Маҷаллаи Сафо
Чеҳра
Маслиҳати муфид
Номаҳо
Хатлон 109 нафақагири аз 100 сола боло дорад
Аз 300 ҳазору 172 нафақагире, ки дар шаҳру ноҳияҳои вилояти Хатлон умр ба сар мебаранд, 92 нафари онҳо занони аз 100 то 120 сола мебошанд.
Дар ин бора сардори Раёсати Агентии суғуртаи иҷтимоӣ ва нафақаи назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар вилояти Хатлон Қобилҷон Файзализода ба расонаҳо хабар додааст.
Ба иттилои ӯ нафароне, ки аз 100 сола боло ҳастанд, нафақаи синнусолӣ мегиранд ва андозаи моҳонаи нафақаи онҳо аз 300 то 1700 сомонӣ мебошад.
Феълан куҳансолтарин нафақагири вилояти Хатлон сокини ноҳияи Ховалинг Басимо Тураева ба ҳисоб меравад, ки 121 сол умр дорад.
Қобилҷон Файзализода иттилоъ додааст, ки дар арафаи ҳар иду айём ин модарони табарркур аз ҷониби мақомотҳои маҳаллӣ ва кормандони ниҳоди онҳо аёдат карда шуда, ба онҳо туҳфаҳои молию пулӣ тақдим карда мешаванд.
Дар баробари занон дар вилояти Хатлон 17 нафар нафақагири аз 100 сола болои мард низ ба қайд гирифта шудааст, ки аз 100 то 106 сол умр доранд.
С. СУЛТОНОВ
(Дар акс Ӯғлой Саидуллоева, сокини 104 солаи шаҳри Бохтар)
Добавить комментарий
Ахбор
ЁВОН. МУМФАРШКУНИИ 3 КИЛОМЕТР РОҲИ МАҲАЛЛӢ ОҒОЗ ГАРДИД 15:48АҲЛИДДИН ШАРИФЗОДА: ХИЗМАТ БА МАРДУМ — РИСОЛАТИ МУҚАДДАС 15:20ДАР ХАТЛОН ИҶРОИ НАҚШАИ ДАЪВАТИ ТИРАМОҲӢ, ДУРНАМОИ ПАХТА ВА ОМОДАГӢ БА ЗИМИСТОН БАРРАСӢ ГАРДИД 15:16ЗАБОН- НЕЪМАТИ БЕБАҲОИ МИЛЛАТ 13:19Тоҷикистон аз нигоҳи 35 шаҳрванди хориҷӣ 13:14Тоҷикистон аз нигоҳи 35 шаҳрванди хориҷӣ 13:11ВАТАН ДАР ҶОН 13:07РӮЗИ ЗАБОН МУБОРАК БОД! 13:03
Серхонандаҳо
ДАЪВАТИ ТИРАМОҲӢ БА САФҲОИ ҚУВВАҲОИ МУСАЛЛАҲ ДАР ВИЛОЯТИ ХАТЛОН ДАР РӮЗИ АВВАЛ 76 ФОИЗ ИҶРО ШУД
ОЗМУНИ “РӮДАКИХОНӢ” БАРГУЗОР ГАРДИД
Қасри фарҳанги ноҳияи Ҷайҳун пурра таъмиру навсозӣ гардид
Хатлон. Дастоварди варзишгарон шоёни таҳсин аст
Дар Бохтар нақшаи ҷамъоварии ҳосили пахта иҷро шуд
“Хушдомани беҳтарин” муайян гардид
Дилрабои Ҳотамшо мураббии соли Тоҷикистон шуд
ТАҚДИМИ ТАҶҲИЗОТИ НАВ БАРОИ САНҶИШИ СИФАТИ ОБИ НӮШОКӢ
ХАТЛОН. 271 ИНШООТИ СОҲАИ МАОРИФ СОХТА МЕШАВАД
СУРУДИ МИЛЛӢ КАЙ САДО ДОД?



