Маҷаллаи Сафо
Маслиҳати муфид
Номаҳо
СУХАНИ ТАБРИКИИ РАИСИ ВИЛОЯТИ ХАТЛОН ДАВЛАТАЛӢ САИД ДАР ЧОРАБИНИИ РӮЗИ ДАЪВАТШАВАНДА
Муҳтарам даъватшавандагон!
Афсарону сарбозон!
Падарону модарони гиромӣ!
Имрӯз маросими тантанавии гусели аввалин даъватшавандагони баҳории соли 2025 ба сафи Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон баргузор гардида истодааст. Ин рӯйдод на танҳо як анъанаи давлатдорӣ, балки нишонаи олии ватандӯстӣ, садоқат ба давлат ва ҳимояи Истиқлоли миллии ҷавонони бо ору номуси вилояти Хатлон мебошад.
Ҳукумати кишвар пайваста барои таҳкими қудрати мудофиавӣ ва фароҳам сохтани шароити беҳтарини хизмат дар сафи Қувваҳои Мусаллаҳ тадбирҳои судманд меандешад. Бо беҳтар гардидани шароити хуби буду бош, таҳкими заминаи моддию техникии қисмҳои ҳарбӣ сол то сол сафи ҷавононе, ки бо ихтиёри худ ба хизмати ҳарбӣ мепайванданд, афзоиш ёфта истодааст.
Исботи ин гуфтаҳост, ки имрӯз дар рӯзи аввали даъват шаҳру ноҳияҳои вилояти Хатлон нақшаи пешбинишударо 100 фоиз иҷро намуда, нақшаи даъвати баҳории ҷавонон ба сафи Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон пурра таъмин гардид.
Ин даъвати дуюм аст, ки ҷавонони диловару ғаюр ихтиёран ба сафи Артиш пайваста, нақшаи даъват дар вилояти Хатлон дар рӯзҳои аввал ба пуррагӣ таъмин мегардад, ки ин ташаббус дар солҳои Истиқлоли давлатӣ дар вилоят падидаи беназир аст.
Ҳозирини гиромӣ!
Артиш ҳамеша сипари боэътимоди давлат ва гарави сулҳу субот мебошад. Хизмат дар сафи Қувваҳои Мусаллаҳ на танҳо масъулият, балки шарафи ҳар як ҷавони огоҳ ва ватандӯст мебошад. Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон таъкид менамоянд: “Хизмат дар сафи Қувваҳои Мусаллаҳ барои ҷавонон мактаби ҷавонмардист, ки дар он рӯҳияи ватандӯстӣ, садоқат ба миллат ва эҳтироми арзишҳои давлатӣ ташаккул меёбад”.
Имрӯз мардуми шарафманди Хатлонзамин ба иродаи қавӣ ва садоқати фарзандони далеру ватандӯсти худ ифтихор мекунанд. Омодагии шумо барои ҳимояи марзу буми аҷдодӣ мояи сарфарозии ҷомеа ва рамзи устувории давлати соҳибистиқлоли мо мебошад. Ин ҷасорату мардонагии ҳамаи Шуморо, фарзандони азиз, мо, насли калонсол, шоистаи таҳсину офарин медонем. Ин азми Шумо моро дилпур мекунад, ки марзу буми кишвар ҳимоятгарони содиқу шуҷоъ дорад.
Падарону модарони муҳтарам!
Шумо бо тарбияи фарзандони ҷасуру шуҷоъ ва ватандӯст рисолати муқаддаси худро ба ҷо оварда, барои ояндаи давлату миллат хизмати бузургеро анҷом додаед. Меҳру муҳаббати шумо ба Ватан, заҳмату ранҷҳои шабонарӯзӣ ва роҳнамоии дурусти фарзандон имрӯз самараи худро медиҳад. Боиси ифтихор аст, ки ҷавонони имрӯза ба артиш бо азму иродаи қавӣ ва ҳисси баланди масъулият пайваста, идомадиҳандагони кори қаҳрамонони миллат мешаванд.
Дар ҳақиқат, хизмат дар сафи Қувваҳои мусаллаҳ шарафи бузург аст. Тарбия дар ин мактаби мардонагӣ фарзандони моро ҳамчун шахсият ташаккул медиҳад, дар шинохти арзишҳои муҳимми инсонию давлатдорӣ муваффақ мегардонад, иродаи онҳоро дар роҳи ба даст овардани мақсад дар оянда устувор мегардонад. Масъулияти ватандорӣ ва рисолати ҳифзу ҳимояи онро дар вуҷуди онҳо таҳким мебахшад.
Барои тарбияи фарзандон дар руҳияи баланди ватандӯстӣ, таҳкими худшиносии миллии онҳо, ман аз номи худ ва мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилояти Хатлон миннатдории самимии худро ба Шумо – падару модарони гиромӣ мерасонам.
Даъватшавандагони муҳтарам!
Ҷаҳони имрӯза бо таҳдидҳо ва хатарҳои нав рӯ ба рӯ аст. Бесуботии сиёсӣ, муборизаҳои геополитикӣ, афзоиши гурӯҳҳои ифротӣ ва ҷиноятҳои муташаккили фаромиллӣ амнияти ҳар як кишварро зери хатар қарор додааст. Дар чунин шароит, Қувваҳои Мусаллаҳи Тоҷикистон ҳамчун сипари боэътимоди давлат ва миллат бояд ҳамеша омода бошанд.
Ҳар яки мо бояд дарк намоем, ки хавфу хатарҳо ба амнияту суботи кишвар хеле зиёданд. Дар роҳи пешгирии таъсири манфии онҳо азми қавии ватандӯстона, номуси баланди ватандорӣ, ғурури ҷавонмардона ва талоши рустамона зарур аст. Бояд ба тамоми ҷиддият дарк намоем, ки ватандор будан дар баробари ифтихор доштан, инчунин азми мардона ва шуҷоати бемислро дар роҳи дифои манфиатҳои он талаб мекунад.
Шумо, ҷавонони далеру ватандӯст, имрӯз рисолати бузурги ҳифзи марзу буми аҷдодӣ ва таъмини амнияту осоиштагии мардумро ба уҳда мегиред. Ин масъулият танҳо ба зӯрмандӣ маҳдуд намешавад, балки дониш, малака, интизоми қавӣ ва садоқати комилро низ талаб мекунад.
Пешвои миллат борҳо таъкид кардаанд: “Хизмат ба Ватан - Модар қарзи муқаддаси ҳар як ҷавон аст”.
Дар симои ҳар яки Шумо, фарзандони азиз, мо имрӯз ватандорони асилро мебинем. Фаромӯш накунед, ки маҳз хизмати содиқонаву софдилонаи ҷавонони бонангу ори кишвар аст, ки имрӯзҳо дар фазои сулҳу осоиштагӣ нафас мекашему зиндагии босаодат ба сар бурда истодаем. Аз ин лиҳоз ҳар ҷавонмард бояд хизмат дар сафи Қувваҳои Мусаллаҳро қарзи шаҳрвандӣ ва ҷониву имонии худ донад. Ҷавонони имрӯз ҳимоятгари марзу буми аҷдодӣ, сулҳу осудагии ҳар як хонадон, шодии модарони худ буда, хотири ҷамъи тамоми мардуми Тоҷикистони азиз ҳастанд.
Мо бо Шумо – фарзандони сарбаланди Хатлонзамин ифтихор дорем! Итминон дорем, ки ҳар кадоми шумо бо ифтихор ва садоқати комил ин рисолати бошарафро иҷро намуда, Шумо - ҷавонон идомадиҳандаи номи неки гузаштагони ин сарзамин, дар ҳифзи марзу буми меҳан ҳамеша омода хоҳед буд.
Ҳозирини гиромӣ!
Аз фурсати муносиб истифода намуда, миннатдории самимии худро пеш аз ҳама ба шумо, ҷавонони бонангу номус, падарону модарон ва дигар сохторҳои дахлдор, ки дар иҷрои нақшаи даъвати ҷавонон ба сафи Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон саҳми арзанда гузоштанд, баён менамоям.
Маҳз иродаи устувори ҷавонони далеру ғаюр аст, ки имрӯз Ватани мо соҳибихтиёр, орому осуда ва ободу зебо гардида истодааст.
Бигузор хизмати ҳарбии ҳар як ҷавон ба як мактаби мардонагӣ, ҷавонмардӣ ва садоқат ба Ватан табдил ёбад.
Ба ҳамаи шумо, даъватшавандагони азиз, саломатӣ, рӯҳияи қавӣ, иродаи шикастнопазир ва муваффақият дар роҳи иҷрои ин рисолати муқаддас орзумандам!
Саломату сарбаланд бошед!
Добавить комментарий
Ахбор
БЕШ АЗ 432 МИЛЛИОН СОМОНӢ РУХСАТПУЛИИ ОМӮЗГОРОН ПАРДОХТ ШУДААСТ 17:40ПЕШРАФТ ДАР СОҲАИ МАОРИФИ ХАТЛОН: АЗ СОХТМОН ТО ДАСТОВАРДҲОИ ОЛИМПИАДАВӢ 12:36ЗИЁДА АЗ 27 ҲАЗОР ҚОНУНВАЙРОНКУНИҲО ОШКОР КАРДА ШУД 12:30ТАТБИҚИ ЛОИҲАИ “ШАҲРИ БЕХАТАР” ДАР БОХТАР 16:57Дар ноҳияи Абдураҳмони Ҷомӣ 226 иншооти ҷашнӣ мавриди истифода қарор гирифт 13:45ҶАЙҲУН ДАР МАСИРИ РУШДИ УСТУВОР ВА СОЗАНДАГӢ 14:33ТАРБИЯРО АЗ КАДОМ СИННУ СОЛ БОЯД ОҒОЗ КАРД? 14:30БОНУИ МАТИНИРОДА 13:39
Серхонандаҳо
РАИСИ ВИЛОЯТИ ХАТЛОН БО РАИСИ ШӮРОИ ДИРЕКТОРОНИ ШИРКАТИ SHAANXI APPLE GROUP CO., LTD. МАСЪАЛАҲОИ РУШДИ ҲАМКОРИҲОИ САРМОЯГУЗОРӢ ВА БОҒДОРИРО БАРРАСӢ КАРДАНД
ҶАЙҲУН ДАР МАСИРИ РУШДИ УСТУВОР ВА СОЗАНДАГӢ
БОХТАР. ТАРАБХОНАИ “KFC” БА ФАЪОЛИЯТ ОҒОЗ НАМУД
Дар ноҳияи Абдураҳмони Ҷомӣ 226 иншооти ҷашнӣ мавриди истифода қарор гирифт
БОХТАР. БОЗСОЗИИ МАҶМААИ “ВАҲДАТ” ОҒОЗ ШУД
РОҲИ АВТОМОБИЛГАРДИ ЁВОН-ВАҲДАТ-НОРАК БОЗСОЗӢ КАРДА МЕШАВАД
ТАТБИҚИ ЛОИҲАИ “ШАҲРИ БЕХАТАР” ДАР БОХТАР
Тоҷикистон – Ватанам
ХОҲАРОНИ КИТОБХОН
АВФ – БАХШОИШЕ, КИ САРНАВИШТҲОРО ДИГАР МЕКУНАД



