Маҷаллаи Сафо
Маслиҳати муфид
Номаҳо
ДАР НОҲИЯИ ПАНҶ ҲАМА СОҲАҲО БА ЗИМИСТОН ОМОДААНД
Дар ноҳияи Панҷ муассисаҳои соҳаи маориф, тандурустӣ, роҳдорию коммуналӣ ва дигар соҳаҳо ба давраи тирамоҳу зимистони соли ҷорӣ омода буда, барои бемамоният сипарӣ намудани фасли сармо аз ҳисоби буҷети ноҳия наздики 1 миллиону 700 ҳазор сомонӣ ҷудо гардидааст.
Сардори Раёсати Вазорати молияи Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ноҳияи Панҷ Сафарзода Абдулло ииттлоъ дод, ки барои омода кардани соҳаҳои мазкур аз ҳисоби буҷети ноҳия 1 миллиону 698 ҳазор сомонӣ ба нақша гирифта шуда буд, ки он пурра маблағгузорӣ карда шудааст. Аз ҷумла ба соҳаи маориф-420 ҳазор сомонӣ, тандурстӣ-128 ҳазор сомонӣ ва коммуналӣ-670 ҳазор сомонӣ маблағ ҷудо гардидааст, ки 100 фоизи нақшаи пешбинишударо дар бар мегирад.
Раҳмоналӣ Ҳакимзода, мудири шуъбаи маорифи ноҳияи мазкур зимни суҳбат иброз кард, ки барои зимстонгузаронӣ ба муассисаҳои соҳаи маорифи ноҳия 542 тонна ангишт, 680 метри кубӣ ҳезум, 800 литр сузишворӣ харидорӣ гардида, захира карда шудааст. Инчунин шишабандӣ дар муассисаҳо сад дарсад таъмин гашта, тарбиятгирандагону хонандагон дар синфхонаҳои гарм ба таълиму тарбия фаро гирифта шудаанд. Ӯ қайд кард, ки дар ноҳия 60 муассиса таълимӣ фаъолият дошта, дар онҳо бештар аз 30 ҳазор хонанда ба таълиму тарбия фаро гирифта шудааст ва ба онҳо зиёда аз 1946 омӯзгор таълим медиҳанд.
Ҳамзамон сардухтури Беморхонаи марказии ноҳияи Панҷ Муҳаммадӣ Самиев гуфт, ки барои бе мушкилӣ гузаронидани зимистон, дар беморхонаи марказӣ ва беморхонаҳои рақамӣ 10 тоннаву 500 килограмм ангишт, 28 метри кубӣ ҳезум ва 1698 литр сӯзишвории дизелӣ захира карда шудааст, ки таъмини пурраи нақшаро дар бар мегирад.
Сардори Муассисаи давалтии нигоҳдории роҳҳои автомобилгарди ноҳияи Панҷ Талбӣ Мирзоев низ афзуд, ки муассисаи онҳо пурра ба зимстон омода гашта, ҳоло дар анбори корхонаи онҳо 350 метри кубӣ маводи зидди лағжиш, 1 тонна ангишт, 3 куб ҳезум ва 2 ҳазор литр сузишворӣ захира карда шуда, 6 техникаи роҳдорӣ барои тоза кардани роҳҳо аз барф омода мебошанд.
Дар умум тадбирандешии саривақтии масъулини ниҳодҳои болозикри ноҳияи Панҷ гувоҳӣ аз он медиҳад, ки омодагии онҳо ба давраи тирамоҳу зимистони имсола дар сатҳи хуб буда, нақшаҳои бар зиммашон гузошта барзиёд иҷро шудаанд.
Сулаймон СУЛТОНОВ
Добавить комментарий
Ахбор
БЕШ АЗ 432 МИЛЛИОН СОМОНӢ РУХСАТПУЛИИ ОМӮЗГОРОН ПАРДОХТ ШУДААСТ 17:40ПЕШРАФТ ДАР СОҲАИ МАОРИФИ ХАТЛОН: АЗ СОХТМОН ТО ДАСТОВАРДҲОИ ОЛИМПИАДАВӢ 12:36ЗИЁДА АЗ 27 ҲАЗОР ҚОНУНВАЙРОНКУНИҲО ОШКОР КАРДА ШУД 12:30ТАТБИҚИ ЛОИҲАИ “ШАҲРИ БЕХАТАР” ДАР БОХТАР 16:57Дар ноҳияи Абдураҳмони Ҷомӣ 226 иншооти ҷашнӣ мавриди истифода қарор гирифт 13:45ҶАЙҲУН ДАР МАСИРИ РУШДИ УСТУВОР ВА СОЗАНДАГӢ 14:33ТАРБИЯРО АЗ КАДОМ СИННУ СОЛ БОЯД ОҒОЗ КАРД? 14:30БОНУИ МАТИНИРОДА 13:39
Серхонандаҳо



