Маҷаллаи Сафо
Чеҳра
Маслиҳати муфид
Номаҳо
Ман фарзанди содиқи Ватан ҳастам!
Дар фазои сулҳу оромӣ ва хотири осуда умр ба сар бурдан лаззате дорад. Ин осудагӣ ва пешравии мо бевосита ба хизмати садоқатмандонаи фарзандони Ватан вобаста аст. Ҳар яки мо бояд дарк кунем, ки сулҳу суботи кишвар бо ҳимояи сарҳад, муҳофизати марзу буми муқаддаси мо ва садоқати ҷавонмардони далеру ғаюр таъмин мегардад.
Мутаассифона, имрӯзҳо мо дар гӯшаҳои гуногуни ҷаҳон шоҳиди нооромиву ҷангҳои шадид мегардем. Давлатҳое ҳастанд, ки мардумонашон дар зери таркишҳо ва оташи низоъҳо умр ба сар мебаранд. Кӯдакон бе падар мемонанд, модарон ашк мерезанд ва ҷавонон наметавонанд орзуҳои худро амалӣ созанд. Чунин ҳолатҳо моро водор месозанд, ки қадри амну осоиши кишвар бирасем ва барои ҳифзи ҳар ваҷаб хоки он камари ҳиммат бубандем.
Чуноне ки Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон гуфтаанд:
“Танҳо давлате метавонад озод ва соҳибихтиёр бошад, ки неруи қавии мудофиавӣ дошта бошад ва ҷавононаш барои ҳифзи Ватан ҳамеша омода бошанд“.
Ва ҷои дигар:
“Ватандорӣ бахти бузург аст, вале ба қадри Истиқлолият ва давлати соҳибихтиёр расида тавонистан аз он ҳам болотар. Зеро соҳибватан будан тақдири фарзандон, тақдири миллат, забон ва иқтисоду фарҳанги хешро дар даст доштан на ба ҳар халқу миллат ба осонӣ муяссар мегардад“.
Ҳар як ҷавони бо нангу номус бояд ин суханҳоро шиори зиндагии худ қарор диҳад. Ман бо чашмони худ дидам, ки хизмати ҳарбӣ чӣ гуна мактаби мардонагӣ ва далерист. Он ҷо мо на танҳо бо техникаи ҳарбӣ шинос мешавем, балки дарси садоқат, вафодорӣ ва ватандӯстиро аз худ менамоем.
Имрӯз, вақте ки мо бо ифтихор ба зиндагии худ нигоҳ мекунам, медонам, ки хизмат ба Ватан на танҳо як марҳилаи кӯтоҳи ҳаёт, балки як масъулияти муқаддас ва қарзи фарзандии мост. Мехоҳам ҳар як ҷавонмард дарк кунад, ки хизмати ҳарбӣ шарафи ҳар як ҷавонмард аст. Сулҳу оромӣ беҳтарин неъмати зиндагӣ мебошад ва онро бояд ҳифз кард.Мо бояд Ватани худро дӯст дорем ва омода бошем, ки дар лаҳзаи зарурӣ онро ҳимоя кунем!
Ҳамчунин даъват мекунам, ки ҳар як ҷавон хизмати Модар-Ватанро бо ифтихор ва эҳтиром адо намояд. Мо имрӯз муҳофизи Ватан бошем, то ки фардо модарони мо дар фазои тинҷу ором зиндагӣ кунанд!
Зинда бод Ватани азизи мо!
Маҳмадалӣ Маҳмадалиев
Добавить комментарий
Ахбор
БОЗДИДИ РАИСИ ВИЛОЯТИ ХАТЛОН АЗ РАФТИ СОХТМОНИ БИНОИ НАВИ ТАЪЛИМӢ ДАР ШАҲРИ ЛЕВАКАНТ 13:44МУЖДА: ШАҲРИ ЛЕВАКАНТ ДУРНАМОИ ҶАМЪОВАРИИ ҲОСИЛИ ПАХТАРО 100 ФОИЗ ИҶРО КАРД 13:40ҶАЙҲУН. ҲОСИЛИ САБЗӢ ФАРОВОН АСТ 12:16ШИНОСОИИ РАИСИ ВИЛОЯТ АЗ МАКОНИ БУНЁДИ НИШОНИ ДАВЛАТӢ ДАР НОҲИЯИ АБДУРАҲМОНИ ҶОМӢ 16:34ДАР НОҲИЯИ АБДУРАҲМОНИ ҶОМӢ БИНОИ ИЛОВАГИИ ТАЪЛИМӢ БАРОИ 200 ХОНАНДА БА ИСТИФОДА ДОДА ШУД 15:30БОЗДИД АЗ РАВАНДИ МУМФАРШКУНИИ РОҲИ МОШИНГАРДИ ДЕҲАИ КӮШОНОБОДИ НОҲИЯИ АБДУРАҲМОНИ ҶОМӢ 14:26ИШТИРОКИ РАИСИ ВИЛОЯТ ДАР МАЪРАКАИ ПАХТАЧИНӢ ВА СУҲБАТ БО РАИСОНИ ҶАМОАТҲО ДАР НОҲИЯИ АБДУРАҲМОНИ ҶОМӢ 12:21РАИСИ ВИЛОЯТ БО РАИСОНИ ШАҲРУ НОҲИЯҲО ҶАЛАСАИ КОРИИ МАҶОЗӢ БАРГУЗОР НАМУДАНД 12:11
Серхонандаҳо
ДАЪВАТИ ТИРАМОҲӢ БА САФҲОИ ҚУВВАҲОИ МУСАЛЛАҲ ДАР ВИЛОЯТИ ХАТЛОН ДАР РӮЗИ АВВАЛ 76 ФОИЗ ИҶРО ШУД
ДАВЛАТАЛӢ САИД БО САФИРИ БЕЛАРУС МАСЪАЛАҲОИ ГУСТАРИШИ ҲАМКОРИҲОИ ТИҶОРАТИЮ ИҚТИСОДӢ ВА КИШОВАРЗИРО БАРРАСӢ КАРДАНД
Дилрабои Ҳотамшо мураббии соли Тоҷикистон шуд
ФОРУМИ БАЙНАЛМИЛАЛИИ САРМОЯГУЗОРИИ «ХАТЛОН ИНВЕСТ – 2026» ДАР ШАҲРИ БОХТАР БАРГУЗОР МЕГАРДАД
ЭМОМАЛӢ РАҲМОН
ЁВОН. МУМФАРШКУНИИ 3 КИЛОМЕТР РОҲИ МАҲАЛЛӢ ОҒОЗ ГАРДИД
Гулҳои Гулсара
5 МАҲСУЛОТИ НОДИР БАРОИ САЛОМАТӢ
ЗАБОН- НЕЪМАТИ БЕБАҲОИ МИЛЛАТ
ПАНДИ МОДАР


