРДИД 15:48АҲЛИДДИН ШАРИФЗОДА: ХИЗМАТ БА МАРДУМ — РИСОЛАТИ МУҚАДДАС 15:20ДАР ХАТЛОН ИҶРОИ НАҚШАИ ДАЪВАТИ ТИРАМОҲӢ, ДУРНАМОИ ПАХТА ВА ОМОДАГӢ БА ЗИМИСТОН БАРРАСӢ ГАРДИД 15:16ЗАБОН- НЕЪМАТИ БЕБАҲОИ МИЛЛАТ 13:19
Серхонандаҳо
ДАЪВАТИ ТИРАМОҲӢ БА САФҲОИ ҚУВВАҲОИ МУСАЛЛАҲ ДАР ВИЛОЯТИ ХАТЛОН ДАР РӮЗИ АВВАЛ 76 ФОИЗ ИҶРО ШУД
ОЗМУНИ “РӮДАКИХОНӢ” БАРГУЗОР ГАРДИД
Дилрабои Ҳотамшо мураббии соли Тоҷикистон шуд
“Хушдомани беҳтарин” муайян гардид
Дар Бохтар нақшаи ҷамъоварии ҳосили пахта иҷро шуд
ЁВОН. МУМФАРШКУНИИ 3 КИЛОМЕТР РОҲИ МАҲАЛЛӢ ОҒОЗ ГАРДИД
ЭМОМАЛӢ РАҲМОН
МАРДИ МЕҲНАТ
МАВЛОНО ВА ВАҲДАТИ БАШАРӢ
РӮЗИ ЗАБОН МУБОРАК БОД!



