Маҷаллаи Сафо
Чеҳра
Маслиҳати муфид
Номаҳо
ОҒОЗИ МАВСИМИ НАВИ НИҲОЛШИНОНӢ ДАР ХАТЛОН
Бо ибтикори раиси вилоят Давлаталӣ Саид, роҳбарияти Сарраёсати ҳифзи муҳити зист ва гурӯҳе аз мутахассисону фаъолон ба мавсими нави ниҳолшинонӣ дар вилояти Хатлон оғоз гардид.
Тадбири мазкур дар доираи сиёсати давлатии ҳифзи муҳити зист роҳандозӣ шуда, ҳадафи асосии он беҳтар кардани фазои экологӣ ва пешгирии таъсири манфии гармшавии глобалӣ мебошад.
Дар доираи ин иқдоми экологӣ дар талу теппаҳои ҷамоати деҳоти Ғаллаободи ноҳияи Хуросон, шафати шоҳроҳи Душанбе-Бохтар беш аз 1000 дона дарахтони ҳамешасабзу сояафкан шинонида шуданд.
Раиси вилояти Хатлон Давлаталӣ Саид зимни ин тадбири сабзгардонӣтаъкид кард, ки ниҳолшинонӣ бояд ба як анъанаи нек ва масъулияти шаҳрвандии ҳар як сокин табдил ёбад. Ӯ зикр намуд, ки нигоҳубини дурусти ниҳолҳо, обёрии саривақтӣ ва муҳофизати онҳо аз зараррасонҳо вазифаи муҳими на танҳо масъулини соҳа, балки ҳамаи истифодабарандагони муҳити зист мебошад.
Ба гуфтаи мутахассисон дарахтони ҳамешасабз дар коҳиш додани газҳои зараровар дар атмосфера ва аз чангу ва дигар омилҳои зараровар пок гардидани ҳавои хеле муҳим мебошад.
Шинондани ниҳолони ҳамешасабз инчунин дар пешгирии эрозияи хок ва фароҳам овардани муҳити солим барои ояндагон нақши муҳим мебозад.

Мутахассисони Сарраёсати ҳифзи муҳити зист таъкид мекунанд, ки нигоҳубини мунтазам, аз ҷумла обёрӣ, нурирасонӣ ва муҳофизат аз зараррасонҳо, барои рушди пурраи ниҳолҳо зарур аст. Ба ин мақсад, гуруҳҳои махсуси хизматрасон ташкил карда шудаанд, ки раванди рушди дарахтонро назорат мекунанд.
Ин маъракаи ниҳолшинонӣ на танҳо барои ҳифзи муҳити зист, балки барои ҷалби таваҷҷуҳи сокинон ба масъалаҳои экологӣ низ муҳим аст. Аз кӯдакон то калонсолон, ҳама метавонанд бо саҳмгузорӣ дар шинондани дарахтон ва нигоҳубини онҳо дар эҷоди муҳити сабз ва зебо саҳм гиранд, - зикр намуд раиси вилоят Давлаталӣ Саид.
Дар мамлакат, бахусус вилояти Хатлон, маъракаи ниҳолшинонӣ ҳамасола ба як маъракаи муҳими сарсабзу хуррамгардонӣ табдил ёфта, барои сарсабзу хуррам гардонидани муҳити зист ва таллу теппаҳо тадбирҳои амалӣ андешида мешавад.
Қобили зикр аст, ки бо супориши раиси вилояти Хатлон дар тамоми шаҳру ноҳияҳо корҳои бунёдкорию созандагӣ, нишолшинонӣ ва кабудизоркунӣ вусъат бахшида, барои ободу зебо гардонидани ҳар як деҳа, маҳалла, ҷамоатҳои шаҳраку деҳот тадбирҳои самарабахш андешида шуда истодааст.
Чунин тадбирҳои сабзгардонӣ аз ҷониби Сарраёсати ҳифзи муҳити зист дар вилояти Хатлон, шуъбаю бахшҳои он дар шаҳру навоҳии вилоят, аз ҷониби ташкилоту муассисаҳо ва фаъолону табиатдӯстон бо вусъат идома хоҳад ёфт.
Махкамов А
Добавить комментарий
Ахбор
Гулҳои Гулсара 12:47ПАНДИ МОДАР 12:43Гавҳари зиндагӣ 12:39Як хиёбон дард 12:34ЁВОН. МУМФАРШКУНИИ 3 КИЛОМЕТР РОҲИ МАҲАЛЛӢ ОҒОЗ ГАРДИД 15:48АҲЛИДДИН ШАРИФЗОДА: ХИЗМАТ БА МАРДУМ — РИСОЛАТИ МУҚАДДАС 15:20ДАР ХАТЛОН ИҶРОИ НАҚШАИ ДАЪВАТИ ТИРАМОҲӢ, ДУРНАМОИ ПАХТА ВА ОМОДАГӢ БА ЗИМИСТОН БАРРАСӢ ГАРДИД 15:16ЗАБОН- НЕЪМАТИ БЕБАҲОИ МИЛЛАТ 13:19
Серхонандаҳо
ДАЪВАТИ ТИРАМОҲӢ БА САФҲОИ ҚУВВАҲОИ МУСАЛЛАҲ ДАР ВИЛОЯТИ ХАТЛОН ДАР РӮЗИ АВВАЛ 76 ФОИЗ ИҶРО ШУД
Дилрабои Ҳотамшо мураббии соли Тоҷикистон шуд
“Хушдомани беҳтарин” муайян гардид
ЁВОН. МУМФАРШКУНИИ 3 КИЛОМЕТР РОҲИ МАҲАЛЛӢ ОҒОЗ ГАРДИД
ЭМОМАЛӢ РАҲМОН
5 МАҲСУЛОТИ НОДИР БАРОИ САЛОМАТӢ
МАРДИ МЕҲНАТ
МАВЛОНО ВА ВАҲДАТИ БАШАРӢ
Гулҳои Гулсара
ЗАБОН- НЕЪМАТИ БЕБАҲОИ МИЛЛАТ



