Маҷаллаи Сафо
Маслиҳати муфид
Номаҳо
07 мар 12:26АСОСӢ / Ахбор / Ҳуқуқ ва амният / Рушди деҳот, сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ / Ҷамъият / Фарҳанг / Иҷтимоъ
Тақдими 100 000 сомонӣ ба ғолибон
Озмуни “Беҳтарин акси модар ва духтар бо либоси миллӣ” ҷамъбаст гардид.
Дар доираи тантанаҳои бошукуҳи идона бахшида ба “Рӯзи Модар” дар Раёсати Вазорати корҳои дохилӣ дар вилояти Хатлон чорабинии тантанавӣ баргузор гардид. Чорабинии мазкур бо мақсади қадршиносӣ ва гиромидошти хизматҳои шабонарӯзии кормандзанони милитсия, рисолати бузурги зан – модари тоҷик дар таъмини тартиботи ҳуқуқӣ ва амнияти ҷамъиятӣ роҳандозӣ гардид.
Чорабиниро сардори Раёсати ВКД дар вилояти Хатлон генерал – лейтенанти милитсия Назарзода Шариф Раҳмон бо сухани табрикӣ ифтитоҳ намуда, зикр кард, ки дар давраҳои гуногун занону модарони тоҷик дар рушди давлатдории миллӣ, тарбияи фарзандони шуҷоъ, ба воя расонидани қаҳрамонони миллат, тарғиби фарҳанг ва суннатҳои миллӣ, таълифи шеъру достон ва асарҳои ватанпарварона, таъмини озодиву Истиқлолият ва оромиву суботи сарзамини аҷдодӣ саҳми арзишманд гузоштаанд.

Номбурда қайд намуд, ки бо талошу кӯшишҳои пайвастаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва қабули барномаву стратегияҳои давлатӣ мақому мартабаи зани тоҷик дар ҷомеа рўз аз рўз баланд гардида истодааст, ки ин нишони таваҷҷўҳ ва эътибори ҷиддӣ додан ба кору фаъолияти занон дар тамоми соҳаҳо мебошад.Дар ин рӯз дар асоси фармонҳои роҳбарияти Вазорати корҳои дохилӣ ва Раёсати он дар вилояти Хатлон як қатор кормандон-занони мақомоти корҳои дохилӣ, ки дар фаъолияти хизматӣ ва тартиботи ҷамъиятӣ саҳми бориз гузоштаанд, бо нишони сарисинагӣ, медалу сипоснома ва туҳфаҳои хотиравии арзишнок дар вазъияти тантанавӣ қадрдонӣ гардидаанд.
Дар қисмати дигари чорабинӣ маросими ҷоизасупорӣ ба ғолибони озмуни "Беҳтарин акси модар ва духтар бо либоси миллӣ", ки баргузории он қаблан бо ташаббуси Раёсати ВКД дар вилояти Хатлон роҳандозӣ гардида буд, баргузор гардид. Як нафар ғолиби ҷойи аввал бо диплом, 10 ҳазор сомонӣ ва як телевизор, 2 нафар ғолиби ҷойи дуюм ҳар кадоме бо диплом, 5000 сомонӣ ва як телевизор ва 3 нафар ғолибони ҷойи сеюм ҳар кадоме бо диплом, 3000 сомонӣ ва як телевизор қадрдонӣ гардиданд.
Ҳамчунин дар ин озмун аксҳои ирсолнамудани 8 нафари дигар ҳар кадоме бо Сипоснома, 2000 сомонӣ ва як телевизор қардонӣ гардиданд.
Сармояи низомномавии озмуни "Беҳтарин акси модар ва духтар бо либоси миллӣ" 100 000 сомониро ташкил дода, ҳадафи аслии он тарғиби либоси миллӣ, арҷгузорӣ ба фарҳангу арзишҳои миллӣ ва ба ин васила пешгирии бегонапарастӣ мебошад.
С. СУЛТОНОВ
Добавить комментарий
Ахбор
БЕШ АЗ 432 МИЛЛИОН СОМОНӢ РУХСАТПУЛИИ ОМӮЗГОРОН ПАРДОХТ ШУДААСТ 17:40ПЕШРАФТ ДАР СОҲАИ МАОРИФИ ХАТЛОН: АЗ СОХТМОН ТО ДАСТОВАРДҲОИ ОЛИМПИАДАВӢ 12:36ЗИЁДА АЗ 27 ҲАЗОР ҚОНУНВАЙРОНКУНИҲО ОШКОР КАРДА ШУД 12:30ТАТБИҚИ ЛОИҲАИ “ШАҲРИ БЕХАТАР” ДАР БОХТАР 16:57Дар ноҳияи Абдураҳмони Ҷомӣ 226 иншооти ҷашнӣ мавриди истифода қарор гирифт 13:45ҶАЙҲУН ДАР МАСИРИ РУШДИ УСТУВОР ВА СОЗАНДАГӢ 14:33ТАРБИЯРО АЗ КАДОМ СИННУ СОЛ БОЯД ОҒОЗ КАРД? 14:30БОНУИ МАТИНИРОДА 13:39
Серхонандаҳо
РАИСИ ВИЛОЯТИ ХАТЛОН БО РАИСИ ШӮРОИ ДИРЕКТОРОНИ ШИРКАТИ SHAANXI APPLE GROUP CO., LTD. МАСЪАЛАҲОИ РУШДИ ҲАМКОРИҲОИ САРМОЯГУЗОРӢ ВА БОҒДОРИРО БАРРАСӢ КАРДАНД
ҶАЙҲУН ДАР МАСИРИ РУШДИ УСТУВОР ВА СОЗАНДАГӢ
БОХТАР. ТАРАБХОНАИ “KFC” БА ФАЪОЛИЯТ ОҒОЗ НАМУД
Дар ноҳияи Абдураҳмони Ҷомӣ 226 иншооти ҷашнӣ мавриди истифода қарор гирифт
БОХТАР. БОЗСОЗИИ МАҶМААИ “ВАҲДАТ” ОҒОЗ ШУД
РОҲИ АВТОМОБИЛГАРДИ ЁВОН-ВАҲДАТ-НОРАК БОЗСОЗӢ КАРДА МЕШАВАД
ТАТБИҚИ ЛОИҲАИ “ШАҲРИ БЕХАТАР” ДАР БОХТАР
Тоҷикистон – Ватанам
ХОҲАРОНИ КИТОБХОН
АВФ – БАХШОИШЕ, КИ САРНАВИШТҲОРО ДИГАР МЕКУНАД