Маҷаллаи Сафо
Чеҳра
Маслиҳати муфид
Номаҳо
Намоиш-фурӯши китобҳо бахшида ба "Ҳафтаи китоби кӯдакону наврасони Тоҷикистон"
Ба муносибати "Ҳафтаи китоби кӯдакону наврасони Тоҷикистон", ки ҳамасола аз 2 то 9 апрел бо мақсади тарғиби китобхонӣ ва баланд бардоштани маърифати насли наврас баргузор мегардад, дар назди Китобхонаи оммавии вилояти Хатлон ба номи Шамсиддин Шоҳин чорабинии фурӯши китобҳо доир гардид.
Дар ин чорабинӣ ноширон ва фурӯшандагони маҳаллӣ ширкат варзида, маҷмӯи васеи китобҳоро барои кӯдакон ва наврасон ба фурӯш гузоштанд. Ҳадафи асосии ин иқдом дастрасии бештари хонандагон ба адабиёту таърих, хештаншиносӣ ва ташвиқи фарҳанги китобхонӣ миёни насли ҷавон буд.
Илова ба ин, дар ҳошияи ин чорабинӣ барномаҳои фарҳангӣ, аз ҷумла вохӯриҳо бо муаллифон, баргузор гардиданд. Муаллифони шинохта бо хонандагон мулоқот намуда, дар бораи офаридаҳои худ ва нақши китоб дар рушди шахсият суҳбат карданд.
Ташкилкунандагон изҳор доштанд, ки баргузории чунин чорабиниҳо барои ҷалби бештари кӯдакону наврасон ба ҷаҳони китоб ва таҳкими муҳаббати онҳо ба мутолиа нақши муҳим мебозад. Хонандагон ва волидон, ки дар ин чорабинӣ иштирок доштанд, аз чунин иқдом истиқбол намуда, онро як василаи хуби тарғиби китобхонӣ арзёбӣ карданд.
Дар умум, чорабинии мазкур яке аз тадбирҳои муҳиме буд, ки ба густариши фарҳанги китобхонӣ дар миёни насли наврас ва ташаккули муҳити маърифатӣ дар ҷомеа мусоидат менамояд.
Маҳмадалӣ Маҳмадализода "САФО"
Добавить комментарий
Ахбор
БОЗДИДИ РАИСИ ВИЛОЯТИ ХАТЛОН АЗ РАФТИ СОХТМОНИ БИНОИ НАВИ ТАЪЛИМӢ ДАР ШАҲРИ ЛЕВАКАНТ 13:44МУЖДА: ШАҲРИ ЛЕВАКАНТ ДУРНАМОИ ҶАМЪОВАРИИ ҲОСИЛИ ПАХТАРО 100 ФОИЗ ИҶРО КАРД 13:40ҶАЙҲУН. ҲОСИЛИ САБЗӢ ФАРОВОН АСТ 12:16ШИНОСОИИ РАИСИ ВИЛОЯТ АЗ МАКОНИ БУНЁДИ НИШОНИ ДАВЛАТӢ ДАР НОҲИЯИ АБДУРАҲМОНИ ҶОМӢ 16:34ДАР НОҲИЯИ АБДУРАҲМОНИ ҶОМӢ БИНОИ ИЛОВАГИИ ТАЪЛИМӢ БАРОИ 200 ХОНАНДА БА ИСТИФОДА ДОДА ШУД 15:30БОЗДИД АЗ РАВАНДИ МУМФАРШКУНИИ РОҲИ МОШИНГАРДИ ДЕҲАИ КӮШОНОБОДИ НОҲИЯИ АБДУРАҲМОНИ ҶОМӢ 14:26ИШТИРОКИ РАИСИ ВИЛОЯТ ДАР МАЪРАКАИ ПАХТАЧИНӢ ВА СУҲБАТ БО РАИСОНИ ҶАМОАТҲО ДАР НОҲИЯИ АБДУРАҲМОНИ ҶОМӢ 12:21РАИСИ ВИЛОЯТ БО РАИСОНИ ШАҲРУ НОҲИЯҲО ҶАЛАСАИ КОРИИ МАҶОЗӢ БАРГУЗОР НАМУДАНД 12:11
Серхонандаҳо
ДАЪВАТИ ТИРАМОҲӢ БА САФҲОИ ҚУВВАҲОИ МУСАЛЛАҲ ДАР ВИЛОЯТИ ХАТЛОН ДАР РӮЗИ АВВАЛ 76 ФОИЗ ИҶРО ШУД
Дилрабои Ҳотамшо мураббии соли Тоҷикистон шуд
ДАВЛАТАЛӢ САИД БО САФИРИ БЕЛАРУС МАСЪАЛАҲОИ ГУСТАРИШИ ҲАМКОРИҲОИ ТИҶОРАТИЮ ИҚТИСОДӢ ВА КИШОВАРЗИРО БАРРАСӢ КАРДАНД
ЭМОМАЛӢ РАҲМОН
ЁВОН. МУМФАРШКУНИИ 3 КИЛОМЕТР РОҲИ МАҲАЛЛӢ ОҒОЗ ГАРДИД
МАРДИ МЕҲНАТ
Гулҳои Гулсара
5 МАҲСУЛОТИ НОДИР БАРОИ САЛОМАТӢ
ЗАБОН- НЕЪМАТИ БЕБАҲОИ МИЛЛАТ
ПАНДИ МОДАР



