Маҷаллаи Сафо
Маслиҳати муфид
Номаҳо
Бохтар. Чорабинии мудофиаи ҳудудӣ доир гардид
Имрӯз, 9 апрел дар маркази маъмурии вилояти Хатлон – шаҳри Бохтар бо мақсади санҷиши омодагии захираҳои сафарбарӣ, таҳкими иқтидори мудофиавии маҳаллӣ ва баланд бардоштани ҳиссӣ масъулиятшиносии шаҳрвандон чорабинии мудофиаи ҳудудӣ баргузор гардид.
Дар ин чорабинии муҳими сиёсӣ роҳбарияти шаҳри Бохтар, кормандони ташкилоту идораҳо ва тамоми захираҳои сафарбарии шаҳри Бохтар бо тамоми техникаҳои зарурии мудофиавӣ иштирок намуданд.

Раиси шаҳри Бохтар Абдулмаҷид Муминзод зимни баромади хеш баргузор намудани ин чорабинии сиёсиро муҳиму саривақтӣ арзёбӣ намуда, иброз намуд, ки сиёсати давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар самти таъмини амният ва муҳофизати Ватан асосан ба омодагии ҳамаҷонибаи сохторҳо ва ҷомеа такя мекунад. Ӯ афзуд, ки баргузории чунин машқҳои мудофиавӣ имконият медиҳанд, то ҳамоҳангии сохторҳои гуногун дар ҳолатҳои фавқулода таҳким ёбад ва сатҳи омодагии ҳар як фарди ҷомеа боло равад.
Тавре хадамоти матбуотии раиси шаҳри Бохтар иттилоъ додааст, дар рафти чорабинӣ ҳолатҳои шартии таҳдид ва ҳолати ҷангӣ моделсозӣ шуда, вокуниши фаврии гурӯҳҳои махсус, техникаи ҳарбӣ ва шаҳрвандони ҷалбшуда намоиш дода шуд. Инчунин, бо истифода аз воситаҳои техникӣ ва нақлиёти махсус, нақшаҳои эвакуатсия ва мудофиаи шаҳрвандӣ амалӣ гардиданд.

Чорабинии мазкур бори дигар нишон дод, ки сокинони шаҳри Бохтар ва сохторҳои дахлдори он дар ҳама гуна ҳолати изтирорӣ омодаанд, то бо масъулият ва садоқат ба Ватан хидмат намоянд.
Ин ташаббус дар заминаи сиёсати сулҳхоҳонаи Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва татбиқи амалии нақшаҳои мудофиавии давлатӣ сурат гирифта, ҳамчун намунаи ибрат дар вилоят арзёбӣ мегардад, - хабар додааст манбаъ.
С. СУЛТОНОВ
(Аксҳо аз МИМҲД-и ш. Бохтар)
Добавить комментарий
Ахбор
БЕШ АЗ 432 МИЛЛИОН СОМОНӢ РУХСАТПУЛИИ ОМӮЗГОРОН ПАРДОХТ ШУДААСТ 17:40ПЕШРАФТ ДАР СОҲАИ МАОРИФИ ХАТЛОН: АЗ СОХТМОН ТО ДАСТОВАРДҲОИ ОЛИМПИАДАВӢ 12:36ЗИЁДА АЗ 27 ҲАЗОР ҚОНУНВАЙРОНКУНИҲО ОШКОР КАРДА ШУД 12:30ТАТБИҚИ ЛОИҲАИ “ШАҲРИ БЕХАТАР” ДАР БОХТАР 16:57Дар ноҳияи Абдураҳмони Ҷомӣ 226 иншооти ҷашнӣ мавриди истифода қарор гирифт 13:45ҶАЙҲУН ДАР МАСИРИ РУШДИ УСТУВОР ВА СОЗАНДАГӢ 14:33ТАРБИЯРО АЗ КАДОМ СИННУ СОЛ БОЯД ОҒОЗ КАРД? 14:30БОНУИ МАТИНИРОДА 13:39
Серхонандаҳо
РАИСИ ВИЛОЯТИ ХАТЛОН БО РАИСИ ШӮРОИ ДИРЕКТОРОНИ ШИРКАТИ SHAANXI APPLE GROUP CO., LTD. МАСЪАЛАҲОИ РУШДИ ҲАМКОРИҲОИ САРМОЯГУЗОРӢ ВА БОҒДОРИРО БАРРАСӢ КАРДАНД
ҶАЙҲУН ДАР МАСИРИ РУШДИ УСТУВОР ВА СОЗАНДАГӢ
БОХТАР. ТАРАБХОНАИ “KFC” БА ФАЪОЛИЯТ ОҒОЗ НАМУД
Дар ноҳияи Абдураҳмони Ҷомӣ 226 иншооти ҷашнӣ мавриди истифода қарор гирифт
БОХТАР. БОЗСОЗИИ МАҶМААИ “ВАҲДАТ” ОҒОЗ ШУД
РОҲИ АВТОМОБИЛГАРДИ ЁВОН-ВАҲДАТ-НОРАК БОЗСОЗӢ КАРДА МЕШАВАД
ТАТБИҚИ ЛОИҲАИ “ШАҲРИ БЕХАТАР” ДАР БОХТАР
Тоҷикистон – Ватанам
ХОҲАРОНИ КИТОБХОН
АВФ – БАХШОИШЕ, КИ САРНАВИШТҲОРО ДИГАР МЕКУНАД



