Маҷаллаи Сафо
Шеъру адаб
Чеҳра
Маслиҳати муфид
Номаҳо
УМРЕ, КИ САРФИ ЭҶОДУ МУТОЛИА ШУД
Ашӯралӣ Юсуфӣ, омӯзгор ва журналисти собиқадор умри худро ба мутолиа бахшида, имрӯз 81-сола мебошад. Ӯро хонанда ва дигар сокинони атроф бо номи Ашк Юсуфӣ мешиносанд. Китобҳои худро фарзандҳои маънавии худ медонад.
– Баъзе ёру дӯстон, хешу таборон китобу рӯзнома ва маҷаллаҳои ҷамъовардаи маро дида, девонаам мехонанд. Шояд ҳақ бошанд, зеро аз ёру дӯстон ва хешу табор дида вақти худро бештар ба китобу мутолиа сарф мекунам, – бо табассуми хоса гуфт Ашк Юсуфӣ.
Дар воқеъ, хонаи ӯ аз китобу рӯзномаю маҷалла пур аст. Бе муболиға ҳатто ҷойи погузорӣ ҳам пайдо кардан душвор аст. Дар ҳуҷраи ӯ танҳо барои як рахти хоб ҷой ҳасту халос, боқӣ ҳама ҷо китобу рӯзномаю маҷалла.
Ҳар вақте ки ба аёдат ё суҳбати қаҳрамони матлаб рафтам, ӯро машғули мутолиа дидам. Мисле, ки ӯ маҳз барои эҷод ва мутолиа офарида шуда бошад.
ДУМБОЛИ ИЛМ, НА ҶАМЪИ МОЛ
– Ҳаётамро ба хондан бахшидам, на ҷамъи молу мулк. Оила бунёд кардам ва пас аз чанд соли зиндагӣ ҳамсарам аз дунё гузашт. Хулоса кардам, ки ҳамсафари зиндагии ман ин китобу қалам ва дунёи рангини илм асту эҷод, – иброз медорад ӯ.
Ашк Юсуфӣ неруи худро баҳри гирд овардани адабиёти хонданбоб ва рӯзномаю маҷаллаҳо сарф кард. Бо мурури вақт хонаи 2 ҳуҷрагии ӯ шабеҳи китобхона гашт.
– Ҳоло аз дарди пирӣ ранҷ мебарам. Аз ин рӯ қисме аз китобҳоямро ба китобхонаи шаҳрӣ тақдим кардам. Шогирдонам низ чанде аз китобҳоямро барои мутолиа гирифтанд. Бигзор аз ман ба онҳо ёдоварӣ монад, – мегӯяд ӯ.
Ашк Юсуфӣ бо вуҷуди солмандии худ чашм аз китоб бар намедорад. Мехонаду эҷод мекунад. Ҳоло ҳам очерку лавҳа ва шеъру мақолаҳои ӯ дар матбуоти даврӣ ба табъ мерасанд. Чанд сол қабл чашмонашро, ки хира гашта буданд, ҷарроҳӣ кард то аз хондан намонад. Ӯ имрӯз рӯзномаю маҷаллаҳоро чун ҷавони 18- сола мутолиа мекунад.
ҲАМҚАДАМИ ЗАМОН
Ашк Юсуфӣ мехоҳад ҳамқадами замон бошад. Дар шабакаҳои иҷтимоӣ саҳифа кушода, аз имкониятҳои интернет низ истифода кунад. Аз навгонию хабарҳои тоза огоҳ шавад. Навиштаҳои худро дар шабакаҳои иҷтимоӣ нашр кунад.
– Ҳаёт, ҷидду ҷаҳд ва мутолиа ба ман таҷриба, дониш ва неру дод. Аз ин рӯ то ҷон дар бадан дорам, аз мутолиаи асарҳои нав, хабару гузориш ва қиссаҳои пандомез даст нахоҳам кашид, – бо ҷиддияти хос гуфт ӯ.
Ӯ бовар дорад, ки эҷодиёт ва адабиёти гирдовардааш номашро зинда нигоҳ медоранд. Ба мисоли он, ки фарзандон идомадиҳандаи наслҳоянд.
ОХИРСУХАН
Ашӯралӣ Юсуфӣ соли 1944 дар деҳаи номдори Сангтӯдаи ноҳияи Данғара таваллуд шудааст. Ӯро ихтисос риёзию пеша омӯзгор аст ва беш аз 50 сол аст, ки бо матбуоти даврӣ ҳамкорӣ дорад. Ӯ бо тахаллуси Ашк Юсуфӣ миёни хонандагон шинохта шуда, соҳиби 5 китоб аст. Ба синну соли худ нигоҳ накарда ҳамоно бо матбуот ҳамкории зич дораду ҳаёти худро бидуни мутолиаи китоб ва рӯзномаю маҷаллаҳо тасаввур карда наметавонад. Зиндагӣ ва китобдӯстии ӯ барои насли наврас намунаи ибрат мебошад.
Низоми ИСО
Добавить комментарий
Ахбор
ПАЁМИ ПРЕЗИДЕНТ – РОҲНАМОИ РУШДИ БОСУБОТИ КИШВАР 11:06МАҲБУБИ КӮДАКОН 10:482025 – СОЛИ ФАТҲИ ҲАДАФҲОИ БУЗУРГ ДАР ХАТЛОН 10:39ПАЁМИ ТАБРИКИИ РАИСИ ВИЛОЯТИ ХАТЛОН ДАВЛАТАЛӢ САИД БА МУНОСИБАТИ ФАРОРАСИИ СОЛИ НАВИ МЕЛОДИИ 2026 10:29ЭЪЛОМИЯИ КУРУШИ КАБИР – БОЗГӮИ АДОЛАТИ ТАЪРИХӢ 10:34Дар Хатлон 600 ҳазор дарахт шинонида мешавад 14:36ХАТЛОН. 60 ФОИЗИ НАФАҚАГИРОН АЗ ҚАЙД ГУЗАШТАНД 14:11Бохтар. 1,5 километр роҳ мумфарш карда шуд 15:13
Серхонандаҳо
ПАЁМИ ТАБРИКИИ РАИСИ ВИЛОЯТИ ХАТЛОН ДАВЛАТАЛӢ САИД БА МУНОСИБАТИ ФАРОРАСИИ СОЛИ НАВИ МЕЛОДИИ 2026
БОХТАР. НАСБИ АРЧАИ СОЛИНАВӢ БО БАЛАНДИИ 24 МЕТР
«ПАЁМИ ПРЕЗИДЕНТИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН - ПАЁМИ СОЗАНДА ВА КАФИЛИ ТАЪМИНИ РУШДИ БОСУБОТИ КИШВАР»
Бохтар. 1,5 километр роҳ мумфарш карда шуд
Ҷ. БАЛХӢ. 8 КИЛОМЕТР РОҲ МУМФАРШ КАРДА ШУД
ХАТЛОН. 60 ФОИЗИ НАФАҚАГИРОН АЗ ҚАЙД ГУЗАШТАНД
Дар Хатлон 600 ҳазор дарахт шинонида мешавад
ПАЁМИ ПРЕЗИДЕНТ – РОҲНАМОИ РУШДИ БОСУБОТИ КИШВАР
МАҲБУБИ КӮДАКОН
ЭЪЛОМИЯИ КУРУШИ КАБИР – БОЗГӮИ АДОЛАТИ ТАЪРИХӢ



