ТАДБИРҲОИ ОБОДОНӢ ДАР ШАҲРИ БОХТАР
Дар доираи корҳои ободонию созандагӣ ба ифтихори ҷашни 35-солагии Истиқлоли давлатӣ имрӯз дар шаҳри Бохтар ба бунёди майдончаи варзишии футбол барои калонсолону наврасон ва маҷмааи тенис" оғоз бахшида шуда, якчанд майдончаи дигари варзишӣ барои тарбияи ҷисмонии аҳолӣ ба истифода дода шуд. Ҳамчунин дар ин рӯз бо иштироки роҳбарияти вилоят маъракаи оммавии ниҳолшинонӣ сурат гирифт.
Имрӯз дар доираи корҳои ободонию созандагӣ ба ифтихори ҷашни 35-солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар шаҳри Бохтар як қатор ташаббусҳои муҳими иҷтимоӣ ва варзишӣ амалӣ гардиданд. Ба бунёди майдончаи нави варзишии футбол барои калонсолону наврасон ва маҷмааи теннис оғоз бахшида шуд, ки бо мавриди истифода қарор гирифтани он имкониятҳои варзишӣ барои сокинон бештар хоҳад шуд.
Нахуст, раиси вилоят бо лоиҳаи сохтмони майдони варзишии футбол ва маҷмааи тенис дар кӯчаи ба номи Нурулло Ҳувайдуллоеви шаҳри Бохтар шинос шуда, ин иқдоми соҳибкори маҳаллиро дар тарғиби тарзи ҳаёти солим ва фароҳам овардани шароити созгор ба наврасону ҷавонон нек арзёбӣ намуд.
Тибқи иттилоъ майдонҳои футбол ва тенис дар масоҳати умумии беш аз 900 метри мураббаъ ва майдон барои бозиҳои кӯдакона дар ҳудуди 800 метри мураббаъ сохта шуда, то нимаи аввали соли оянда ба истифода дода хоҳад шуд.
Дар маҳаллаи Садриддин Айнӣ бошад, майдони васеъ барои бозии кӯдакону наврасон ва суҳбаткадаю макони фароғатӣ ба калонсолон бо иштироки раиси вилоят мавриди баҳрабардорӣ қарор дода шуд, ки аз чунин тадбирҳои ободонӣ сокинон хеле хушҳол гаштанд.
Фароҳам оварда шудани чунин шароити замонавӣ ба кӯдакону наврасон дар миёни хонаҳои баландошёнаи истиқоматӣ имкон медиҳад, ки хурдсолону калонсолони ин маҳал аз онҳо баҳра бардошта, рӯзгори хуш дошта бошанд.
Дар маҳаллаи Хатлон бо иштироки роҳбарияти вилоят ва шаҳр майдончаи варзишии футбол ва майдонча барои бозии кӯдакон ба истифода дода шуд, ки саҳми арзанда дар рушди тарзи ҳаёти солим ва таҳкими саломатии ҷомеа мегузоранд.
Тадбири мазкур ҳамчун нишонаи заҳмату талошҳои пайгиронаи роҳбарият ва сокинон дар омодагӣ ба ҷашни бузурги миллӣ, руҳияи ватандӯстии мардумро таҳким бахшида, ба рушди минбаъдаи шаҳр заминаи мусоид мегузоранд.
Дар ин рӯз ҳамчунин бо иштироки роҳбарияти вилояти Хатлон дар хиёбонҳои марказии шаҳр ва кӯчаю маҳаллаҳо маъракаи оммавии ниҳолшинонӣ баргузор гардид, ки дар он садҳо ниҳоли дарахтони ороишӣ ва ҳамешасабз шинонида шуд.
Дар ин тадбири муҳими экологӣ, ки аз ҷониби шуъбаи ҳифзи муҳити зисти шаҳри Бохтар роҳандозӣ гардид, доираи васеъи сокинон ва кормандони ташкилоту муассисаҳо ширкат варзида, саҳми худро дар сарсабзгардонии маркази маъмурии вилоят гузоштанд.
Ин иқдомҳо на танҳо ба беҳтар шудани симои экологӣ ва зебоии шаҳр мусоидат мекунанд, балки барои тақвияти маърифати экологӣ ва сафарбар намудани мардум ба ободонии муҳити зист низ нақши муҳим доранд.
Ҳамчунин тадбирҳои ободонию сарсабзгардонӣ дар МТМУ № 13-и шаҳри Бохтар идома дода шуда, дар саҳни ин муассисаи таълимӣ ниҳолони ҳамешасабзи ороишӣ шинонида шуд.
Баҳри беҳдошти омӯзгорону хонандагон ва аҳолии маҳаллаи Сарчашмаи шаҳри Бохтар аз ҷуқурии 50 метр оби тозаи ошомиданӣ бароварда шуд, ки он мушкилоти чандинсолаи норасоии оби тозаи ошомиданиро бартараф намуд.
Вусъати ин ҳама корҳои ободонию созандагӣ ва муҳайё намудани шароити созгор дар маҳаллаҳои аҳолинишини шаҳри Бохтар ба хотири зиндаи шоистаи мардум, ташаккули тарзи ҳаёти солим ва истироҳату фароғати онҳо мебошад.
Махкамов А