Маҷаллаи Сафо
Чеҳра
Маслиҳати муфид
Номаҳо
Наздики 20 километр заҳбуру заҳкашҳо тоза карда шуд
Давоми соли равон дар ноҳияи Абдураҳмони Ҷомӣ наздики 20 километр заҳбуру заҳкашҳо тоза карда шуда, кор дар ин самт бо маром идома дорад.
Тавре зимни суҳбат муовини сардори Раёсати беҳдошти замин ва обёрии ноҳияи мазкур Раҷабалӣ Муродов иброз кард, соли ҷорӣ нақшаи тоза кардани заҳбуру заҳкашҳои ҳудуди ноҳия 46 километр буда, то инҷониб наздики 20 километри он тоза карда шудааст.
Зикр шуд, ки бо истифода аз 3 техникаи махсус заҳбуру заҳкашҳо тоза гардида, масъулин азм доранд то ба охир расидани мавсим нақшаи бар зиммабудаашонро 100 фоиз иҷро намоянд.
-Дар умум дар ноҳияи Абдураҳмони Ҷомӣ 607 километр заҳбуру заҳкашҳо мавҷуд буда, аз ин миқдор 405 километраш ба идораи беҳдошти замин ва обёрии ноҳия тааллуқ дорад. Кормандони идораи мо азм доранд, ки нақшаи тоза кардани заҳбуру заҳкашҳоро барзиёд таъмин намуда, ҳолати мелиоративии заминҳои ҳудуди ноҳияро беҳтар намоянд, - гуфт Р. Муродов.
Ба иттилои масъулин, соли равон дар натиҷаи тоза кардани заҳбуру заҳкашҳо 147 гектар замин ба гардиши кишоварзӣ ворид гардида, кор дар ин самт идома дорад.
С. СУЛТОНОВ
Добавить комментарий
Ахбор
Гулҳои Гулсара 12:47ПАНДИ МОДАР 12:43Гавҳари зиндагӣ 12:39Як хиёбон дард 12:34ЁВОН. МУМФАРШКУНИИ 3 КИЛОМЕТР РОҲИ МАҲАЛЛӢ ОҒОЗ ГАРДИД 15:48АҲЛИДДИН ШАРИФЗОДА: ХИЗМАТ БА МАРДУМ — РИСОЛАТИ МУҚАДДАС 15:20ДАР ХАТЛОН ИҶРОИ НАҚШАИ ДАЪВАТИ ТИРАМОҲӢ, ДУРНАМОИ ПАХТА ВА ОМОДАГӢ БА ЗИМИСТОН БАРРАСӢ ГАРДИД 15:16ЗАБОН- НЕЪМАТИ БЕБАҲОИ МИЛЛАТ 13:19
Серхонандаҳо
ДАЪВАТИ ТИРАМОҲӢ БА САФҲОИ ҚУВВАҲОИ МУСАЛЛАҲ ДАР ВИЛОЯТИ ХАТЛОН ДАР РӮЗИ АВВАЛ 76 ФОИЗ ИҶРО ШУД
Дилрабои Ҳотамшо мураббии соли Тоҷикистон шуд
“Хушдомани беҳтарин” муайян гардид
ЁВОН. МУМФАРШКУНИИ 3 КИЛОМЕТР РОҲИ МАҲАЛЛӢ ОҒОЗ ГАРДИД
ЭМОМАЛӢ РАҲМОН
5 МАҲСУЛОТИ НОДИР БАРОИ САЛОМАТӢ
МАРДИ МЕҲНАТ
МАВЛОНО ВА ВАҲДАТИ БАШАРӢ
Гулҳои Гулсара
ЗАБОН- НЕЪМАТИ БЕБАҲОИ МИЛЛАТ



